ПИРӮЗИИ КУШТИГИРОНИ ТОҶИК ДАР ЮНОН
Эраҷ Раҳимов ва Набимуҳаммад Хоркашев ду куштигири самбо аз Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонии куштии самбо дар Юнон медоли тилло ва нуқраро соҳиб шуданд.
Ин мусобиқот аз шашум то ҳаштуми ноябр дар шаҳри Солонинкаи Юнон доир шуд ва дар он варзишгарони аз 54 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Аз Тоҷикистон дар мусобиқоти Юнон панҷ куштигир ширкат карданд. Ин дувумин медоли тилло дар навъи варзиши самбо аст, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар даҳсолаи ахир ба даст меоранд. Қаблан Сайриддин Икромов дар соли 2006 дар мусобиқоти ҷаҳонии самбо дар кишвари Чек, медоли тилло дар ин навъи варзишро дарёфт карда буд.
Эраҷ Раҳимов мегӯяд, ки аз ҳашт солагӣ ба машқи самбо оғоз кард ва аз пирӯзӣ дар мусобиқоти Юнон хушнуд аст. Оқои Раҳимов афзуд: “ Ман дар навъи “самбои ҷангӣ” соҳиби медол шудам. Ман ва Набимуҳаммад аз он шодем ки пирӯзии мо дар ин мусобиқот имкон дод, то парчами Тоҷикистон ва суруди миллии кишварамон ду бор дар толори мусобиқот садо диҳад.”
Эраҷ Раҳимов ҳоло дар Русия дар донишгоҳи пизишкӣ таҳсил мекунад ва имрӯзҳо барои анҷоми машқҳои варзишӣ ба Тоҷикистон омадааст. Набимуҳаммад Хоркашов, ки чаҳор бор қаҳрамони мусобиқоти барои дарёфти ҷоми Осиёӣ буд, медоли нуқраро ба худ ихтисос дод.
Толорҳо барои машқ
Дар ҳоли ҳозир ин варзишгарон бо шумули даҳ нафари дигар аз куштигирони самбо дар толори варзишии мадрасаи шумори 18-уми шаҳри Душанбе машқ мекунанд, то барои ширкат дар мусобиқоти оянда омода бошанд. Зоҳиран ин толор хеле сард буд ва машқ дар он ба вижа дар фасли зимистон бо либосҳои варзишӣ душвор менамуд.
Бо ин вуҷуд Давлатхуҷа Раҳимов, муррабии ин варзишгарон дар ин толор машғули машқ бо ду гурӯҳи куштигирони самбо буд. Оқои Раҳимов меафзояд, ки ҳарчанд толори варзишӣ барои гузаронидани машқҳои варзишгарон то андозае бо таҷҳизоти фаннӣ барои машқ таъмин шудааст, аммо вай муътақид аст, ки макони беҳтаре барои гузаронидани машқҳо ба теъдоди куштигирон меафзуд ва кайфияти машқҳо низ беҳтар мешуд.
Ба гуфтаи Оқои Раҳимов мушкилоти иқтисодӣ бархе аз шогирдони вайро водор ба муҳоҷират ба Русия ва кишварҳои дигар кардааст. Давлатхуҷа Раҳимов гуфт: “Ҳоло чанде аз варзишгарон аз ҷумла Одинаев ва Давлатҷон Оминов, ки дар мусобиқоти самбо дар Тоҷикистон пирӯзиро ба даст оварда буданд, дар шаҳрҳои мухталифи Русия машғули кор ҳастанд. Агар вазъи иқтисодии онҳо хуб мебуд, ҳоло дар Тоҷикистон фаъолият ва машқ мекарданд.”
Аммо вай мегӯяд, ки онҳо дар Русия низ ба ҷуз аз корҳҳои мухталиф, машқи куштиро низ фаромӯш накарда ва бо фароҳам шудани фурсати муносиб дар мусобиқоти самбо дар Русия ширкат мекунанд. Ширкати “Нур” сармоя барои сафари куштигирони самбо барои ширкат дар мусобиқоти Юнонро фароҳам кардааст.
Эраҷ ва куштигирони дигар мегӯянд, ки баъд аз ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонии куштии самбо дар Юнон, бархе аз кишварҳои Урупо онҳоро барои ширкат дар мусобиқоти самбо даъват кардаанд. Вале дар вазъияти феълӣ, набуди сармоя ба онҳо имкони сафар ба кишварҳои хориҷиро намедиҳад.
Би-Би-Си