ҲОСИЛИ БЕСОБИҚАИ ГАНДУМ ДАР ТОҶИКИСТОН
Мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон имрӯз дар як нишасти матбуотӣ эълон карданд, ки имсол 1 миллиону 97 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ кардаанд.
Чунин ҳосил барои аввалин бор пас аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон будааст. Соли ҷорӣ дар майдони беш аз 462 ҳазор ҳектор зироатҳои ғалладона кишт карда шудааст, ки аз он 332 заҳор ҳектораш заминҳои обӣ ва 230 ҳазораш заминҳои лалмӣ мебошанд. Саидмурод Баҳриддинов, раиси бахши зироаткории Вазорати кишоварзӣ, дар ин нишасти матбуотӣ гуфт, ки Тоҷикистон дар сол ба 1 миллиону 250 тонна ғалла ниёз дорад ва имсол 1 миллион тоннаи он дар кишвар ҷамъоварӣ шудааст ва ин боиси поин омадани қиммати гандум дар бозорҳо гаштааст.
Ҷаноби Баҳриддинов дар посух ба ин суол, ки оё Тоҷикистон имкони нигоҳ доштан ва орд кардани ин миқдор ғалларо дорад ё не, гуфт, нигоҳ доштани гандум шарт нест, ба ин далел, ки гандуми ҳосилшуда дар дасти соҳибкорон аст ва онҳо ин гандумро ба бозор арза мекунанд. Вай афзуд, барои мисол, гандуми Тоҷикистонро корхонаҳои ордтавлидкунии Тоҷикистон ва Қазоқистон бо тамғаи «Орди Шамалғани Қазоқистон» ба фурӯш мебароранд.
Ин дар ҳолест, ки навъи орди «Шамалғани Қазоқистон» дар миёни мардуми Тоҷикистон аз маҳбубият бархурдор аст ва мардум ба унвони орди хушсифат онро бештар харидорӣ мекунанд. Ба гуфтаи ҷаноби Баҳриддинов, 50 дарсади орди бо тамғаи «Шамалғани Қазоқистон» аз гандуми Тоҷикистон омода мешавад.
Имсол дар Қазоқистон низ ҳосили ҳангуфти ғалла ба даст омадааст ва Тоҷикистон яке аз кишварҳои аслии воридкунандаи орду гандуми Қазоқистон ба ҳисоб меояд. Ба гуфтаи мақомоти Қазоқистон, ҳосили зиёди гандум боиси поин омадани қиммати орду гандум дар бозорҳои минтақа хоҳад шуд.
Зулфиқори Исмоилиён, «Озодӣ»