РАҲМОН: “ХИСОРОТ АЗ БӮҲРОН 3,5 МЛРД СОМОНӢ”
Президенти Тоҷикистон эълом доштааст, ки иқтисоди кишвараш аз пайёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ 3,5 милёрд сомонӣ ё ҳудуди 800 милюн дулор хисорот дидааст. Ин матлаб дар як мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон бо нашрияи “Известия”-и чопи Маскав изҳор шудааст.
Дар канори пойин рафтани баҳои олюминиюм ва панба дар бозорҳои ҷаҳонӣ, оқои Раҳмон ҳамчунин масоили муҳоҷират, бозори кунди молӣ ва содироти танҳо маводди хомро аз авомили аслии таъсири бӯҳрон ба иқтисоди Тоҷикистон унвон кардааст. Ин дар ҳолест, ки ҳануз дар тирамоҳи соли гузашта бархе аз мақомоти кишвар, бавижа, аъзои тими иқтисодии кобинаи давлати Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба иқтисоди кишвар таъсире нахоҳад дошт.
Вале ҳамакнун президенти Тоҷикистон изҳор доштааст, ки “нахустин пайёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба иқтисоди кишвараш дар авохири соли гузашта эҳсос шудаанд.” Оқои Раҳмон гуфтааст, ки дар зарфи як соли ахир тавлидоти санъатӣ дар Тоҷикистон чаҳор дарсад ва тавлиди нахи панба 16 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи вай, дар ин муддат мизони доду ситади коло бо кишварҳои хориҷӣ коҳиш ёфтааст ва тавозуни он ҳамчунон он бар суди Тоҷикистон нест, зеро воридот дар қиболи содирот чиҳил дарсад бештар аст. Ба эътиқоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ин амр дар вазъи бозори молӣ, аз ҷумла дар шароити пардохти маболиғ ба хориҷ аз кишвар мушкилоте ба бор доштааст.
Ҳамчунин оқои Раҳмон коҳиши мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирони тоҷикро, ки гуфта шудааст то 35 дарсад пойин рафтааст, мушкили дигаре барои бозори молии Тоҷикистон унвон кардааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Раҳмон, барои нахустин бор дар чанд соли ахир қисмати воридотии беҷети Тоҷикистон аз авоили соли ҷорӣ танҳо 98,1 дарсад иҷро шудааст.
Бо ин вуҷуд, Президенти Тоҷикистон дар мусоҳибаи худ изҳор доштааст, ки иқтисоди Тоҷикистон тавонистааст “ҳатто дар ин шароит дар зарфи 8 моҳи аввали имсол рушди 1,8 дарсадӣ дошта бошад.” Ба гуфтаи вай, рушди 16 дарсадии тавлидоти кишоварзӣ ва афзоиши даҳ дарсадии мизони тиҷорат тавонистаанд дар маҷмӯъ ба рушди тавлидоти нохолиси миллӣ мусоъидат кунанд.
Дар посух ба ин суол, ки оё фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Уруосиё дар рафъи авоқиби номатлуби пайёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ муассир аст ё хайр, Президенти Тоҷикистон дар ин замина бештар аз таъсиси Сандуқи зиддибӯҳронии ин созмон пуштибонӣ кардааст.
Вале, ба эътиқоди оқои Раҳмон, ҳеҷ кишваре аз аъзои ин созмон наметавонад “ба танҳоӣ куллия авоқиби ин бӯҳронро рафъ созад.” Вай муътақид аст, ки тавсеъаи ҳамкориҳо ва иҷрои тадобири муштарак миёни кишварҳои узви ин созмон метавонад гоми муҳиме дар рафъи ин мушкилот бошад.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз эҷоди Иттиҳоди гумрукӣ миёни Русия, Белорус ва Қазоқистон дар чорчӯби ин созмон пуштибонӣ карда, изҳор доштааст, ки дар оянда дар миёни кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои иқтисодии Уруосиё таъсиси пули воҳид низ баъид нест.
Би-Би-Си