17:04:29 25-уми Июни 2025 сол

РАСУЛ АЗ ТОҶИКИСТОН НАМОЯНДАГӢ ХОҲАД КАРД

3-юми феврал дар шаҳри Душанбе қарордоди ҳамкории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) бо Расул Боқиев, варзишгари маъруфи тоҷик, баста шуд. Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумиати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар дар як нишасти матбуотӣ, ки ба ин мавзӯъ бахшида шуд, ба хабарнигорон гуфт:

 

«Мувофиқи ин қарордод Кумитаи миллии олимпӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» барои омодагӣ ва ширкати Расул Боқиев дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар муддати се сол, яъне то Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 маблағи зарурӣ ихтисос хоҳанд дод. Дар навббати худ паҳлавони тоҷик муваззаф шудааст, ки барои ғолиб шудан дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ, Бозиҳои осиёӣ дар Чин ва Олимпиадаи Лондон талош варзад».

 

Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии олимпиадаи Пекин, ба радиои Озодӣ гуфт, «мақсади аслии ман дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон пирӯз шудан аст. Барои ба чунин дастовардҳои бузург ноил шудан, албатта, шароити хуб ва маблағгузории кофӣ зарур аст. Ин қарордод ба ман ва мураббиам Владимир Елчанинов имкон медиҳад, ки ба мусобиқоти байналмилалӣ ҳамаҷониба омода шавем ва натоиҷи дилхоҳ ба даст орем».

 

Ба гуфтаи Расул Боқиев вай имсол нахуст дар сабқати интихобии олимпӣ, ки моҳи май дар Тунис шурӯъ мешавад, ширкат меварзад. Баъдан дар чунин мусобиқа дар Миср Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард.

 

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/javonon-va-varzish/1675-2010-02-04-05-00-38.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ