12:22:25 03-уми Июни 2025 сол

ИСЛОҲИ ҚОНУН ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛӢ

 

 

Бонки Миллии Тоҷикистон аз ин ба баъд муваззаф нест, ки баҳои сомонӣ, пули миллии ин кишварро дар баробари арзҳои дигари хориҷӣ танзим кунад. Ин тасмим баъд аз ислоҳи қонуни Тоҷикистон дар бораи Бонки Миллӣ дар ин кишвар, ки рӯзи чаҳоршанбеи 27 май дар ҷаласаи порлумон сурат гирифт, имконпазир хоҳад шуд. Ҳамакнун ин ислоҳот бояд дар Маҷлиси Миллӣ тасвиб шавад ва сипас раиси ҷумҳурии Тоҷикистон онро имзо хоҳад кард. 

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, зимни муъаррифии ислоҳоти ин қонун гуфт, ки ин амр ба манзури муассир сохтани фаъолияти ин ниҳоди молӣ ва бо тақозои созмонҳои молии байналмилалӣ сурат гирифтааст. 

Дар сурати таъйиди ин ислоҳот, ба гуфтаи оқои Раҳимзода, Бонки Миллӣ дигар ба танзими баҳои пули миллӣ дар ин кишвар муваззаф намешавад. Вазифаи аслии ин ниҳод аз танзими низоми бонкӣ, муъомилоти пулӣ ва қиматҳо дар Тоҷикистон иборат хоҳад буд. 

Дар посух ба ин суол, ки оё аз ин ба баъд баҳои арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон озод хоҳад шуд ва ҳеҷ ниҳоде барои танзими он муваззаф аст ё хайр, оқои Раҳимзода гуфт, ки Бонки Миллӣ аз тариқи танзими қиматҳо дар бозорҳои кишвар метавонад ба баҳои арзҳои хориҷӣ низ таъсир гузорад. 

Вай афзуд, ки Бонки Миллӣ меконисмҳое дар ихтиёр дорад, ки метавонад бо истифода аз онҳо ва аз тариқи коҳиши қиматҳо дар бозорҳо ба пойин ё боло рафтани баҳои пули миллӣ низ асар гузорад. 

Тибқи ислоҳи дигаре дар ин қонун, ба ҳайъати мудираи Бонки Миллӣ чанд тан аз намояндагони ҷомеъаи маданӣ, аз ҷумла собиқадорони арсаи бонкдорӣ ва пажӯҳишгарони иқтисод шомил хоҳанд шуд, ки ба гуфтаи оқои Раҳимзода, ин амр шароитро барои таъмини шаффофияти кори ин ниҳод таъмин мекунад. 

Вале ба гуфтаи раиси Бонки Миллӣ, намояндагони ҷомеъаи маданиро барои узвият дар ҳайъати мудира масъулони Бонки Миллӣ интихоб мекунанд.

Шариф Раҳимзода хабар дод, ки бар асоси ин ислоҳот ҳамчунин тадобире барои ҷилавгирӣ аз суъиистифода аз мақоми хидматӣ ё узвият дар ҳайъати мудираи Бонки Миллӣ зимни тасмимгирии ин бонк рӯйи даст гирифта мешаванд. Аз ҷумла, агар тасмими Бонки Миллӣ бо фаъолияти ин ё он бонке иртибот дошта бошад, пас намояндаҳои ин муассисоти молӣ, ҳарчанд узви ҳайъати мудира бошанд, вале дар тасмимгирии Бонки Миллӣ дар бораи бонки худашон ширкат нахоҳанд кард.

Ҳамчунин, тибқи ин ислоҳот, аз ин ба баъд раиси Бонки Миллӣ барои ҳафт сол ва муъовинони вай барои панҷ сол интисоб мешаванд. Бо ин вуҷуд, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ин афродро барои чанд давра таъйин ва ё барканор кунад. 

Аз нуқоти дигари қобили таваҷҷуҳи ин ислоҳот муфодди марбут ба фаъолиятҳои худи Бонки Миллӣ аст. Бар асоси ин тағйирот, қарор аст аз ин ба баъд Бонки Миллӣ бо ширкатҳои хусусӣ ҳамкорӣ накунад. 

Яъне, Бонки Миллӣ дигар барои ширкатҳои хусусие, ки аз кишварҳои хориҷӣ эътибор дарёфт мекунанд, кафолат ё замонат нахоҳад дод. Гузашта аз ин, ҳангоме ки чунин замонатҳо ба маблағи зиёд барои бонкҳои дохилӣ дода мешаванд, Бонки Миллӣ муваззаф аст, ки давлатро аз ин амр огоҳ созад. 

Аз сӯйи дигар, аз ин ба баъд Бонки Миллӣ муваззаф аст судеро, ки аз фаъолиятҳои худ ба даст овардааст, ба буҷети кишвар бипардозад. Дар гузашта, Бонки Миллӣ ҳаққ дошт қисме аз ин маболиғро дар ихтиёри худ гузорад. Ҳамакнун, дар сурати дидани хисорот низ, давлати Тоҷикистон муваззаф мешавад, ки ин маблағро барои Бонки Миллӣ ҷуброн кунад. 

Шариф Раҳимзода ҳамчунин гуфт, ки бар асоси ин ислоҳот, соли молӣ дар Бонки Миллӣ ба гунаи сойири муассисот аз ин ба баъд аз 1 январ то 31 декабр муқаррар мешавад. То ҳол, ба гунаи кишварҳои ғарбӣ, соли молӣ дар Бонки Миллии Тоҷикистон аз 1 апрел то 31 март муқаррар шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Гулчеҳра Бозорова, раиси Кумитаи иқтисод, буҷет, молия ва андози Маҷлиси Намояндагон, изҳори умедворӣ кард, ки ислоҳоти феълии қонун дар бораи Бонки Миллӣ ба тақвияти низоми бонкӣ дар Тоҷикистон мусоъидат кунад. Вай афзуд, ки дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе аъзои порлумон 70 моддаи ин қонунро ислоҳ кардаанд ва ҳоло интизор меравад, ки қонуни Тоҷикистон дар бораи фаъолиятҳои бонкӣ низ мавриди таҷдиди назар воқеъ шавад. 

Зимнан, тасмими бознигарӣ дар қонунҳои марбут ба Бонки Миллӣ дар Тоҷикистон дар пайи бозрасии фаъолияти ин ниҳод аз сӯйи гурӯҳе аз бозрасони байналмилалӣ гирифта шудааст.

Бозрасии фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон дар пайи ироаи иттилоъоти носаҳеҳ аз сӯйи ин ниҳод ба Сандуқи Байналмилалии Пул сурат гирифт. Он замон СБП аз Бонки Миллии Тоҷикистон бозпардохти бархе аз бидеҳиҳои худро тақозо карда буд.

Зимнан, аз мулоҳизоти гурӯҳи бозрасони байналмилалӣ чунин бармеояд, ки Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки Миллӣ, ки ҳоло муъовинати нахуствазири Тоҷикистонро ба уҳда дорад, дар фаъолиятҳои "маҳрамона ва машкуки" ин бонк нақши калидӣ доштааст.

 

www.bbc.co.uk/tajik

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854