01:51:40 09-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ОМОДАГИҲО БАРОИ ҚАБУЛИ «РАВЗАНАИ ЯГОНА» ДАР ТОҶИКИСТОН

Низоми «Равзанаи ягона» то ҳол дар аксари  кишварҳо, аз қабили Ҷопон, Сингапур, Малайзия, Корея ва Тайланд муваффақ амал кардааст ва дар Тоҷикистон ҳам метавонад ба хубӣ роҳандозӣ гардад.

/images/stories/2013/01/04_press-konferentsii-2013.jpgИн нуктаро Сангвон Лим, намояндаи комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамолики Осиё ва ҳавзаи  уқёнуси Ороми СММ зимни як нишасте, ки ҷиҳати татбиқи «Равзанаи ягона» дар Тоҷикистон баргузор гардид, иброз дошт. Номбурда мегӯяд, роҳандозии чунин низом дар Тоҷикистон ҳам ба манфиати соҳибкорон ва ҳам ба манфиати давлат буда, ҳоло Тоҷикистон дар татбиқи «Равзанаи ягона» дар оғози марҳила қарор дорад.

Ҳарчанд иддае аз ҳозирон дар нишасти мазкур аз мавҷуд будани фасод дар Тоҷикистон ва ҳамчунин набуди сиёсати ҷиддӣ дар ин самт ба унвони омилҳое ёд карданд, ки метавонад иҷрои «Равзанаи ягона» - ро дар кишвар бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ гардонад, вале Сангвон Лим таъкид намуд, ки муҳим иҷрои ин система мебошад ва дар сурати роҳандозӣ метавонад худ раванди корҳоро суръат бахшида, боиси кохиши фасод дар Тоҷикистон гардад:

«Зеро дар ин ҷо бештар оғози амалишавии «Равзанаи ягона» дар Тоҷикистон муҳим аст, на чизи дигар. Чун яқинан, иҷрои ин система ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро осон мегардонад».

Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба сомонаи «Рӯзгор» иброз намуданд, ки ба амалигардонии системаи «Равзанаи ягона» дар ҷумҳурӣ умед доранд, зеро ин система иқтисодиёти Тоҷикистонро тараққӣ хоҳад дод.

Тибқи иттилои вазорати мазкур Иттиҳоди Аврупо  соли 2013 дар ин самт ба маблағи 10 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Кох Таф Тсен Чонотон, раҳбари сохтори равзанаи ягонаи Сингапур бо ишора ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта, ки «Равзанаи ягона»-ро чорӣ намудаанд, мегӯяд, Тоҷикистон низ бо анҷоми ислоҳоте, аз ҷумла кам кардани тарифаҳо метавонад дар амалигардонии бо муваффақияти ин тарҳ, ба натиҷаи дилхоҳ бирасад.

Номбуда илова кард, ки аз иҷрои ин система Тоҷикистон набояд ҳарос дошта бошад, чун хеле аз кившарҳо ин низомро солҳост, ки доранд ва иҷро мекунанд, ки натиҷаи хубе ҳам додааст.

Бояд зикр намуд, қариб 1 сол мешавад, ки Тоҷикистон комиссияеро ба хотири омодагӣ дар иҷрои системаи «Равзанаи ягона» дар кишвар бо раҳбарии Борис Филиппов, намояндаи Иттиҳоди аврупо дар Тоҷикистон ташкил карда, ба гуфтаи худи Борис Филипов дар сурати истифодаи тамоми имкониятҳо ин система то моҳи октябри соли 2013 роҳандозӣ хоҳад шуд.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi