23:09:19 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТОҶИКИСТОН. 232 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ЗИЁН АЗ БАРҚЕ, КИ ФУРӮХТА НАШУД

Тоҷикистон аз 250 миллион долларе, ки имкон дошт имсол аз фурӯши барқи иловагӣ ба даст орад, ҳамагӣ 18 миллионашро дастрас кардааст. Тибқи иттилои Оҷонсии омори кишвар, аз фурӯши нерӯи барқ ба хориҷ, Тоҷикистон тайи моҳҳои январ – октябр 18 миллион доллар ба даст овардааст. Ин дар муқоиса бо имкону иқтидорҳое, ки Тоҷикистон дар фасли тобистон дорад, даҳҳо баробар камтар арзёбӣ мешавад.

/images/stories/2012/11/19_barkitojik-19112012.jpgМасъулини «Барқи тоҷик» мегӯянд, ба далели набудани роҳи интиқоли барқ ба хориҷи кишвар, об аз обанборҳои Тоҷикистон бе тавлиди барқ раҳо гардид. Ба ҳисоби масъулини соҳа, бо оби раҳошуда Тоҷикистон имкон дошт, 6.8 миллиард килловатт соат нерӯи барқ тавлид намуда, аз фурӯши он ҳудуди 240 миллион доллар ба даст оварад.

Масъулини энергетикаи Тоҷикистон мегӯянд дар ҳоли ҳозир ягона харидори барқи тоҷик, Афғонистон боқӣ мондааст, чун ба харидорони дигар бинобар хориҷ шудани Узбакистон аз низоми ягонаи энергетикии Осиёи Миёна, дастрасӣ маҳдуд шудааст.

Тобистони имсол Тоҷикистон ҳудуди 450 миллион киловат-соат энергияи барқро бо нархи 3.57 сент барои як киловатт, ба Афғонистон интиқол дод. Масъулини энергетикаи кишвар мегӯянд, имкони интиқоли ҳаҷми бештари барқ дар фасли гармо ба Афғонистонистон вуҷуд дошт, аммо инфрасохтори энержии ин кишвар барои қабули барқ дар ҳаҷми зиёд омода набуд.

Ин ҳолат дар Тоҷикистон соли саввум аст, ки сурат мегирад. Ҳаҷми зиёни Тоҷикистон тайи се соли охир ҳудуди ним миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин баробари 25 фоизи будҷаи солонаи кишвар ё пули сохтмони марҳилаи аввали нерӯгоҳи «Роғун» мебошад.

Аммо дар фасли сармо Тоҷикистон аз ду даҳсола ба ин тараф ба камбуди шадиди барқ рӯ ба рӯ мегардад. Имсол масъулини энергетикаи кишвар сар аз 7-уми октябр барои навоҳӣ маҳдудияти барқ ҷорӣ кардаанд. Соли гузашта дар кишвар аз 11-уми октябр ва соли 2010-ум аз 1-уми ноябр маҳдудият ҷорӣ шуда буд.

Дар ҳамин ширкати «Барқи тоҷик» таъкид мекунад, ки айни ҳол содироти барқ ба хориҷа қатъ гардида, танҳо миқдори ночиз, тавассути хати Сангтӯда – Пули Хумрӣ интиқол меёбад, ки бо мақсади таъмини амният ва пешгирии дуздии ноқилу симчӯбҳо амалӣ мегардад.

«Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi