11:51:38 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Муҳсин Муҳаммадиев, фақат ба пеш!

Дастаи яккачини футболи Тоҷикистон дар рӯзҳои Иди қурбон дар Бишкек, дастаи яккачини Қирғизистонро бо ҳисоби 4 бар 1 мағлуб сохт. Меҳмонон ҳамаи  голҳояшонро дар қисми якуми бозӣ заданд. Тӯбҳоро ба дарвозаи тими миллии Қирғизистон Нуриддин Давронов дар дақиқаи 6-ум, Дилшод Восиев дар дақиқаи 28-ум, Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 32-ум ва Соҳиб Саванқулов дар дақиқаи 40-ум ворид сохтанд.

muhsin-muhammadiev-444Ба соҳибони майдон дар қисми дуввуми бозӣ танҳо як маротиба ва он ҳам дар дақиқаи 47-ум муяссар шуд, ки дарвозабони тими миллии Тоҷикистонро маҷбур созанд то тӯбро аз тӯри дарвоза берун кунад. Соҳибон ҳарчанд кӯшиданд, баъди он дигар ҳисобро тағйир дода натавонистанд. Ин ғалабаи тими миллии футболи Тоҷикистон гӯё савғотие буд, ки футболбозони тоҷик барои мухлисони сершуморашон дар рӯзи Иди қурбон аз сафар оварданд. Ҳанӯз аз ёдҳо фаромӯш нашудааст, ки ҳамин гуна тӯҳфаи идонаро футболбозони тоҷик дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ карда буданд. Он вақт онҳо дар Хуҷанд дастаи мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб сохта буданд.

Бояд гуфт, ки ин ғалабаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон замоне даст доданд, ки Муҳсин Муҳаммадиев, собиқ бозингари дастаи дар гузашта машҳури «Помир» Душанбе масъулияти сармураббигии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикстонро ба уҳда гирифт. Муҳсин Муҳаммадиев баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ солҳо дар дастаҳои мухталифи футболи кишварҳои гуногун ба ҳайси футболбоз ва инчунин мураббӣ ва сармураббӣ ифои вазифа намуда соҳиби таҷрибаи бой гардидааст. Инак замоне фаро расидааст, ки ин таҷрибаи бойро ба хотири инкишоф ва рушди футболи Тоҷикистони азизамон сарф намояд.

Ғалабаҳои нахустини мунтахаби Тоҷикистон бар мунтахаби Ҳиндустон ва мунтахаби Қирғизистон дар Бишкек бо ҳисоби калон таҳти раҳбарии Муҳсин Муҳаммадиев аз он далолат мекунанд, ки хатти машши интихобкардаи ӯ ҳамчун сармураббӣ дар ҳоли ҳозир айни муддао мебошад. Бешубҳа, дар он ки мунтахаби Тоҷикистон ахиран моҳи октябр дар рейтинги ФИФА боз як зина болотар баромад, ҳамин ғалабаҳо нақши муҳим доштанд.

Тоҷикистони мо аз нуқтаи назари шароити иқлим, пайдо ва тарбия кардани бозингарони соҳибистеъдод имкониятҳои хуберо доро аст. Танҳо дастгирии  моддиву маънавии масъулини соҳа, ғамхорӣ кардан ба футболбозони соҳибистеъдод, мураббиҳо, инчунин талошҳои хастанопазири худи футболбозон метавонанд сатҳ ва обрӯи футболи тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ болотар бардоранд.

Камбуди мураббиҳои муттахассису соҳибтаҷрибаи худӣ дар футболи тоҷик бо омадани Муҳсин Муҳаммадиев ва Олег Ширинбеков, яке аз дигар бозингарони дар гузашта машҳури тоҷик, шояд то андозае рафъ шуда бошад. Ба ҳар ҳол имрӯз вуҷуди ин мураббиҳо дар футболи тоҷикро мо ҳамчун як шанси таърихӣ барои рушди футболи кишвар медонем ва ин шансро набояд аз даст бидиҳем.

Аз фурсат истифода бурда, Муҳсин Муҳаммадиевро, ки рӯзи 21-уми октябр зодрӯз дорад, аз самими қалб табрик гуфта, барояш пеш аз ҳама саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва комёбиҳои беназирро дар муаррифӣ кардани футболи Тоҷикистон ба ҷаҳониён орзумандем.

«Рӯзгор» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi