05:59:00 30-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҷоми Ҷаҳонии 2018: Натиҷаи 48 бозии марҳилаи гуруҳӣ

Имрӯз дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Ҷоми Ҷаҳонии 2018 даври ҳаштякниҳоӣ оғоз мегардад. То ин дам сиву ду мунтахаби беҳтарини ҷаҳон, ки дар ҳашт гуруҳ тақсим шуда буданд, байни худ дар бозиҳои даври гуруҳӣ 48 вохӯрӣ гузарониданд. Тамоми бозиҳо ҷолибу шавқовару пуршиддат гузаштанд. Танҳо дар як бозӣ, дар дидори мунтахабҳои Фаронсаву Дания ҳисоб кушода нашуд. Дигар ҳама вохӯриҳо босамар буданд. Тибқи омори ҳосилшуда дар 48 вохӯрии аввали Ҷоми Ҷаҳони 2018 дар ҳар як бозӣ бо ҳисоби миёна 2,5 тӯбӣ зада шудааст. Шореҳони футбол чунин бозии пурмаҳсули футболбозонро дар даври бозиҳои гуруҳӣ дар мусобиқаҳои Ҷоми Ҷаҳонии аз ин пеш барпогардида кам ёд доранд.

Мунтахабҳои ноком кадомҳоянд?

image33939679 7e59061104c663fb3153644f1d2bc674

Шонздаҳ мунтахаби беҳтарини ин мусобиқа муборизаро барои ба даст овардаи Ҷоми Ҷаҳон 2018 дар 16 вохӯрии боқимонда давом медиҳанд. Шонздаҳ тими ноком аллакай ба кишварҳои худ баргаштанд. Инҳо мунтахаби Арабистони Саъудӣ, Миср, Эрон, Марокаш, Перу, Австралия, Нигерия, Исландия, Сербия, Коста- Рика, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Тунис, Панама, Сенегал ва Полша мебошанд. Бале, қаҳрамонони мусобиқаи футболи Ҷоми Ҷаҳони 2014 олмониҳо натавонистанд, ки ҳатто ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёбанд. Мусобиқаи қаҳрамонии Ҷоми Ҷаҳони 2018 махсусан барои мунтахабҳои қитъаи Африқо (Миср, Марокаш, Нигерия,Тунис, Сенегал), бебарор буд. Бори аввал дар таърихи футболи Африқо ҳеҷ яке аз мунтахабҳои ин қора натавонист ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёбад.

Мурури мухтасаре меандозем ба бозиҳои даври гуруҳӣ.

Бохти Россия оё бохти тактикӣ буд?

4720275

Дар гуруҳи A ҳамон тавре, ки аксари шореҳони футбол пешгӯӣ мекарданд, ҷои аввалро ду карат қаҳрамони Ҷоми Ҷаҳони (1930, 1950) мунтахаби Уругвай гирифт. Ин даста рақибони худ мунтахаби Мисрро бо ҳисоби 1 бар 0, мунтахаби Арабистони Саъудиро бо ҳисоби 1бар 0 ва мунтахаби Россияро бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб карда бо 9 имтиёз ва таносуби тӯбҳояш 5 бар 0 соҳиби ҷои аввал шуд. Мунтахаби Россия дар ин гуруҳ бо шаш имтиёз ҷои дуввумро соҳиб гардид.

Мизбони мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳони 2018 дар нахусти бозии қаҳрамонии 2018 мунтахаби Арабистони Саъудиро бо ҳисоби 5 бар 0 мағлуб сохт. Дар вохӯрии дуввум низ мунтахаби Мисрро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод. Вале чӣ тавре, ки аллакай медонем, дар вохӯрӣ бо мунтахаби Уругвай бо ҳисоби калон мағлуб шуд. Сабаби шикасти мунтахаби Россияро дар бозӣ бо Уругвай таҳлилгарон ба таври гуногун арзёбӣ мекунанд. Ин дуруст аст, ки дар бозӣ бо ин тим сармураббии мунтахаби Россия Черчесов на ҳама бозингарони асосиро ба майдон бароварда буд.Вале шояд сабаби асосии бохти мунтахаби Россия аз мунтахаби Уругвай на танҳо дар ҳамин бошад.

chm-2018 15301794511099856010

Шояд сабабҳои дигаре бо дарназардошти андешаҳои тактикии мураббиҳои ин тим низ бошад. Ба ҳар ҳол рӯзи 1-уми июл дар вохӯрии ҳаштякниҳоии байни мунтахабҳои Россия ва Испания паҳлӯҳои торики ин бохт рӯшан хоҳад шуд. Дар ин гуруҳ Арабистони Саъудӣ бо се имтиёз ҷои сеюм ва Миср бидуни имтиёз ҷои чаҳорумро ишғол карданд. Ягона таскини дили мухлисони футболи мунтахаби Миср он шуд, ки беҳтарин бозингари ин кишвар Муҳаммад Салоҳ билохира баъди ҷароҳати вазнин ба майдон баромад ва дар вохӯриҳо ба мунтахаби Россия ва Арабистони Саъудӣ ба дарвозаи ҳарифонашон яктӯбӣ зад. Ҳамин тариқ мунтахаби Уругвай рӯзи 30-уми июн дар бозии ҳаштякниҳоӣ бо мунтахаби Португалия қувваозмоӣ менамояд.

Бозӣ соати 23 ба вақти Душанбе дар шаҳри Сочи дар варзишгоҳи «Стадион Фишт» баргузор мегардад. Мунтахаби Россия бошад дар бозии ҳаштякфиналӣ рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Москва дар варзишгоҳи «Лужники» бо қаҳрамони Ҷоми Ҷаҳони 2010 мунтахаби Испания қувваозмоӣ менамояд. Оғози бозӣ ба вақти Душанбе соати 19 00.

Бозии хуб, вале бебарор

Дар гуруҳи B ҳамон тавре интизор мерафт ду ҷои аввалро мунтахабҳои Испания ва Португалия ишғол карданд ва ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Вале ин кор барояшон чандон осон набуд. Бозии байни ин ду даста хеле пуршиддат гузашт ва мусовӣ 3 бар 3 анҷом ёфт. Се тӯбро аз мунтахаби Португалия Криштиану Роналду зад. Испаниҳо дар бозии дуввуми худ ба муқобили эрониҳо бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ғалаба карданд. Дар ин бозӣ доварон тӯби ба дарвозаи испаниҳо задаи эрониҳоро ҳисоб накарданд.

Dg3PQ AXcAExwSi

Аҷиб он аст, ки испаниҳо натавонистанд дар бозии баъдина бо марокашиҳо, ки аз эрониҳо дар вохӯрии нахустинашон бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрда буданд, ғалаба ба даст оранд. Бозӣ бо ҳисоби 2 бар 2 анҷом ёфт. Португалиҳо дар бозии охирини гуруҳиашон низ бо эрониҳо натавонистанд пирӯз шаванд. Дар ин бозӣ низ натиҷа мусовӣ буд: 1 бар 1. Умуман марокашиҳо ва эрониҳо бозии хуб нишон доданд, вале бахт ба рӯяшон нахандид.

Ҳамин тариқ, дар ин гуруҳ мунтахаби Испания ва Португалия бо 5 имтиёзӣ ҷойҳои якуму дуюм, мунтахаби Эрон бо 4 имтиёз ҷои сеюм ва мунтахаби Марокаш бо 1 имтиёз ҷои чорумро ишғол карданд. Дар вохӯрии ҳаштякниҳоӣ, чӣ тавре ки болотар гуфтем, мунтахаби Испания рӯзи 1-уми июл бо мунтахаби Россия ва мунтахаби Португалия рӯзи 30-уми июн бо мунтахаби Уругвай қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ягона бозие, ки ҳисоб кушода нашуд

inx960x640

Дар гуруҳи С мунтахаби Фаронса ва Дания мутаносибан бо 7 ва 5 имтиёзӣ ҷойҳои якуму дуюмро ишғол карданд. Мунтахаби Фаронса дар бозӣ бо мунтахаби Австралия бо ҳисоби 2 бар 1, дар вохӯрӣ бо мунтахаби Перу бо ҳисоби 1 бар 0 ғалаба кард. Вохӯрии ин тим бо мунтахаби Дания, ки дар варзишгоҳи «Лужники» баргузор шуд, бо ҳисоби 0 бар 0 анҷом ёфт ва боиси норизогии мухлисони сершумор гардид. Гап дар ин ҷост, ки ҳарду мунтахаб то оғози ин бозӣ медонистанд, ки ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтаанд ва аз ин рӯ чандон талоше барои ғалаба накарданд.

Ҷои сеюмро дар ин гуруҳ бо 3 имтиёз мунтахаби Перу ишғол кард. Ин се имтиёзро мунтахаби Перу дар бозӣ бо мунтахаби Австралия ба даст овард. Дар ин вохӯрӣ мунтахаби Перу ба дарвозаи Австралия ду тӯби беҷавоб зад. Мунтахаби Австралия ҳамагӣ як имтиёз ба даст овард ва он ҳам дар бозӣ бо мунтахаби Дания, ки бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом пазируфт. Ҳамин тариқ, имрӯз (30.06.2018) мунтахаби Фаронса дар бозии нахустини ҳаштякниҳоӣ, ки соати 19 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Казан Арена»-и шаҳри Қазон баргузор мегардад, бо дукарат қаҳрамони Ҷоми Ҷаҳонии футбол ( 1978, 1986) мунтахаби Аргентина қувваозмоӣ менамояд. Мунтахаби Дания бошад соати 23 ба вақти Душанбеи рӯзи 1-уми июл дар бозӣ бо мунтахаби Хорватия талош мекунад, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёбад.

Роҳи Месси барои қаҳрамони ҷаҳон шудан кушода шуд?

uaeab64fd5d9c

Дар гуруҳи D ягона мунтахабе, ки дар ҳар се бозии гуруҳӣ ғалаба ба даст овард Хорватия мебошад. Ин мунтахаб тими Нигерияро бо ҳисоби 2 бар 0, тими Аргентинаро бо ҳисоби 3 бар 0 ва тими Исландияро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб сохта, бо 9 имтиёз дар зинаи аввали ҷадвали гуруҳӣ қарор гирифт ва ба даври ҳаштякниҳоӣ яке аз аввалинҳо шуда роҳ ёфт. Мубориза барои роҳхати дуввум дар ин гуруҳ хеле пуршиддат буд.

Мунтахаби Аргентина, ки бозии нахустинашро бо мунтахаби Исландия (бори нахустин аст, ки дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол ширкат мекунад) мусовӣ 1 бар 1 ва бозии дуввумашро ба мунтахаби Хорватия бо ҳисоби 0 бар 3 бохта буд, дар бозии охирини гуруҳӣ зарурат дошт, ки бар мунтахаби Нигерия ҳатман пирӯз шавад. Дар навбати худ барои мунтахаби Нигерия, ки баъди пирӯзӣ бар мунтахаби Исландия бо ҳисоби 2 бар 0 соҳиби 3 имтиёз шуда буд, мусовӣ анҷом додани бозӣ бо мунтахаби Аргентина кофӣ буд, ки ба ҳаштякниҳоӣ роҳ ёбад.

Dg0uV7yWAAIszs1

Месси ва ҳамраҳонаш аз ҳалли ин масъалаи барои мунтахабашон мушкил баромаданд. Мунтахаби Аргентина дар ин бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ғалаба ба даст овард ва ҳам роҳро ба сӯи қуллаи мурод боз кард. Ҳамин тариқ Хорватия ва Аргентина аз ин гуруҳ ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ёдовар мешавем, ки Аргентина бо Фаронса ва Хорватия бо Дания дар даври ҳаштякниҳоӣ қувваозмоӣ хоханд кард.

Неймар: Боз як шанси таърихӣ

Дар гуруҳи E Бразилия, мунтахаби қаҳрамони панҷкаратаи футболи ҷаҳон бо касби 7 имтиёз аз се бозӣ дар садри ҷадвал ҷо гирифт. Вале ин комёбӣ барояш ба осонӣ даст надод. Дар бозии нахустин бо мунтахаби Швейсария бразилиягиҳо бо натиҷаи мусовӣ 1 бар 1 танҳо як имтиёз ба даст оварданд. Дар бозиҳои баъдина бо Коста-Рика ( 2 бар 0) ва Сербия ( 2 бар 0) , кӯшишу талошҳои зиёде ба харҷ дод то пирӯзӣ ба даст орад.

nejmar 1530144117846808788

Ин шанси таърихиро Неймар оё барои қаҳрамони ҷаҳон шудан истифода хоҳад бурд? Швейсария баъди аз бозӣ бо «пентакемпионҳо» як имтиёз гирифтан дар бозӣ бо мунтахаби Сербия бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд. Бозии ахирашро дар гуруҳ бо Коста Рика мусовӣ анҷом дода бо 5 имтиёз ҷои дуюмро ишғол кард. Ҳамин тариқ ин ду мунтахаб ба ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар ин марҳилаи Ҷоми Ҷаҳони 2018 мунтахаби Бразилия рӯзи дуюми июл соати 19 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Самара Арена»-и шаҳри Самара бо мунтахабаи Мексика қувва меозмояд. Мунтахаби Швейсария бошад рӯзи 3-юми июл соати 19 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Стадион Санкт-Петербург»-и шаҳри Санкт- Петербург бо мунтахаби Шведсия сар ба сар мешавад.

Олмониҳо ормонӣ шуданд

Дар гуруҳи F ҷойҳои якуму дуввумро мутаносибан Шведсия ва Мексика бо ҳам диданд. Ҳарду мунтахаб аз се бозигӣ 6 имтиёзӣ ба даст оварданд. Аз сабаби он ки бозии байни ин ду мунтахаб бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи Шведсия анҷом пазируфт, шведҳо бо имтиёзи баробар дар ҷои аввал ва мексикоиҳо дар ҷойи дуввум мавқеъ гирифтанд.

large

Мунтахаби Олмон, ки аксари шореҳони футбол ғалабаи онро на танҳо дар гуруҳ, балки дар Ҷоми Ҷаҳони 2018 пешгӯӣ мекарданд, аз се бозӣ ду бозии худро ба мунтахабҳои Мексика бо ҳисоби 0 бар 1 ва Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0 бар 2 бохт ва бо се имтиёз ( пирӯзӣ бар мунтахаби Шведсия бо ҳисоби 2 бар 1) ҷойи чорумро дар ин гуруҳ ишғол кард. Ҷойи сеюмро дар ин гуруҳ Кореяи Ҷанубӣ гирифт. Ҳамин тариқ дар бозиҳои ҳаштякниҳоӣ, чи тавре ки болотар гуфтем, мунтахаби Шведсия бо мунтахаби Швейсария ва мунтахаби Мексика бо мунтахаби Бразилия рӯзҳои дуввуму сеюми июл қувва меозмоянд.

Белгия баъди 82 сол боз ғалаба кард

Дар гуруҳи G мунтахаби Белгия бар ҳамаи ҳарифони худ: мунтахаби Англия бо ҳисоби 1 бар 0, мунтахаби Панама бо ҳисоби 3 бар 0, мунтахаби Тунис бо ҳисоби 5 бар 2 пирӯзӣ ба даст оварда бо 9 имтиёз ҷойи аввалро ишғол кард. Воқеан, дар 82 соли ахир ин аввалин ғалабаи мунтахаби Белгия бар мунтахаби Англия мебошад.

03f41d10df346d4a076b655ffaf73feb5b35354840fc5855471645

Ҷойи дуввум бо 6 имтиёз насиби мунтахаби Англия шуд. Қаҳрамони Ҷаҳон дар соли 1966 мунтахаби Англия дар бозӣ бо тими Тунис бо ҳисоби 2 бар 1, дар бозӣ бо тими Панама бо ҳисоби 6 бар 1 пирӯз шуд. Бояд гуфт, ки Ҷоми Ҷаҳони 2018 нахустин қаҳрамонии ҷаҳон аст, ки мунтахаби Панама дар он ширкат варзид ва нахустин голро ҳам маҳз дар ҳамин бозӣ ба дарвозаи Англия зад. Бо вуҷуди ин муваффақият мунтахаби Панама дар ин гуруҳ ҷои чорум ва мунтахаби Тунис ҷои сеюмро ишғол карданд.

Ҳамин тариқ дар бозиҳои ҳаштякниҳоӣ мунтахаби Белгия рӯзи дуввуми июл соати 23 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Ростов Арена»-и шаҳри Ростови лаби Дон бо мунтахаби Ҷопон ва мунтахаби Англия рӯзи сеюми июл соати 23 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Масква бо мунтахаби Колумбия кувваомоӣ мекунанд.

Ҳушёр бошед, корти зард нагиред!

image33939679 8e430a2b29bdebbf7529df56ed27431d

Дар гуруҳи H ғайричашмдошт ҳама шореҳони футбол мунтахаби Колумбия бо 6 имтиёз ба ҷойи аввал баромад. Мунтахаби Колумбия агарчи дар нахустин бозии гуруҳӣ аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрда бошад ҳам, вале дар дигар бозиҳояш бар мунтахаби Полша бо ҳисоби 3 бар 0 ва бар мунтахаби Сенегал бо ҳисоби 1 бар 0 ғалаба кард. Мунтахабҳои Ҷопон ва Сенегал соҳиби имтиёзҳои баробар (чоримтиёзӣ) шуданд. Таносуби тӯбҳояшон низ баробар буд. Вале аз сабаби он ки дар бозиҳои даври гуруҳӣ бозингарони Сенегал бештар аз бозингарони ҷопонӣ огоҳӣ (варақаи зард) гирифта буданд, доварни ФИФА ҳаққи ширкат дар бозии ҳаштякниҳоиро ба ҷопониҳо раво донистанд. Акнун шумо, муштариёни азиз, аз навиштаи чанд сатр болои мо медонед, ки дар даври ҳаштякниҳоӣ мунтахаби Колумбия бо мунтахаби Англия ва мунтахаби Ҷопон бо мунтахаби Белгия рӯзҳои дуввум ва сеюми июл барои роҳхат гирифтан ба даври чаҳорякниҳоӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми Ҷаҳони 2018

Марҳилаи бозиҳои гуруҳӣ нишонзанҳои беҳтаринро низ то андозае муайян сохт. Ҳоло дар раъси феҳристи нишонзанҳои Ҷоми Ҷаҳони 2018 баъди марҳилаи бозиҳои гуруҳӣ бо панҷ гол ҳуҷумкунандаи мунтахаби Англия Ҳарри Кейни меистад. Бозингари мунтахаби Португалия Криштиану Роналдо ва ҳуҷумкунандаи мунтахаби Белгия Ромелу Лукаку ба дарвозаи ҳарифонашон чаҳорголӣ задаанд ва ҳарду дар ҷойи дуввум қарор гирифтанд.

image33939679 bdb8d781d9a23c644aa21e5616bd9c3b

Бозингари мунтахаби Испания Диегу Коста ва бозингари мунтахаби Россия Денис Черышев бо сеголӣ дар ҷойи сеюми нишонзанҳо мавқеъ доранд. Бозингарон Йерри Мина (Колумбия), Эден Азар (Белгия),Муҳаммад Салоҳ (Миср), Артем Дзюба (Россия),Филиппе Коутиню (Бразилия), Луис Суарес (Уругвай), Аҳмед Мӯсо (Нигерия), Сон Хин Мин (Кореяи Ҷанубӣ),Ҷон Стоунс (Англия), Ваҳби Хазри (Тунис),Лука Модрич (Хорватия), Андреас Гранквист (Шведсия), Миле Единак (Австралия) бо дутӯбӣ дар ҷои чоруми феҳристи нишонзанҳоянд.

Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» чанд рӯз боз дар меҳмонии фарзандону наберагонаш дар шаҳри Екатеринбург қарор дорад. Дар яке аз ҳамин рӯзҳо, дақиқан 27-уми июн, дар ҳамон рӯзе, ки мунтахабҳои Шведсия ва Мексика вохӯрии охирини худро дар даври бозиҳои гурӯҳӣ дар варзишгоҳи «Екатерин Арена»-и шаҳри Екатеринбург мегузарониданд, ба мақсади дарёфти билет ва тамошои бозӣ якҷо бо хонавода чанд соат пеш аз оғозӣ бозӣ ба варзишгоҳ омадем. Агарчӣ, мутаассифона, билет пайдо карда натавонистем, вале аз фазои идона ва пур аз футболи шаҳри зебои Екатеринбург лаззат бурдем. Лаҳззаҳои зебову хотирмон хеле зиёд буданд. Намунае аз онҳоро, ки аксбардорӣ кардаем, нисори Шумо азизони дил мекунем.

footbal-russia2018-111

footbal-russia2018-222

footbal-russia2018-333

footbal-russia2018-444

footbal-russia2018-555

footbal-russia2018-666

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi