14:08:27 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЛИГАИ АВВАЛ: «САРОЙКАМАР» - ПЕШСАФИ ЯГОНА

 

 Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Саройкамар»-и Панҷ дар меҳмонӣ РШВСМ-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. «Хайр»-и Ваҳдат бар дастаи меҳмон - «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. «Ҷавонон»-и Турсунзода низ дар сафар «Барқ»-и Норакро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. «Локомотив»-и Душанбе дар майдони худ бар «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. «Рангонгаз»-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳам дар майдони худ бар «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст овард. 

Бад-ин тартиб дар ҷадвали мусобиқа «Саройкамар» бо 12 имтиёз дар ҷои аввал, «Хайр» бо 8 имтиёз дар ҷои дуюм ва «Ҷавонон» бо 7 имтиёз дар ҷои сеюм мебошанд. 

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 14-уми июн
                                   

                                         Б Ғ М Б Т/Т И
1. «Саройкамар» (Панҷ) 4 4 0 0 8-3 12
2. «Хайр» (Ваҳдат) 4 2 2 0 12-5 8
3. «Ҷавонон» (Турсунзода) 3 2 1 0 10-2 7
4. «Панҷшер» (Румӣ) 4 2 0 2 14-6 6
5. «Локомотив» (Душанбе) 4 2 0 2 4-6 6
6. «Ҳулбук» (Восеъ) 4 2 0 2 7-10 6
7. «Барқ» (Норак) 4 1 1 2 5-10 4
8. «Рангонгаз» (Рӯдакӣ) 4 1 1 2 5-12 4
9. «Зарафшон» (Панҷакент) 4 0 1 3 3-8 1
10. РШВСМ (Душанбе) 2 0 0 2 2-7 0


Беҳтарин голзанҳо: Дилшод Табаров («Хайр») ва Саймурод Юнусов («Панҷшер») - 6-голӣ.

Бозиҳои даври 5-ум: 14-уми июн – «Ҳулбук» - «Ҷавонон», «Панҷшер» - «Барқ», «Зарафшон» – РШВСМ, «Локомотив» - «Рангонгаз», 15-уми июн «Саройкамар» - «Хайр».

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi