15:51:53 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Комёбии варзишгарони навраси тоҷик

Шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳраки Нанҷинги Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими ботантана пӯшидашавии Бозиҳои дуввуми осиёии наврасон баргузор гардид. Дар қатори дувуним ҳазор варзишгари синнашон аз 14 то 18 сола, ки аз 45 кишвари қораи Осиё гирдиҳам омада буданд, 9 варзишгари навраси кишвари мо низ дар чор намуди варзиш: дзюдо, вазнбардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук дар ин мусобиқот қувваозмоӣ намуданд.

varzishgaroni-tojik 4578655Бояд гуфт, ки ду нафари онҳо: гурзандоз Зоир Шералиев бо натиҷаи 62 метру 44 сантиметр медали нуқра ва Фаррухи Салим, парчамбардори дастаи варзишӣ дар ин Бозиҳо дар гуштии дзюдо дар вазни то 81 килограмм медали биринҷӣ гирифтанд. Ҳамин тариқ Тоҷикистон бо касби ду медал: нуқра ва биринҷӣ, ҳамчун дастаи давлати Ироқ дар байни 45 кишвари Осиё ҷои 22-юмро соҳиб шуд.

Воқеан дар ин Бозиҳо намояндагони 29 давлат соҳибони медал гардиданд. Варзишгарони навраси Ҷумҳурии Мардумии Чин бо касби 93 медал (46 тилло, 23 нуқра ва 24 биринҷӣ) ҷои аввалро дар ҳисоби умумидастаӣ гирифтанд. Кореяи Ҷанубӣ бо 52 медал (25 медали тилло, 13 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ) ва Ҷопон бо 18 медал (7 медали тилло, 5 медали нуқра, 6 медали биринҷӣ) ҷои севвумро ба даст оварданд.

Аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Қазоқистон бо 13 медал (1 тилло, 4 нуқра, 8 биринҷӣ) ҷои 13-ум, Ӯзбакистон бо 8 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷои 14-умро гирифтанд. Кишвари ҳамзабони мо Эрон бо 8 медал (6 медали нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷои 20-ро ишғол кард. Вале ба варзишгарони 16 кишвар, азҷумла Афғонистон ва Туркманистон, муяссар нашуд, ки аз ин Бозиҳо бо медал ба Ватани худ баргарданд.

Мо аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Рӯзгор» ҳайати дастаи варзишгарони навраси тоҷикро бо ин дастовардашон табрик гуфта орзумандем, ки Худованди бузург комёбиҳои аз ин беҳтару бузургтареро барояшон арзонӣ дошта бошад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi