11:57:12 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

“Равшан”-и Кӯлоб барои Ҷоми Осиё-2014 мубориза хоҳад бурд

Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифтааст, ки дар Ҷоми AFC-2014 аз Тоҷикистон танҳо қаҳрамони кишвар ширкат намояд. Дар асоси қарори Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) футболбозони дастаи “Равшан” рақобати худро аз марҳилаи плеф-оф оғоз хоҳанд кард.

ravshan-kilob-56478799Кумитаи мусобиқоти AFC бо назардошти рейтинг, тасмим гирифт, ки дар минтақаи “Ғарб”-и Ҷоми AFC-2014, ки Тоҷикистон ҳам шомили он аст, дар даври гуруҳӣ 14 даста ширкат намояд. Аз Баҳрайн, Урдун, Ироқ, Кувайт, Лубнон, Умон ва Сурия ду дастаӣ иштирокчии сабқат хоҳанд буд. Аммо Тоҷикистон, Яман, Қирғизистон ва Фаластинро танҳо як дастаӣ муаррифӣ мекунад. Ҳамаи ин тимҳо аз даври плей-офф вориди мусобиқа мешаванд.

Тими “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи 2-юми феврали соли оянда бо қаҳрамони секаратаи Яман – “Ал-Ярмук Ал-Равда” ба сабқат мебарояд. Рақобати дастаҳо як вохӯриро дар бар мегирад. Тибқи тасмими AFC ин дидор дар шаҳри Кӯлоб баргузор хоҳад шуд. Ғолиби ин дидор роҳхати даври гуруҳиро дарёфт мекунад.

Ёдовар мешавем, ки тимҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар Ҷоми AFC-2013 ҳунарнамоӣ карда, дар гурӯҳ натиҷаи манфиро нишон дода буданд. Айни ҳол дар миёни 46 кишвари Осиё дар рейтинги AFC, Тоҷикистон мақоми 26-умро касб мекунад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi