10:56:51 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дилшод Назаров узвияти Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё пешбарӣ шуд

Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016 барои солҳои 2023-2027 ба ҳайси узви Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё пешбарӣ гардид. Дар ин бора ТВ “Варзиш” иттилоъ медиҳад.

dilshod nazarov 12125487845Ба гуфтаи манбаъ, имрӯз Шайх Талол Фаҳад Ас-Сабоҳ, президенти Шӯрои олимпии Осиё (OCA) ба Дилшод Назаров мактуби табрикотӣ фиристодааст.

“Мувофиқи салоҳияте, ки моддаи 19 ва 24-и Конститутсияи OCA бароям додааст, ман аз пешбарӣ кардани шахси шумо ба ҳайси узви Раёсати OCA барои солҳои 2023-2027 хеле хушҳолам”, - омадааст дар мактуби Шайх Талол Фаҳад Ас-Сабоҳ.

Президенти Шӯрои олимпии Осиё афзудааст, “умедворам бо шахсияти неки шумо барои пешбарӣ ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар Осиё ҳамкорӣ кунам”.

Бояд гуфт, ки ҳоло Дилшод Назаров ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016, ҳамчунин барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 ва барандаи 3 медали тиллои Бозиҳои осиёӣ аст.

Ҳамчунин, ӯ қаҳрамони 5-каратаи Осиё мебошад.

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi