01:41:05 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014: Ҳарифон, макон ва замони бозиҳо маълум шуданд

Шоми 6 декабри соли равон дар Бразилия қуръакашии мусобиқаи ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2014 миёни 32 дастаи ғолиби бозиҳои интихобӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои ширкаткунада ва ҳамчунин теъдоде аз футболбозони машҳури ҷаҳон, журналистону мутахассисони футбол баргузор гардид. Дар асоси ин қуръакашӣ дастаҳо ба ҳашт гуруҳ тақсим шуда ва дар ҳар гуруҳ чор дастаӣ шомил шуданд.

brazil-the-confederati-2014

Натиҷаи қуръакашӣ ба тартиби зерин аст:

Гуруҳи “А”: Бразилия, Хорватия, Мексика, Камерун

Гуруҳи “В”: Испания, Ҳолланд, Чили, Австралия

Гуруҳи “C”: Колумбия, Юнон, Кот-д`Ивуар, Ҷопон

Гуруҳи “D”: Уругвай, Коста-Рика, Англия, Италия

Гуруҳи “E”: Швейтсария, Эквадор, Фаронса, Гондурас

Гуруҳи “F”: Аргентина, Босния ва Герсеговина, Эрон, Нигерия

Гуруҳи “G”: Олмон, Португалия, Гана, ИМА

Гуруҳи “H”: Белгия, Алҷазоир, Русия, Кореяи Ҷанубӣ

Мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳон-2014 аз 12-уми июн то 13-уми июли соли 2014 дар 12 шаҳри Бразилия: Рио-де-Жанейро, Ресифи, Салвадор, Сан-Паулу, Порту-Алегри, Манаусе, Форталезе, Натале, Белу-Оризонти, Бразилиа, Куябе ва Куритибе баргузор хоҳанд шуд.

Дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳон-2014 нахустин шуда дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Хорватия дар варзишгоҳи “Минейран”-и Белу-Оризонти миёни миёни ҳам рақобат мекунанд.

Даври финалии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳон-2014 дар шаҳри Рио-де-Жанейро  дар варзишгоҳи “Маракана”, ки зиёда аз ҳафтодусеюним ҳазор ҷойи нашаст дорад, баргузор мегардад.

Қуръакашии мусобиқаи ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2014 миёни дӯстдорону коршиносони соҳаи футбол назарҳои мухталифро ба миён овардааст. Бархе аз мухлисони аршади футбол гуруҳи “D”-ро, ки ба он тимҳои Уругвай, Коста-Рика, Англия ва Италия шомил шудаанд, муҳимтар аз дигар гуруҳҳо донистаанд. Ба назари коршиносони соҳаи футбол нисбат ба 7 гуруҳи дигар ба гуруҳ “D” чаҳор тими пурқувват шомил шудаанд, ки дидори ин тимҳо байни ҳам басо ҷолибу диданӣ сурат хоҳад гирифт.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз мухлисони футбол дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳоии иҷтимоии интернетӣ навиштаанд, ки дар қуръакашии мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон-2014 бахт ба рӯи тими футболи Русия хандидаст. Ба гуруҳи “H” тимҳои Белгия, Алҷазоир, Русия ва Кореяи Ҷанубӣ шомил шудаанд, ки аксар мухлисони футбол гуруҳи “Н”-ро дар қиёс ба гуруҳҳои дигар гуруҳе хондаанд, ки ба он тимҳои нисбатан камқувват шомил шудаанд.

Пӯшида нест, ки дар баробари русҳо аксари тоҷикон низ тими футболи Русияро мухлисӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол бархе аз мухлисони ин тими умед доранд, ки ин дафъа тими Русия хостаҳои мухлисонашро бароварда месозад ва ба даврҳои ҳаштякниҳоӣ ва ҳатто чорякниҳоӣ роҳ ёфта, бо дастаҳои пурқуввати чаҳон рақобат мекунад.

Дӯстдорони футбол дар Тоҷикистон ба ғайр аз тими Русия дигар тими миллии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон-2014 шикракт мекунад, мухлисӣ мекунанд. Онҳо то имрӯз фаромӯш накардаанд, ки ин тим дар Ҷоми Ҷаҳонии соли 1998 дастаи ИМА-ро чӣ гуна мағлуб сохта буд ва умед доранд, ки соли оянда низ ба дастовардҳои хубе ноил мешавад.Тими миллии Эрон дар гуруҳи “F” бо тимҳои Аргентина, Босния ва Герсеговина ва Нигерия қувваозмоӣ мекунад.

Қурбон Шералиев, як мухлиси ашадии футбол дар суҳбат бо “Рӯзгор” гуфт: “Ман аз натиҷаи қуръакашии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳон-2014 бохабар шуда хурсанд шудам. Зеро ман тими миллии Испанияро мухлисӣ мекунам, ки ба гуруҳи “В” шомил шудааст ва дар ин гуруҳ бо тимҳои Ҳолланд, Чили ва Австралия рақобат мекунад, ки бовар дорам ба осонӣ аз гӯруҳ мебарояд. Номбурда мегӯяд, ба хотире аз тими Испания ҷонибдорӣ менамояд, ки дар ин тим футболбозони ба ӯ писанд бозӣ мекунанд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, кам нафароне ҳастанд, ки тимҳои камқувватро мухлисӣ кунанд. “Мухлиси ҳамон дастае бисёр аст, ки он тим дар аксар бозиҳояш ғалаба мекунад. Агар худи ман ба дилхоҳ даста мухлисӣ кунам ва бинам, ки дар ду дидор пайи ҳам бохт, дигар ба ин даста мухлисӣ намекунам зеро, ки ҳар боре, ин даста шикаст мехурад, ман асабӣ мешавам. Аз ҳамин сабаб ман дар ҳамаи бозиҳо ба дастае мухлис мешавам, ки аз ҳарифи худ нисбатан пурқувваттар аст”.

Ба ҳар сурат варзиш, бахусус футбол, ин чизи сохта нест ва аз ҳамин хотир пешгӯӣ кардан дар футбол кори саҳлу осон нест. То оғози бозиҳои мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон-2014 зиёдтар аз 6 моҳи дигар вақт аст ва ана ҳамин вақт нишон хоҳад дод, кадом тим хубтару беҳтар бозӣ мекунад ва соҳиби Ҷоми Ҷаҳон-2014 мешавад.

Ба диққати шумо ҷадвали бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014-ро пешкаш мекунем:

12 июн, панҷшанбе

Бразилия - Хорватия

13 июн, ҷумъа

Мексика - Камерун

Испания - Ҳолландия

14 июн, шанбе

Чили - Австралия

Колумбия - Юнон

Уругвай - Коста-Рика

15 июн, якшанбе

Кот-д´Ивуар - Ҷопон

Англия - Италия

Швейтсария - Эквадор

Франсия - Гондурас

16 июн, душанбе

Аргентина - Босния и Гертсеговина

Эрон - Нигерия

Олмон - Португалия

17 июн, сешанбе

Гана - ИМА

Бельгия - Алҷазоир

Бразилия - Мексика

18 июн, чоршанбе

Русия - Кореяи Ҷанубӣ

Камерун - Хорватия

Австралия - Ҳолландия

19 июн, панҷшабе

Испания - Чили

Колумбия - Кот-д´Ивуар

Уругвай - Англия

20 июн, ҷумъа

Ҷопон - Юнон

Италия - Коста-Рика

Швейтсария - Франсия

21 июн, шанбе

Гондурас - Эквадор

Аргентина - Эрон

Олмон - Гана

22 июн, якшанбе

Нигерия - Босния и Гертсеговина

ИМА - Португалия

Кореяи Ҷанубӣ – Алҷазоир

23 июн, душанбе

Бельгия - Русия

Австралия - Испания

Ҳолландия – Чили

24 июн, сешанбе

Камерун - Бразилия

Хорватия - Мексика

Италия - Уругвай

Коста-Рика - Англия

25 июн, чоршанбе

Ҷопон - Колумбия

Юнон - Кот-д´Ивуар

Нигерия - Аргентина

Босния и Гертсеговина - Эрон

26 июн, панҷшанбе

Гондурас - Швейтсария

Эквадор - Франсия

ИМА - Олмон

Португалия – Гана

27 июн, ҷумъа

Кореяи Ҷанубӣ - Бельгия

Алҷазоир – Русия

Аз ҳар гуруҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ҳаштякниҳоӣ роҳхат мегиранд ва сипас бозиҳо аз рӯи системаи олимпӣ идома хоҳанд ёфт. Яъне ғолиб бозиро давом медиҳад, мағлуб хотима мебахшад.

Бозиҳои 1/8 ниҳоӣ рӯзҳои 28 июн - 1 июл, бозиҳои чорякниҳоӣ рӯзҳои 4-5 июл, бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 8-9 июл, бозӣ барои ҷои сеюм рӯзи 12-ми июл ва бозӣ барои гирифтани унвони қаҳрамони ҷаҳон рӯзи 13-уми июли соли 2014 баргузор мегарданд.

Ибодуллоҳи Тоҳир, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi