02:33:10 24-уми Июни 2025 сол

ҶАВОНОН ВА РУШДИ ФАННОВАРИҲОИ ҶАДИД

Дар ҳамоише зери унвони “Ҷавонони диҷитоли Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Душанбе пешрафт, дурнамо ва мушкилоти дастрасии ҷавонон ба фанновариҳои ҷадид ва иртиботот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

 

Ширкаткунандагони ин нишасти минтақаӣ, ки аз ҷумлаи ҷавонони пешрафта дар арсаи фанноварии ҷадид аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буданд, мавзӯъи ширкати намояндагони ҷавонони кишварҳои минтақа дар кунфронсҳо ва нишастҳои байналмилалии ҷаҳониро низ матраҳ карданд. Нишасти дурӯзаи ҷавонон рӯзи шанбеи 5-уми декабр оғоз шуд ва мубтакири аслии ин нишаст Сандуқи Сурус дар Тоҷикистон буд ва дар баргузории он ҳамчунин намояндагиҳои чанд созмони байналмилалии дигар саҳим буданд.

 

Масъулон ҳадаф аз баргузории ин нишастро ошноии ҷавонони минтақа бо дастовардҳои ҳамдигар дар заминаи фанноварии ҷадиди иртибототӣ ва истифода аз таҷрубаи якдигар унвон карданд. Ҷавонони боистеъдод Зӯҳра Ҳалимова, мудири омили дафтари намояндагии Сандуқи Сурус дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш аз кӯшиши ҷавонони минтақа барои дарк ва омӯзиши фанновариҳои ҷадиди иртибототӣ истиқбол кард ва гуфт замоне расидааст, ки ҷавонони минтақа барои муъаррифии донишҳои андӯхтаашон ба арсаи ҷаҳонӣ роҳ ёбанд.

 

Хонум Ҳалимова афзуд: “Бо вуҷуди мушкилоти мухталиф дар заминаи фаннӣ дар Тоҷикистон ва соири кишварҳои минтақа ҷавонон тавонистаанд дар арсаи омӯзиш ва истифода аз фанновариҳои ҷадиди иртибототӣ пешрафтҳое ба даст оваранд. Дар оянда қарор аст ҳамоиши "ҷавонони диҷитол" дар Осиё доир шавад ва шумо бояд дар мавриди ширкат дар он ва муъарифии донишҳои худ андеша кунед.”

 

Талъат Нуъмонов, раиси маркази фанновариҳои ҷадиди иртиботот ва иттилоъотии Тоҷикистон, мегӯяд, ки нахуст ширкати ҷавонон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар ин ҳамоиш дар назар гирифта шуда буд. Аммо вай афзуд, ки ҷавонон аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон низ дархости ширкат дар ин нишастро карданд.

 

Оқои Нуъмонов афзуд: “Имрӯз ҷавонон аз кишварҳои минтақа дар ин нишаст даствардҳои хешро дар мавриди фанновариҳои ҷадиди иртибототӣ ва истифода аз онҳо барои ҳалли мушкилоти иҷтимоъии кишварҳояшон муъаррифӣ мекунанд. Дар навбати худ онҳо бо дониши андӯхтаи ҷавонони тоҷик дар арсаи фанновариҳои иртиботот ошно мешаванд.” Оқои Нуъмонов муътақид аст, ки дар қарни 21 бидуни омӯзиши таҷҳизоти ҷадид ва истифода аз онҳо зиндагӣ кардан имконнопазир аст.

 

Ба гуфтаи вай, беш аз 70 дар сади нуфуси Тоҷикистон дар деҳот ва рустоҳо ба сар мебаранд ва ҷавонони ин манотиқ дар бештари маворид аз истифода аз таҷҳизоти ҷадиди иртибототӣ дар канор мондаанд.

 

Мавонеъ аз рушди фанноварӢ

 

Ба гуфтаи масъулини баргузории ин ҳамоиш, аз мушкилоти аслии мавҷуд дар роҳи рушди фанновариҳои ҷадиди иртибототӣ дар Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ будааст. Ба гуфтаи коршиносон, дар ҳоле ки бештари ҷавонон аз навоҳии дуруфтодаи Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ мераванд, онҳо ба сабаби надоштани дониши кофӣ дар бораи корбурди фанновариҳои ҷадиди иртибототӣ бо мушкилоти фаровоне рӯбарӯ мешаванд.

 

Абдумалик Қодиров, масъули бахши арзёбии барномаҳои Сандуқи Сурус дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ширкатҳои фароҳамгари хадамоти иртибототӣ дар ин кишвар дар муқоиса бо кишварҳои минтақа рушди чашмгире кардаанд. Аммо вай афзуд, ки аксари ҷавонон, бавижа дар минтақаҳои берун аз шаҳрҳои бузург дар Тоҷикистон, дар бораи истифодаи муассир аз фанновариҳои ҷадид иттилоъи кофӣ надоранд ва ҳамвора бо мушкилоте дар ин замина рӯбарӯ ҳастанд.

 

Ҳамчунин оқои Қодиров мегӯяд: “Яке дигар аз мушкилоте, ки аз пешрафти сареъи фанновариҳои ҷадид дар кишвар монеъ мешавад, пардохти молиёти зиёд дар дохил ва ҳам барои ворид кардани таҷҳизот ба ин кишвар аст. Зеро рушди фанновариҳои ҷадид низ ба соҳибкорӣ бастагӣ дорад.”

 

Ба гуфтаи бархе дигар аз коршиносон, фасоди молӣ дар сутуҳи давлатӣ яке дигар аз мушкилот дар роҳи пешрафти фанновариҳои ҷадид дар Тоҷикистон будааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо бетаваҷҷӯҳии иддае аз мақомоти зидахли Тоҷикистон низ мавонеъи зиёдеро дар заминаи таъсиси ширкатҳо ва ворид кардани таҷҳизоти замонавӣ ба ин кишвар эҷод мекунад.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ