17:28:05 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2022 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 28 29 30  

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2009 ОҒОЗ ЁФТ

 

 6-уми июн мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2009 шурӯъ шуд. Дар бозии аввали ҳаштякниҳоӣ дастаи мизбон - «Гвардия»-и Душанбе аз тими «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Самад Шоҳзуҳуров, бозигари «Истиқлол», дар дақиқаи 33-юм ҳисобро боз кард. 

Баъди 11 дақиқа Юсуф Рабиев голи дуюми дастаи меҳмонро ба самар расонд. Пас аз танаффус Ҷамшед Ҳабибуллоев, бозигари «Гвардия», дар дақиқаи 53-юм ҳисобро тағйир дод. Голи сеюми «Истиқлол»-ро Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев дар дақиқаи 61-ум зад. Инчунин рӯзи шанбе бозиҳои аввали чаҳорякниҳоӣ баргузор шуданд. «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Тӯбро Умед Ҳабибуллоев дар замони изофӣ (90+3) ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.

 

Дастаи лигаи аввал - «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат дар майдони худ бар тими лигаи олӣ - ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ҳалкунандаро Дилшод Табаров дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонд.

Ҳамчунин бозии аввали ҳаштякниҳоӣ байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа мебоист 6-уми июн ва бозии чаҳорякниҳоӣ байни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода мебоист 7-уми июн барпо мешуданд, вале тимҳои «Равшан» ва «Парвоз» ба иллати камбуди маблағ аз ширкат дар Ҷоми ҷумҳурӣ-2009 даст кашиданд. Бинобар ин «Вахш» ба даври чаҳорякниҳоӣ ва «Регар» ТадАЗ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Бозии ҷавобии ҳаштякниҳоӣ байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Гвардия» 10-уми июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоӣ 13-уми июн миёни дастаҳои «Энергетик» - «Хуҷанд» ва ССКА «Помир» - «Хайр» баргузор хоҳанд шуд.

Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» - «Гвардия» дар даври чаҳорякниҳоӣ 15-ум ва 19-уми июн бо «Вахш» бозӣ хоҳад кард. Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2009 дар бозии ниҳоӣ рӯзи 5-уми октябр муайян хоҳад шуд.

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi