ЛОИҲАИ БОНКИ МИЛЛӢ БАРОИ БОЗПАРДОХТИ ПАСАНДОЗҲО
Бонки Миллӣ барои ҷалби пасандозҳои мардум лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки кафолати бозпас гирифтани маблағҳоро замонат медиҳад. Дар сурати тасвиби ин санад, мардум метавонанд ҳатто дар сурати муфлисшавии бонкҳо, пасандозҳои худро, агар маблағи онҳо чандон бузург нест, бозпас бигиранд ва давлати Тоҷикистон дар ин амр мусоъидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи Искандар Давлатов, раиси бахши назорати бонкӣ дар Бонки Миллии Тоҷикистон, тибқи ин лоиҳа таъсиси Сандуқи суғуртаи пасандозҳои мардум дар назар аст. Ба ин сандуқ фоизи бештаре аз суди фаъолияти бонкҳо ҷамъоварӣ шуда, дар сурати муфлисшавии онҳо, аз ин маблағ пасандозҳои мардум ҷуброн мешаванд. Аз ҷумла, дар лоиҳаи ин қонун омадааст, ки маблағи то панҷ ҳазор сомонӣ дар бонкҳо сад дарсад ҷуброн карда мешавад.
Пасандоҳои то ҳафт ҳазор сомонӣ танҳо 90 дарсад ва ҳамин тур бо афзоиши мизони пасандозҳо қисмати ҷуброншавандаи онҳо коҳиш меёбад. Оқои Давлатов афзуд, ки таъсиси чунин сандуқҳо дар кишварҳои мухталиф як таҷрубаи маъмулист ва барои афзоиши мизони ҷалби сармояи мардум ба бонкҳои кишвар мусоъидат мекунанд.
Куллия маблағро баргардонанд
Таъкид шуд, ки раванди таҳияи ин қонун бо мусоъидати Бонки Ҷаҳонӣ сурат гирифтааст ва интизор меравад, то тобистони соли оянда ин санад аз сӯйи Ҳукумати Тоҷикистон тасвиб шавад. Валерий Ким, раиси бахши ҳуқуқии Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ зимни пуштибонӣ аз лоиҳаи ин қонун гуфт, ки анҷумани онҳо талош карда ба пешнависи ин санад тағйироте ворид созад, ки бар мабнои он муштариёни бонкҳо тавонанд куллияи маболиғи худро бозпас бигиранд.
Вай афзуд, ки ҳоло баҳсҳо дар атрофи ин мавзӯъ идома доранд ва нусхаи ниҳоии ин санад ҳанӯз омода нест. Ба эътиқоди оқои Ким, танҳо кафолати бозпардохти куллияи маболиғи пасандозшуда метавонад эътимоди муштариёнро ба низоми бонкии кишвар тақвият диҳад. Зимнан, тибқи иттилоъи Бонки Миллии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маблағи пасандозҳо дар бонкҳои кишвар ҳудуди ду милёрд сомонӣ будааст, ки ин рақам дар муқоъиса бо соли қабл 12,4 дарсад бештар мебошад.
Вале дар ҳамин давра мизони пасандозҳои “ашхоси воқеъӣ” ё мардум 22,8 дарсад афзоиш ёфтааст, ки масъулони Бонки Миллӣ ин амрро ба боло рафтани эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар арзёбӣ мекунанд.
Суд аз пасандозро боло бубаранд
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки 70 дарсади пасандозҳои мардум дар бонкҳо бо арзи хориҷӣ маҳфуз будааст, ки далели нобоварии сокинони Тоҷикистон ба пули миллии кишвар аст. Дар ҳамин ҳол Георгий Кошлаков, коршиноси иқтисодӣ, бар ин назар аст, ки дар канори таъсиси Сандуқи ҳифзи пасандозҳо, Бонки Миллии Тоҷикистон бояд барои афзоиши мизони суд аз пасандозҳо тадбире рӯйи даст бигирад. Вай мегӯяд бо суди 17,5 дарсадӣ аз пасандозҳо наметавон мардумро барои маҳфуз нигоҳ доштани пасандозҳояшон бо пули миллӣ ҷазб кард.
Вай афзуд: “Аз ин суд, муштариён бояд ҳудуди 12 дарсад молиёт пардохт кунанд. Сипас, бояд мизони таваррум дар кишварро дар назар дошт, ки соли гузашта тибқи омори расмӣ ҳудуди 12 дарсад буд. Пас, муштарӣ аз ин пасандоз чӣ суде ба даст хоҳад овард?”
Аз сӯйи дигар, масъулони бонкҳои Тоҷикистон иддаъо доранд, ки наметавонанд суди бештареро барои пасандозҳо муқаррар кунанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, қиммати муттавасити эътиборот дар ин кившар дар нимсолаи аввал ҳудуди 24 дарсад будааст.
Дар ҳамин ҳол, давлати Тоҷикистон пайваста аз бонкҳо дархост мекунад, ки таввасути ҷалби пасандозҳо ба рушди иқтисоди кишвар мусоъидат кунанд. Ба эътиқоди коршиносон, ҳарчанд дар ду-се соли ахир вазъ дар ин арса беҳбуд ёфтааст, вале ин мизон ҳамчунон нокофӣ аст.
Би-Би-Си