15:22:37 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«Аввалин чемпиони бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон»

Таърихи шукӯҳманди Иттиҳоди Шӯравии бузург бисёр бою рангин ҳаст. Ба ҳамагон маълум аст, ки қариб дар хамаи олимпиадаҳои ҷаҳонии варзиш ягон мамлакату миллали дунё ба Иттиҳоди шӯравӣ ва мардуми он баробарӣ карда наметавонист.

1 youry-lobanov 55211Беҳуда нест, ки СССР-ро супердержаваи варзишӣ низ ном мебурданд. Боиси хушнудист, ки дар ҳаёти варзишии ин кишвари бузург намояндагони Тоҷикистон чи дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ ва чи байналмилалӣ пайваста баромад намуда, номи Тоҷикистони азизро ба аксои олам паҳн мекарданд.

Дар ин мақола мехоҳам, ки оиди аввалин чемпиони бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон Юрий Лобанов, ки барои мо наврасону ҷавонони тоҷик солҳои 70-уму 8- уми асри гузашта боиси ифтихор ва намунаи ибрати ҷавонмардӣ буд андеша ронам.

Юрий Терентевич Лобанов санаи 29-уми сентябри соли 1952 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаро низ дар ҳамин шаҳр ба итмом расонида, таҳсилдидаи Донишкадаи варзишии Тоҷикистон ба номи М.Калинин  (ҳоло ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯмин Раҳимов) аст. Аз замони навраси ӯ дар ҷамъияти  спортии «Спартак» дар шаҳри Душанбе зери роҳбарии варзишгари бузургтарини Тоҷикистон , аъзои тими яккачини СССР оид ба қаиқронӣ Иброҳим Ҳасанови машҳур  ҳамроҳи бародараш Михаил Лобанов (баъдан 2 карат қаҳрамони  ҷаҳон оиди қаиқронӣ, «Устоди хизматнишондодаи спорти СССР» ба тамрин  пардохт. Аз варзишгари бузург ва дар айни замон сахтгир Иброҳим Ҳасанов, ки хосатан ба психологияи ғалаба таваҷҷӯҳи  бештаре зоҳир мекард, дарси маҳорати варзишӣ ва мардонагию устувориро омӯхт.Натиҷаи тамринҳои пайваста,  меҳнати босубот ва сахтгирии мураббияш буд, ки Юраи ҷавон дар як муддати кӯтоҳ ба варзишгари дараҷаи олӣ  рафта расид. Барои ин ҷавони ба сини 20 сола нарасида,  бахусус Олимпиадаи Мюнхени Олмон дар соли 1972 бисёр хотирмон буд (барои тамоми ҷомеъаи Тоҷикистон низ). Ӯ дар ҳайати командаи якачини СССР дар ин олимпиада дар каноэи дукаса бо Владас Чесюнас дар масофаи 1000 метр аввалин шуда ба марра расида, соҳиби унвони олии Қаҳрамони бозиҳои Олимпиадаи Мюнхен гашт. Дар таърихи варзишии тоҷик аз давраи баромади устодаш Иброҳим Ҳасанов дар Олимпиадаҳои Рим ва Токио дар солҳои 1960 ва 1964 ин бузургтарин мувавффақияти варзишгарони Тоҷикистон маҳсуб ёфта, номи Юрий Лобанов бошад ба таърихи варзишии тоҷик абадӣ дохил шуд, зеро ӯ аз Тоҷикистон аввалин қаҳрамони бозиҳои олимпист!

2 youry-lobanov 55555555555

Барои ин муваффақияти бузург , ки ӯ дар ин синну соли ҷавон ба даст овард, бо унвони баланди «Устоди  хизматнишододаи спорти СССР» қадршиносӣ гашта, бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шуд. Устодаш Иброҳим Ҳасанов бошад, барои тайёр намудани чемпиони бозиҳои олимпӣ сазовори унвони баланди «Мураббии хизматнишондодаи СССР» гардид. Ғалабаи Юраро дар СССР хуб писандиданд. Дар Тоҷикистон бошад замони тавлиди аввалин чемпиони бозиҳои олимпӣ гӯй тӯй буд. Ҳама меболид. Ифтихор доштанд! Юрий Лобанов соли 1980 дар Олимпиадаи Москва дар каноэи дукаса якҷоя бо Василий Юрченко ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гашт, ки ин низ муваффақияти бузург аст.

Дарвоқеъ Юрий Лобанов соли 1973 дар каноэи дукаса дар масофаи 1000 метр дар Тампере(Финландия), соли 1974 дар Мехико(Мексика),соли 1974 боз дар Мехико, соли 1975 дар Белград (Югославия),соли 1977 дар София(Булгористон). Соли 1979 дар Дуйсбург,боз соли 1979 дар Дуйсбург чамъан 8 маротиба дар чемпионатҳои ҷаҳон 8 маротиба медали тилло ба даст оварда, қаҳрамони ҷаҳон шудааст, ки ин яке аз бузургтарин нишондиҳандаҳо на танҳо барои Тоҷикистон  ва  СССР , балки барои сатҳи ҷаҳонӣ низ маҳсуб меёбад, ки ин боиси ифтихор аст.То имрӯз чунин муваффақиятҳоро дигар ягон варзишгари тоҷик дар ин намуди варзиши олимпӣ ба даст наовардааст. Ӯ ҳамчунин солхои 1971 ва 1977 дар масофаи 500 метр дар чемпионатҳои ҷаҳон медалҳои нуқра ва солҳои 1973 ва 1977 дар масофаи 1000 метр дар чемпионатҳои ҷаҳон медалҳои биринҷиро ба даст овардааст. Солҳои 1972-1977 дар масофаҳои гуногун якчанд маротиба қаҳрамони  СССР гаштааст.Умуман дар таърихи варзиши намудии олимпии қаиқронии ҷаҳон номи ин варзишгари тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Юрий Терентевич Лобанов санаи 1-уми майи соли 2017 дар шаҳри Москва бар асари бемории вазнин ҷаҳонро падруд гуфт.

3 youry-lobanov 55211Муттаасифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд , ки ба ин бохти варзиши ва талафоти калон аҳли зиёи Тоҷикистони кунинӣ  бар асари бесаводӣ ва ё сабаби дигар аз пушти панҷара нигоҳ мекунанд. Танҳо хабарномаеро ман дар ҳафтавори «Азия-Пльюс» ва ҳамчунин як хабари интернетии дигар оиди вафоти ин шахсият, ки рамзи варзиши Тоҷикистон дар асри ХХ буд, хондаму халос. Ба ҳар ҳол дар дигар васоити ахбори омма на  хабарнома ва на таъзияеро ман нахондам. Илова бар ин на радио ва на телевизионҳо, аз ҷумла телевизионҳои ба ном варзишӣ дар ин хусус хабаре пахш накарданд. Ҳоло он, ки масъулон ва пеш аз ҳама телевизионҳои варзишӣ бояд оиди ин талафот махсус барнома тайёр намуда,  ба ҷомеъаи имрӯзаи то андозае хеле бесавод ва ақибмондаи кишвар мерасониданд ва дарси ватандориро ба ҷавонон аз зиндагии аввалин қаҳрамони  бозиҳои олимпӣ  аз Тоҷикистон Юрий Лобанови бузург меомӯзонданд на аз ҳамҳамаву дамдамаю рақсу суруди нодаркор!

Дар пеши чашми мо ба варзишгарони  намудҳои варзиши ғайриолимпӣ, ки онҳоро ғайр аз Тоҷикистон касе дигар дар беруни кишвар намешиносад арҷи зиёде гузошта мешавад, мактабу донишкадаҳо ба номашон гузошта мешаванд, лекин ба номи шахсиятҳои бузурги варзишие, ки даҳсолаҳо бо медалҳои тиллоии намудҳои варзиши олимпӣ  Тоҷикистонро ба ақсои олам даҳҳо маротиба шиносонидаанд арҷе гузошта намешавад! Инро чӣ гуна фаҳмем хонандаи азиз?! Бесалоҳиятии шахсони масъул, менталитети деҳотӣ ва ё дуди маҳалагароӣ  ва ё чизи дигар?

Юрий Терентевич Лобанов санаи 29.09.соли 2017 65 сола мешавад. Ӯ бо меҳнату масъулияти худ рамзи варзишии Точикистон буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Рӯҳаш  шоду хонаи охираташ пурнур бод!

Варқа Зайниддин, Узви  ИЖҶТ,

Аълочии матбуоти Точикистон. 30.08. 2017.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi