07:34:54 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Се голи легионери эронӣ Ҳусейн Суҳробӣ

Имрӯз, 28-уми августи 2013, се бозии охирини ҷавобии даври ҳаштякниҳоӣ барои Ҷоми футболи  Тоҷикистон баргузор мегардад. Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Бохтар бо дастаи «Бохтар», дастаи ноҳияи Рӯдакӣ «Кӯктош+С» дар шаҳри Истаравшан бо дастаи «Истаравшан» ва дастаи «Истиқлол» дар Душанбе бо дастаи «Хуҷанд» аз шаҳри Хуҷанд қувваозмоӣ менамоянд.

football iu 19961212Дар бозиҳои нахустини даври ҳаштякниҳоӣ рӯзи 24-уми август дастаи «Истиқлол»  дастаи «Хуҷанд»-ро дар шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 5:0 мағлуб сохта буд. Ба иттилои сайти расмии Федератсияи Футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар ин бозӣ се тӯбро ба дарвозаи Хуҷанд легионери эронӣ Ҳусейн Суҳробӣ задаст. Ду голи дигарро Дилшод Восив ба нишон расондааст. Бояд гуфт, ки ин нахустин бозии расмии дастаи «Истиқлол» аст, ки таҳти раҳбарии сармуррабӣ Олег Ширинбеков, собиқ бозингари дастаи овозадори «Помир» баргузор гардид.

Худи ҳамон рӯз дастаи «Истаравшан» дар бозии нахустини ҳаштякфиналии худ дастаи «Кӯктош + С» - ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохт. Бозии байни дастаи «Бохтар» ва «Парвоз» 1:1 анҷом ёфт.

Дар бозиҳои дигари нахустини ҳаштякниҳоӣ, ки рузи 23-юми август баргузор гардиданд, дастаи  ССКА «Помир» (Душанбе) дастаи «Регар ТадАЗ (Турсунзода)-ро боҳисоби 1:0, «Энергетик»-и Душанбе дар сафар «Нури Норак»-ро бо ҳисоби 3:0, «Эсхата»-и Хуҷанд «Зарафшон»-и Панҷакентро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохта буданд. Дастаи «Вахш»- Қурғонтеппа дар майдони худ бозиро бар дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:2 бохт. «Равшан»-и Кӯлоб бошад дар Истаравшан бозиро бо дастаи «Далерони Ӯротеппа» 1:1 мусовӣ анҷом дод.

Соҳибони роҳхат ба чорякниҳоӣ дар бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоӣ, ки рӯзҳои 27 ва 28-уми август баргузор мегарданд, маълум хоҳад шуд. Дар ин бора дар шумораи ояндаи ҳафтанома ба шумо, хонандагони азиз, маълумот хоҳем дод.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi