| ПИРӮЗИИ КУШТИГИРОНИ ТОҶИК ДАР ЮНОН |
| Мақолаҳо - Ҷавонон ва варзиш | |||
| 18.11.2009 20:07 | |||
|
Эраҷ Раҳимов ва Набимуҳаммад Хоркашев ду куштигири самбо аз Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонии куштии самбо дар Юнон медоли тилло ва нуқраро соҳиб шуданд.
Эраҷ Раҳимов мегӯяд, ки аз ҳашт солагӣ ба машқи самбо оғоз кард ва аз пирӯзӣ дар мусобиқоти Юнон хушнуд аст. Оқои Раҳимов афзуд: “ Ман дар навъи “самбои ҷангӣ” соҳиби медол шудам. Ман ва Набимуҳаммад аз он шодем ки пирӯзии мо дар ин мусобиқот имкон дод, то парчами Тоҷикистон ва суруди миллии кишварамон ду бор дар толори мусобиқот садо диҳад.”
Эраҷ Раҳимов ҳоло дар Русия дар донишгоҳи пизишкӣ таҳсил мекунад ва имрӯзҳо барои анҷоми машқҳои варзишӣ ба Тоҷикистон омадааст. Набимуҳаммад Хоркашов, ки чаҳор бор қаҳрамони мусобиқоти барои дарёфти ҷоми Осиёӣ буд, медоли нуқраро ба худ ихтисос дод.
Толорҳо барои машқ Дар ҳоли ҳозир ин варзишгарон бо шумули даҳ нафари дигар аз куштигирони самбо дар толори варзишии мадрасаи шумори 18-уми шаҳри Душанбе машқ мекунанд, то барои ширкат дар мусобиқоти оянда омода бошанд. Зоҳиран ин толор хеле сард буд ва машқ дар он ба вижа дар фасли зимистон бо либосҳои варзишӣ душвор менамуд.
Бо ин вуҷуд Давлатхуҷа Раҳимов, муррабии ин варзишгарон дар ин толор машғули машқ бо ду гурӯҳи куштигирони самбо буд. Оқои Раҳимов меафзояд, ки ҳарчанд толори варзишӣ барои гузаронидани машқҳои варзишгарон то андозае бо таҷҳизоти фаннӣ барои машқ таъмин шудааст, аммо вай муътақид аст, ки макони беҳтаре барои гузаронидани машқҳо ба теъдоди куштигирон меафзуд ва кайфияти машқҳо низ беҳтар мешуд.
Аммо вай мегӯяд, ки онҳо дар Русия низ ба ҷуз аз корҳҳои мухталиф, машқи куштиро низ фаромӯш накарда ва бо фароҳам шудани фурсати муносиб дар мусобиқоти самбо дар Русия ширкат мекунанд. Ширкати “Нур” сармоя барои сафари куштигирони самбо барои ширкат дар мусобиқоти Юнонро фароҳам кардааст.
Эраҷ ва куштигирони дигар мегӯянд, ки баъд аз ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонии куштии самбо дар Юнон, бархе аз кишварҳои Урупо онҳоро барои ширкат дар мусобиқоти самбо даъват кардаанд. Вале дар вазъияти феълӣ, набуди сармоя ба онҳо имкони сафар ба кишварҳои хориҷиро намедиҳад.
Би-Би-Си
|













