01:42:13 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Нимҳимоятгари ганагии "Равшан" ба дастаи "Истиқлол" гузашт

Тими футболи "Истиқлол"-и Душанбе бо Девид Мауто, нимҳимоятгари ганагии дастаи "Равшан-и Кӯлоб" қарордоди як сола ба имзо расонид. Ин футболбози африқоӣ, ки ҳамагӣ 22-сол дорад, тайи ду соли охир дар ҳайати дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бозӣ кардааст, ки дар ин ду сол "Равшан" пайи ҳам қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.

mauto-istiqlol 48544Рустам Ҳакимов, сухангӯи дастаи "Истиқлол" дар суҳбат бо "Рӯзгор" гуфт: "Мауто пас аз имзои қарордод ба ватанаш-Гана ба дидорбинии пайвандонаш рафт ва пас аз бозгашт, 20-уми январ ба ҳайати бозигарони дастаи "Истиқлол" ҳамроҳ хоҳад шуд. Мауто дар ҳайати ин даста таҳти рақами 14 ҳунарнамоӣ хоҳад кард."

Ёдовар мешавем, ки дар маросими ҷоизасупории ФФТ Девид Мауто Легионери беҳтарини чемпионати Тоҷикистон эътироф шуд. Инчунин ӯ бар асоси назарсанҷии торнамои "Варзиш-Спорт" бозигари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2013 эътироф шуда буд.

Ибодуллоҳи Тоҳир, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi