03:45:23 16-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Легионери эронӣ беҳтарин зарбазани футболи Тоҷикистон

Бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон беҳтарин зарбазани мусобиқоти қаҳрамонӣ оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ легионер эътироф гардид.

ligioner-suhrobi-4557878Ҳусейни Суҳробӣ, легионери эронӣ, ҳамлагари дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки дар мусобиқоти имсола 11 гол задааст, беҳтарин зарбазан дониста шуд. Ҳусейни Сӯҳробӣ панҷ моҳ қабл аз тими "Хайр"-и Ваҳдат ба дастаи "Истиқлол" гузашта буд. Вай дар давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, ки дар ҳайати дастаи "Хайр" бозӣ мекард, 7 гол зада буд. Ӯ то замони ба дастаи "Хайр" гузаштанаш дар тими "Нафти Теҳрон"-и Эрон бозӣ мекард.

Ҳусейни Сӯҳробӣ 26 сол дошта, қадаш 1-метру 85 сантиметр, вазнаш 82 кило мебошад. Ӯ аксарияти голҳои задаашро бо сар вориди дарвоза кардааст. Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот пас аз Ҳусейни Сӯҳробӣ ҳамдастааш- Дилшод Восиев бо - 10 тӯб дар зинаи дуюм аст. Ҳасан Рустамов ("Равшан"), Александр Кудряшов ("Истиқлол") 7-тӯбӣ, Мирзобек Мирзоев, ("Хайр") - 6 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашов ("Истиқлол"), Соломон Течи ("Равшан"), Хуршед Маҳмудов, Фируз Раҳматов (ҳама - "Регар-ТадАЗ") 5-тӯбӣ задаанд.

Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе бо Ҳусейни Сӯҳробӣ то охири мавсим шартнома бастааст ва тамдиди ин қарордод боз барои се соли дигар дар назар дошта шудааст. Дастаи "Истиқлол" ду сол пайи ҳам (2010 ва 2011) қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуда буд.

Нишонзанҳои беҳтарини мусобиқоти Тоҷикистон (1992-2013):

1992 - Умед Алидодов ("Помир", Душанбе) - 11 тӯб.

1993 - Холмурод Зардов ("Помир", Душанбе) - 30 тӯб.

1994 - Давлат Содиқов ("Ҳулбук", Восеъ) - 26 тӯб.

1995 - Зокир Бердиқулов ("Истаравшан") - 42 тӯб.

1996 - Муҳиддин Иззатуллоев ("Равшан", Кӯлоб) - 35 тӯб.

1997 - Рустам Усмонов ("Вахш", Қӯрғонтеппа) - 21 тӯб.

1998 - Назиршо Ризомов ("Саддом", Сарбанд) - 25 тӯб.

1999 - Ораз Назаров ("Варзоб", Душанбе) - 27 тӯб.

2000 - Мансур Ҳакимов ("Хуҷанд", Хуҷанд) - 28 тӯб.

2001 - Пирмурод Бурҳонов ("Регар-ТадАЗ", Турсунзода) - 20 тӯб.

2002 - Ҷомихон Муҳиддинов ("Хуҷанд", Хуҷанд) - 29 тӯб.

2003 - Осим Бобоев ("Регар-ТадАЗ", Турсунзода) - 38 тӯб.

2004 - Суҳроб Ҳамидов ("Регар-ТадАЗ", Турсунзода) - 33 тӯб.

2005 - Аҳтам Ҳамроқулов ("Вахш", Қӯрғонтеппа) - 12 тӯб.

2006 - Фозил Сатторов ("Тоҷиктелеком", Қӯр?онтеппа) - 20 тӯб.

2007 - Суҳроб Ҳамидов ("Хима", Душанбе) - 21 тӯб.

2008 - Нуъмон Ҳакимов ("Парвоз", Бобоҷон ?афуров) - 30 тӯб.

2009 - Нуъмон Ҳакимов ("Вахш", Курган-Тюбе) - 15 тӯб.

2010 - Юсуф Рабиев ("Истиқлол", Душанбе) - 30 тӯб.

2011 - Юсуф Рабиев ("Истиқлол", Душанбе) - 32 тӯб.

2012 - Дилшод Восиев ("Истиқлол", Душанбе) - 24 тӯб.

2013 - Ҳусейни Суҳробӣ ("Истиқлол", Душанбе) - 11 тӯб.

Ибодуллоҳи Тоҳир, барои "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi