20:35:21 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Орзуҳо чӣ гуна амалӣ мешаванд

То анҷоми набард ҳамагӣ 37 сония вақт мондааст. Ҳисоб 4 бар 2 ба фоидаи паҳлавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазод. Паҳлавони белорусӣ Степан Попов саросемавор бо ҳуҷум мегузарад. То ин дам тамоми талошҳои ӯ ба хотири комёб шудан баръабас рафтаанд. Панҷаҳои пурқуввати Беҳрӯз дастҳои ӯро чунон маҳкам мегиранд, ки ба ғайр аз кӯшиши халос кардани дастҳо дигар ҳаракате карда наметавонад.

behruz-78754 1

Дар идомаи ин кашокашҳо билохира, ҳарду ба болои гилем меафтанд. Не, ба ҳеҷ кадоме дар ин афтиши охирон доварон хол намедиҳанд. Паҳлавони белорусӣ танҳо як умед дорад. Дар ин 37 сонияи боқимонда бояд пой ва ё бозуи ҳарифро ба даст биёрад, то бо усули «қабзи дардовар» («болевой приём») ӯро маҷбур бисозад, ки таслим шавад. Билохира дасти паҳлавони тоҷикро дарёб мекунад ва бо тамоми қувва ба тарафи худ мекашад. Беҳрӯз мекӯшад, ки дасташро раҳо созад, Аз ҷояш хестанӣ мешавад. Степан бо пойҳояш тани Беҳрӯзро зер мекунад, то ӯ натавонад бихезаду ҳаракате анҷом бидиҳад.

Ҳатто бо кафи пояш ба сари Беҳрӯз зарбае мезанад, ки, ба фикрам, ин хилофи қоидаҳои гӯштин аст, вале доварон ба он аҳамият намедиҳанд. Беҳрӯз дар ин ҳолат дар навбати худ бо пояш ба дасти Степан мезанад, ки усули «қабзи дардовар»-ро анҷом надиҳад. Вале Степан акнун, тасмим гирифтааст, ки набояд шанси ахирашро аз даст бидиҳад. Шуруъ мекунад ба дард додани дасти ҳариф ва интизор мешавад, ки кай ҳарифи ҷавонаш ба гилем бо дасташ тап –тап мезанад. Тап -тап ба гилем задан дар мусобиқаҳои муҳорибавӣ аломати таслим шудан аст. Степан борҳо маҷбур кардааст, ки чунин корро ҳарифонаш бикунанд.

Бори охир ду сол пеш, сли 2015 дар шаҳри Боку ҳини баргузории аввалин Бозиҳои Аврупоӣ дар даври ниҳоӣ барои ба даст овардани медали тилло ва унвони қаҳрамонӣ ӯ алайҳи паҳлавони озарӣ, мизбони Бозиҳо, Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо дар соли 2014, Олим Қосимов ҳамин усулро истифода бурда буд. Пойи паҳлавон Олим Қосимовро бо усули «қабзи дардовар» чунон сахт дард дод, ки ӯ на танҳо ба гилем тап-тап зад, яъне таслим шуд, балки дигар аз ҷояш хеста натавонист. Степан сипас худ ӯро ба китфаш бардошта, зери кафкӯбиҳои мухлисони толор ба ҳуҷраи либосивазкунӣ гирифта мебарад.

Ҳоло бошад ҳарчанд мекӯшад, вале ин рақиби чолокаш, ки дар синну сол аз ӯ 12 сол ҷавонтар аст, ҳеҷ не, ки ба гилем тап-тап занад. Оё ӯ дардро эҳсос намекунад? Аммо дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳарифаш ба сониясанҷи доварон назар меандозад. Албатта ӯ дарди ҷонкоҳеро эҳсос мекунад. Вале то охири набард ҳамагӣ 19 сония вақт мондааст. 19 сонияе, ки ӯро аз амалӣ шудани орзуи ширини даврони кӯдакияш – боре ҳам партавафшон намудани парчами Тоҷикистони азиз ва танинандоз кардани Суруди миллии кишвараш дар фазои толоре, ки дар он ҷо бо ҳамтоёни хориҷиаш сабқат мекунад, ҷудо месозад.

behruz-78754 2

Аз он рӯзе, ки падари меҳрубонаш ӯро бо ҳамин мақсад ба назди устоди азизаш бурд буд, ёздаҳ сол сипарӣ шудааст. Ёздаҳсола буд, бисту ду сола шудааст. Агар 19 сонияи дигар тоқат кунад, орзуе, ки ними умр дар дил дорад, ҷомаи амал мепӯшад… Не, рақибаш дасташро шикананд ҳам ӯ таслим намешавад, таслим намешавад, ҳеҷ гоҳ таслим намешавад, намешавад, намешавад!!! Садои ҳуштаки довар аз хатми набарду ғалабаи Беҳрӯз мужда дод!

Муждае, ки ба дунбол ашки шодӣ дошт! Беҳрӯз дар тахти қаҳрамонӣ бо чашми пур аз ашк бо ифтихор ба суи Парчами серангаи кишвари азизаш, ки дар байни парчамҳои кишварҳои дигар болотар ҷой гирифтааст, нигариста, Суруди миллии онро зери лаб замзама мекунад.

Бале, Беҳрӯзи бо ин ҷуръату далерӣ, чусту чолокиву шикебоӣ на танҳо орзуи ширини кӯдакии хеш, балки орзуи ҳамешагии мардуми Тоҷикистони азизро, ки сарфарозиву обрӯмандии кишварро мехоҳанд, ҷомаи амал пӯшонд. Чилу ду сол дар орзуи Қаҳрамони ҷаҳон шудани яке аз паҳлавонони ҳамдиёрамон будем. Билохира Беҳрӯз дар чилу дуввумин чемпионати ҷаҳон оид ба самбо- Сочи 2017, ки барои сабқат паҳлавонони 93 кишвари оламро гирдиҳам оварда буд, ба ин орзуи чилу ду солаи масъулину мухлисони ин соҳа низ ҷомаи амал пӯшонд.

Албатта набояд фаромӯш кунем, ки дар амалӣ шудани ин орзуҳо саҳми масъулини соҳаи варзиш, раҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, устодону мураббиён кам нест.

Умуман ин пирӯзӣ ба Беҳрӯзи Хоҷазод - Қаҳрамони ҷаҳон ва ҳамаи мо муборак бод!

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi