БОНКИ ҶАҲОНӢ АНДОЗРО ДАР ТОҶИКИСТОН "ГАРОН" ХОНД
Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадиди худ Тоҷикистонро ба даҳгонаи кишварҳое ворид кардааст, ки андози гаронтарин доранд. Бонки ҷаҳонӣ якҷоя бо ширкати аудитории Pricewaterhouse Coopers ҳаҷми андозситонӣ аз соҳибкорони хурду миёнаро дар 185 кишвари ҷаҳон таҳлил карда, Тоҷикистонро ба даҳгонаи кишварҳои андозашон вазнинтарин ворид кардааст.
Таҳлилгарони Бонк 185 кишвари ҷаҳонро аз рӯи сабукӣ ва соддагии низоми андозситониашон раддабандӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи 175-ум қарор додаанд. Дар ин гузориш, ки бо унвони «Ҷамъоварии андозҳо дар соли 2013» нашр гардидааст, меъёри умумии андозҳо дар Тоҷикистон 84.5 дарсад нишон дода шудааст, ки нисбати Узбакистон сабуктар буда, аз кишварҳои дигари минтақа бештар мебошад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон сар аз 1-уми январи соли равон Кодекси нав мавриди амал қарор гирифтааст, ки ба гуфтаи мақомот дар он намудҳои андоз аз 21 то ба 10 адад кам гардида, ҳуҷҷатгузориҳо зимни пардохти андозҳо 40 дарсад коҳиш ёфтаанд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири Шӯрои миллии рушд ин талошҳоро нокифоя хонда, андозҳоро барои соҳибкорон дар кишвар ҳамоно гарон ва мураккаб унвон намуд. Ӯ охири соли гузашта дастур дод, ки талошҳо барои осону содда кардани андозбандӣ дар кишвар бештар шаванд.
Дар ҳамин ҳол тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ сатҳи аз ҳама пасти андоз дар минтақа дар Қазоқистон ҷорӣ шудааст, ки 28.6 дарсадро ташкил медиҳад. Дар раддабандии ҷаҳонӣ Қазоқистон дар зинаи 17-ум меистад.
Андозҳои аз ҳама гарони минтақа дар Узбакистон сабт гардидаанд. Меъёри умумии андозҳо дар Узбакистон 98.5 дарсадро ташкил дода, ин кишвар дар зинаи 181-ум ҷой гирифтааст. Қирғизистон аз рӯи сабукии андоз миёни 185 кишвари дунё ҷои 169-умро соҳиб шудааст.
Таҳлилгарон мегӯянд сабукию соддагии андозбандӣ, яке аз омилҳои асосии ҷалби сармоягузорӣ ба ҳар кишвар буда, сармоягузорони калон зимни маблағгузорӣ ба ин ё он кишвар нишондоди гузоришҳои созмонҳои бонуфуз, амсоли Бонки ҷаҳониро ба назар мегиранд. Бинобар ин талоши бештари Тоҷикистон барои беҳбуди мавқеаш дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ зарур арзёбӣ мегардад.
Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ вазъи беҳтарини андозбандӣ дар кишварҳои Қатар, Ҳонг Конг, Сингапур, Ирландия, Арабистони Саудӣ ва Зенландияи Нав ба қайд гирифта шудааст.
«Озодӣ»