00:46:38 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Александр Погорелов – ситораи худрӯй дар футболи тоҷик

Дар бораи ин футболбози  овозадори Тоҷикистон, ҳуҷумкунандаи бомаҳорати клуби овозадори «Помир»-и Душанбе  Александр Георгиевич Погорелов  насли  калонсоли мухлисони футболи  тоҷик  хуб медонад.

alexsandr-pogorelov-555Баъди дар тамос  шудан бо сайти ҳаводорони футболи клуби машҳури «Днепр»-и Украина аз  онҳо дар бораи ин дастпарвари футболи тоҷик пурсидам, зеро замоне  ӯ капитани ин дастаи овозадори сатҳи Шӯравӣ ва Аврупо буд.Мухлисони «Днепр» аз  ӯ бо некӣ ёд намуда, иттилло доданд,  ки Погарелов  чанд  сол пеш  вафот  кардааст.Чун ин шахсият дастпарвари футболи тоҷик аст,қарор додам,ки порае  чанд аз рӯзгори  ин дастпарвари футболи тоҷик, ҳуҷумкунандаи муваффақи  замони шӯравии клуби овозадори замони шуравии тоҷик «Помир»-и Душанбе рӯи   коғаз   оварам.

Александр Погорелов  дар торномаи худ менигорад,  ки  падари  ӯ духтури ҳарбӣ буда, вобаста  ба  иҷрои вазифаи ҳарбии худ дар кунҷу канори  шӯравӣ хизмат ва зиндагӣ намудааст. Худи  Александр  санаи 14.01-и  соли 1952 дар шаҳри Бийскии вилояти Белгороди Россия  ба дунё омада,  соли 1958  тибқи  суханронии падараш ба ҷои хизмати  минбаъда  ва  ба  қавли худаш барои зиндагии доимӣ ба  шаҳри Ленинободи  ҷумҳурии Тоҷикистон  омадаанд. Ӯ дар торномааш  менигорад,  ки ин шаҳр ҳоло  номи Хуҷандро дорад  ва  бо иборае  ӯ аз шаҳри овони бачагӣ ва  ҷавонии худ то охир  хабари  комил доштааст.

Ба  суоли  хабарнигорони  шаҳри Одесса  оид  ба  тамрину омӯзиши  овони кӯдакии  худ  Александр  Погорелов  менигорад,  ки ӯ футболбозӣ  худрӯй аст. Дар мактаби  футболбозони  наврасонае  омӯзиш  ва машқу  тамрин  нагирифтааст. Танҳо  шурӯъ аз  синфи  5-ум дар шаҳри  Хуҷанд  дар футболи  кӯчагии назди ҳавлигии  ҷои истиқоматиашон  бо ҳамсолон  ва рафиқонаш  тӯбронӣ  мекардааст.Пас  аз  хатми  мактаби  миёна  дар шаҳри Хуҷанд ӯ донишҷӯи факултаи  филологияи Донишкадаи  педагогӣ ин шаҳр гашта, дар ҳайати дастаи ин донишкада дар чемпионати ҶШС  Тоҷикистон чун ҳуҷумкунанда бозӣ мекардааст.Сабаби  ба клуби устодони  класси«А»,ба лигаи 1-уми Шӯравӣ  омаданашро ӯ чунин изҳор намудааст,ки бозии ӯро  сартренери вақти клуби «Помир»-и  Душанбе Алиаскаров (муттасифона, ин тренери машҳур низ чанде пештар вафот кард)  дар чемпионати  Тоҷикистони шӯравӣ   дида, бе  ҳеҷ  дудилагӣ  ӯро ба  клуби «Помир»  даъват  намудааст. Ӯ  бо ризояти том   он вақт  шомили  клуби №1-и  Тоҷикистон  гашта,  солҳои 1972-1975  дар  ин  клуб бомуваффақият  баромад намудааст.Ногуфта  намонад,  ки  баъдан бозии   Александр  дар  ин клуб  муваффақона  сурат гирифта,ба  ин  нишондиҳандаҳои тӯбзании ӯ  гувоҳанд,ки дар ин давра дар ҳайати «Помир» дар лигаи 1-уми  Чемпионати СССР  ба ҳайси беҳтарин ҳуҷумкунанда шинохта шуда,ҷамъан 38 гол задаст.

Сабаби  ба  клуби маъруфи  «Черноморетс»-и  шаҳри  Одесса  гузаштанашро  ӯ   боз  дар  тренери  клуби  «Помир»-и  Душанбе  Алиаскаров,ки  он вақт  тренери ин клуб  таъин шуда  буд мебинад. Ӯ  иброз  медорад,ки дар лигар олӣ баромад  намудан орзӯи деринаи  ӯ  будааст.Соли  1975  ӯ  ба клуби лигаи  олӣ «Черноморетс», ки  дар лигаи  олии Шӯравӣ «чормағзаки  сахте»- буд мегузорад  ва  дар ҳайати асосии ин клуб бомуваффақият  бозӣ  мекунад.  Иброз медорад,  ки  ба  ин  клуб  ҳамроҳи  ӯ  Владимир  Макаров,  ки дар «Помир» ҳамроҳаш бозӣ  мекард бо  даъвати Алиаскаров  низ  рафта  буд.

Александ  Погареловро  баъди  чанде   барои  хизмат  ба  Артиши  Шӯравӣ  даъват мекунанд  ва  ӯ  солҳои  1977-1979  дар лигаи  олӣ  дар  ҳайати клуби овозадори артиш ЦСКА-и шаҳри Москва   бозӣ мекунад. Солҳои  минбаъда бошад  боз  ба «Черноморетс»  омада, бозии худро давом  медиҳад.Бинобар ҷарроҳат  бардоштан  баъдан  соли  1980  чанде   дар клуби «Колос»  Никопол  чун ҳуҷумкунандаи  таҷрибадор  бозӣ  менамояд ва маҳз дар ҳамин даста ӯ дар чемпионати СССР ба дарвозаи «Спартак» Орченкидзе (ҳоло Владикавказ) дар як вохӯрӣ 6 гол зада рекорди лигаи якумро мегузорад ва  баъдан  ба клуби лигаи олии «Днепр»-и  шаҳри Днепропетровский, ки  ҳамроҳи ҳайати мурабиёни клуби «Колос»,ки  назди   худ  вазифаҳои  баланд гузошта  буданд, соли  1981 мегузарад. Александр  Погорелов,  ки  дар сатҳи  шӯравӣ  чун ҳуҷумкунандаи  таҷрибадор  ва  дорои  интизоми  шоиста  шинохта  шуда  буд,  боз  ба  зудӣ  обрӯю  нуфузи хосаеро  дар ин клуб касб  намуда,  ба  ҳайси  капитани  ин  дастаи овозадор  таъин  мегардад  ва  дар  ин  даста  чун ҳуҷумкунанда  ҳунари хело  олии худро  ба  намоиш  мегузорад. Дар  ин  даста  ӯ чун  капитан   соли  1983 чемпиони  СССР   ва  соҳиби  медали  тилоии чемпионат  мегардад. Ӯ  то  соли 1984  дар  ин  даста бомуваффақият  бозӣ намуда, баъдан  бинобар  сабаби ҷарроҳии ҷисмонӣ бардоштан  ба  клуби  лигаи  1-уми  Шӯравӣ  «Колос»-и  шаҳри  Никопол  гузашта  он  ҷо  соле  чанд  бозӣ  мекунад.Уумуман ӯ дар лигаи 1-ум дар ҳайати дастаҳои «Помир» ва «Колос» ҷамъан 61 гол ва дар лигаи олӣ дар ҳайати тимҳои «Черноморетс», «Днепр» ва ЦСКА ҷамъан 43 гол задаст.Ҷамъи голхои задааш дар чемпионатхои лигаи 1-ум ва олии СССР 104 голро ташкил менамоянд,ки ин худ ифодагари маҳорати баланди ин футболбози худрӯи футболи тоҷикро нишон мекдиҳад.Баъдан  ба гузаштани синну  солаш нигоҳ накарда ӯ дар чемпионати вилояти Одесса  бомуваффакият баромад намуда,4 маротиба чемпиони ин вилоят мегардад.Дар ин чемпионат голҳои зиёде задаст.Айни замон федератсяи футболи вилояти Одесса ба хотири ӯ клуби рамзии «100»-ро барои ҳуҷумкунандагоне, ки зиёда аз 100 гол мезананд таъсис додаст.Владимир Георгевич ҳамчунин аз худ дар футболи ветеранҳо нақши хотирмонеро боқӣ гузошта,дар мини-футбол дар ҳайати дастаи «Ришеле» чанд маротиба чемпиони Украина,соли 1999 чемпиони Аврупо ва соли 2000 ум соҳиби Кубоки ҷаҳон мегардад.Ба хотираи ӯ дар ин мусобиқа барои ветеранҳои футболе,ки аз 50 гол зиёд задаанд, мукофоти «Бутсии нуқрагин» аз ҷониби Федератсияи футболи Украина таъсис ёфтааст.

fc-pomir-65656556

Ӯ ҳамчун тренер низ муваффақ гаштааст,ки дастаи «ИРИК»-ро машқ дода чемпиони вилояти Одесса ва соҳиби кубоки ин вилоят гардонад.Ҳамчунин ӯ  ба  дастаҳои наврасону  ҷавонон  тренерӣ намуда,  ба  онҳо  нозукии  касби  футболро  дар  шаҳрҳои  Днепропетровск  ва  Одесса омӯзондааст. Солҳои  охири  ҳаёташ  ӯ  тренери наврасони  мактаби махсуси  футболи  назди  клуби «Черномортс» -и  шаҳри  Одесса,  ки баъди  аз  байн рафтани  СССР бозии худро  дар Премер-лигар ҷумҳурии Украина  давом  медиҳад,  таъин гашта, то  рӯзҳои  вопасини  ҳаёташ,санаи 17.10.2007  дар  ин вазифа машғули кору  таълими  футболбозони  наврас  будааст.

Ӯ  соли  1977  барои  бозии муваффақи  худ  дар  дар лигаи олӣ   соҳиби  унвони баланди  «Устоди  спорти СССР»  гашта,  чи тавре  ки иброз  доштем, соли  1983  дар ҳайати  «Днепр»  соҳиби  унвони чемпиони СССР гаштааст. Ҳамчунин  дар  дастаҳои  ЦСКА, «Днепр»  ва  «Черноморетс»  ӯ  соҳиби  медалҳои  биринҷӣ   ва  нуқрагии  чемпионати  СССР  гашта, танҳо  дар чемпионатҳои  СССР  байни  клубҳои лигаи  олии СССР, чи тавре,ки ишора кардем, зиёда  аз 40 гол  задаст,  ки  ин  нишондиҳандаи ҳунармандии  ин  дастпарвари худрӯйи футболи  тоҷикро  нишон  медиҳад.

Ӯ  дар ёддоштҳои  худ  менигорад,  ки  онҳо  бо Эдгар  Гесс  соли  1972  дар як  рӯз  ба  клуби «Помир»  даъват  гашта, ӯ  пештар ва Гесс  баъдтар  ба  лигаи  олии СССР гузаштаанд. Ногуфта  намонад,  ки  аз замони  эҳёи лигаи  якуми  СССР, яъне соли  1970  то  соли  1972, клуби «Помир»  - и Душанбе чун  клуби суст, бо  ибораи роиҷи  футболӣ «аутсайдер»  ҳисобида  мешуд.Ҷалби Погерелов,  Гесс  ва  дигар  дастпарварони номии  футболи  тоҷик   имконият дод,  ки клуби  «Помир»-и  Душанбе  соли  1972  дар чемпионати лигаи  олии СССР  байни  20  клуб ҷои 7-умро  гирад,  ки  ин муваффақияти  беҳтарин  то  соли  1977 (вақти  Секеч  ва  ҷои  5-умро  гирифтани «Помир»)ҳисоб  ёфта, маҳз  ҳамин  сол  боварии робарияти  Федератсияи  футболи ҶШС- и  Тоҷикистон  ва  мухлисон  ба  ояндаи  клуби асосии  кишвар  боло гирифт  ва  ҳамчунин  таҷрибаи даъвати бозингарони  аз  чемпионати ҶШС- и Тоҷикистон  ба  клубҳои  устодони  класси «А»  равнақи  тозаеро  ба  худ  касб  карда,  ин  таҷриба  ва  такя  ба  футболбозони  худӣ  оянда  манфиатҳои  фаровони  худро дода «Помир»-ро  баъдан  ба  лигаи олӣ баровард.

Хулоса, Александр Георгиевич Погорелов дастпарвари  футболи  тоҷик, аниқтараш  дастпарвари  футболи кӯчагии Тоҷикистон  бо бозии  худ тавонист  дар сатҳи Иттиҳоди  Шӯравӣ  ном барорад  ва  аз  ӯ  ҳама вақт   ва  ҳоло  низ  баъди чанд  соли вафоташ  бо номи дастпарвари  футболи  Тоҷикистон  бо  некӣ  ёд  меоранд,  ки  ин  худ бе шаку шубҳа  нишонаи тарғиби Тоҷикистон  ва  футболи  тоҷик  дар хориҷи кишвар  арзёбӣ  мегардад.

Дар бораи ин  дастпарвари футболи тоҷик собиқ ҳамдастагонаш аз лигаи олии Чемпионати СССР менигоранд,ки онҳо дар симои ин футболбоз зиёии хушлибос, озода, ҷиддӣ, фарҳангӣ ва футболбози чусту чолок ва бомаҳоратеро медиданд.Зиёӣ дар зиндагӣ ва зиёӣ дар футбол,ду сифате ,ки кам дар футболбоз одатан дучор меояд менигоранд онҳо.Оре дастпарвари мактаби кӯчагии футболи тоҷик ва филолог аз рӯи ихтисос барҳак чунин фард низ буд.Моҳи августи соли 2012 ба хотираи  ин ситораи футбол дар шаҳри Сумии Украина вохӯрии футбол доир гашта, мухлисон ва футболбозону аҳли зиёи украин аз ӯ бо некӣ ёд карданд.

Аз марги нобаҳангоми ин ситораи худрӯи футболи точик моҳи октябри соли равон 10 сол сипари гашт  ва мо  мухлисони  аслии футболи  овозадори  тоҷик   аз  марги нобанҳангоми  ин  ситораи  барҳақ  худрӯйи футболи  тоҷик  сахт  андӯҳгин  буда,  дер ҳам  бошад, изҳори тассалияти худро  ба  пайвандон  ва  дӯстдони   ин  футболбози  номвар  мерасонем.

Бо боварии  том  гуфта  метавонем,ки номи Александр  Погорелов  дар саҳифаи  футболи  тоҷик, саҳифаи  таърихи варзиши  тоҷик  бо ҳарфҳои  заррин номнавис  гаштааст  ва  аз хотираи  халқ  ҳеҷ  гоҳ  зудуда  намешавад.

Мо  мефахрем,  ки футболи  Тоҷикистон,  барои  футболи  сатҳи Иттиҳоди  Шӯравӣ, сатҳе, ки футболи  олӣ дошт, барои  як  импературии дорои  қариб  300  миллион  аҳолӣ  чунин  ситораи тобонро арзонӣ  дод.

Ёдаш  ба  хайр  бод!

Варқаи Зайниддин

Узви ИЖ -и Тоҷикистон,

Аълочии матбуот,фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон

ш. Қӯрғонтеппа

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi