ЭЪТИРОЗИ ДОНИШҶӮЁН АЗ АФЗОИШИ ҚИМАТИ ТАҲСИЛ
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасии шикояти донишҷӯён дар бораи афзоиши қимати таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсатро оғоз кардааст. Дар ин бора аз мақомоти додситонии вилояти Суғд иттило доданд. Завқибек Гиёев, як масъули додситонии вилоят, гуфт, ки парванда аз рӯи шикояти гурӯҳи донишҷӯён боз шудааст, ки аз мизони баланди ҳаққи таҳсил дар ин муассиса шикоят кардаанд.
Оқои Гиёев мегӯяд, боло бурдани пардохти ҳаққи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд хилофи низомномаи ҳукумати кишвар сурат гирифтааст ва чунин тасмими масъулини донишгоҳ ба вазъу шароти иҷтимоии пардохткунандаҳо мувофиқат намекунад. Вай афзуд, тӯли се соли хониш пули таҳсил дар ин донишгоҳ аз 600 то 800 сомонӣ беасос боло бурда шудааст.
Дар ҳоле, ки нархномаи нави таҳсили донишгоҳ аксар муҳассилони онро қаноатманд намекунад, масъулини донишгоҳ иддао доранд, ки ин қимати баланд нест ва онҳое, ки бо ин нархҳо розӣ буданд, дар оғози соли таҳсили 2009- 2010 шартнома имзо кардаанд.
Аброр Мирсаидов, ноиб ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд, мегӯяд, боло бурдани ҳаққи таҳсил бо мақсади ҳавасмандкунии устодон ва омӯзгорон сурат гирифта, дар шароити болоравии қиматҳову паст будани маоши омӯзгорон онҳоро ба ихтисосашон бештар дилгарм хоҳад кард.
Масъулини донишгоҳ мегӯянд, ки дар соли хониши 2009-2010 моҳонаи миёнаи омӯзгорон аз 1200 ба 1800 сомонӣ боло бурда шудааст. Дар ҳамин ҳол аксар донишҷӯёни донишгоҳ бо нигаронӣ мегӯянд, ки нархномаи амалкунанда барои онҳо хеле гаронӣ мекунад ваонҳо тавони пардохти ин маблағро надоранд.
Усмон Сиддиқов, як донишҷӯи ин донишгоҳ, мегӯяд, ки масъулин ба ҳангоми боло бурдани ҳаққи таҳсил вазъи молии донишҷӯёнро нодида гирифтаанд. Усмон, ки худ яке аз шикоятбурдаҳо мебошад, хостори ислоҳи вазъ дар донишгоҳаш аст. Ин як ҳодисаи бесобиқа дар кишвар аст, ки гароншавии ҳаққи таҳсил дар донишгоҳ бо шикояти донишҷӯён аз сӯи додгоҳ баррасӣ мешавад.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд дар соли 1993 таъсис шуда, дар он ҳоло беш аз 5 ҳазор донишҷӯ дар бахши рӯзонаву ғоибона таҳсил мекунад.
Қамари Аҳрор, «Озодӣ»
http://ruzgor.tj/javonon-va-varzish/1815-2010-02-24-14-13-42.html