ДАР ДАСТБӮСИИ ХУДОИ ҶОПОНИҲО
Тибқи барномаи «Тренинг барои журналистони Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон роҳандозӣ мешавад, чанд рӯз пеш аз Наврӯз дар Ҷопон будам. Чун қаблан аз маркази ҷаҳонии электроникаи муосир ва технологияи рақамӣ будани ин кишвар мисли хелеҳо огаҳӣ доштам, маро дастовардҳо ва пешрафтҳои ин кишвар ба ҳайрат наовард. Ҳатто лексияҳои профессорони солдидаи ҷопонӣ дар бораи журналистикаи асри XXI барои ман тақрибан чизи наве надошт.
Зеро ин ҳамаро барвақт аз забони пешоҳангони жрналистикаи амалии тоҷик дар инҷо шунида будам. Кӯтаҳи гап, ҳама он дастовардҳои воқеъан беназире, ки ман дар «кишвари Тулуъи Офтоб» медидам, болотар аз пиндору тасаввури ман набуданд. Аммо шигифтиам, ҳайратзадагиам ҳар лаҳзаву замон аз Суръат ва Фарҳанг дарин сарзамин боло мегирифт ва додам ба флак мепечид, ки «О чаро мо-тоҷикони замоне тамаддунофар дар ин замон ҳоло ҳам бо суръати аробаи бобоӣ пеш меравем?!!» Ва суръати ин аробаро бо суръати қатораи баландсуръати электрикии «Сенкансен», ки шаҳрҳои Ҷопонро ба ҳам мепайвандад, асло намешавад дар муқоиса гузошт. Дар ин ҷазира инсон дорои болотарин эҳтиром аст, дар мо бошад ин фарҳанг дар сари селофани нос гиреҳ хӯрдааст…
«Черный таджик» ё «Mr. Abduazim»
Сафари ман ба ин кишвар тариқи ду фурӯдгоҳи шаҳри Маскав сурат гирифт. Паридам аз Душанбе ба Внуково ва сипас буд хатсайри «Домодедово-Нарита» (Токио). Дар ин сафар аввалин нафаре, ки дар фурӯдгоҳи Внуковои шаҳри Маскав мусофиронро пешвоз гирифт, милисаи рус буд. ӯ ҳар як тоҷикистонии бадаршударо ба назди худ даъват карда, бо оҳанги дурушт сабаби омаданашро пурсон мешуд. Ҳисси журналистиам боло гирифту ба пеш намерафтам, то ба назди ман ҳам ояд. Шоҳиди он мешудам, ки чи тавр ҳар як нафарро дар соатҳои аввали ворид шудан ба ин сарзамин зери тамасхур мегирифтанд. Ба назди ман касе намеомад.
Чун сумкаамро ба китфам гирифтам, яке аз гурӯҳи милисаҳо, ки чанд қадам аз ман дуртар меистоданд, бо забони русӣ садо кард, мигрант туро мумкин аст? Ман худро ба нодонӣ зада, вонамуд кардам, ки сӯи истгоҳи таксиҳо равон ҳастам. Ин дам ба чашмам афтод, ки қадаме пеш монда, «тоҷики сиёҳ» ба ту мегӯям, гуфт. Чун қаблан муносибати ин милисаро бо муҳоҷирон дида будам, қасдан бо забони инглисӣ салом додам. Ҳуҷҷат пурсид, боз бо забони инглисӣ гуфтам, ки «ман забони русиро балад нестам, хоҳиш мекунам бо инглисӣ сӯҳбат намоед». «Паспорт» гуфта, хомӯш шуд. Шиносномаамро дароз кардам. Чун дар шиносномаам раводиди Ҷопонро дид, «Роҳи сафед» гуфт. Дуртар рафта, қарор гирифтам. Чизе ба ҷуз аз гурӯҳ-гурӯҳ тоҷикистониёни сархам, ки назди милисаҳо истода, гунаҳкорона чизе мегуфтанд, ба назарам намерасид. Чанд қадам дуртар сержанте чанд ҳамиллатамро истинтоқи лафзӣ мекард. Аз панҷ нафар якеаш русиро балад буд, ки аз худ дифоъ мекард…
Инҷо худро дар Тоҷикистон ҳис мекардам, зеро ҳар сари қадам ба тоҷик дучор шудан мумкин аст. Бо ҳар кадом тоҷике, ки ҳамсӯҳбат мешудам, аз милисаву кормандони ФМС мегурехт. То дур шудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тоҷикон низ аз ман дур мешуданд. Аксарашон ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муҳоҷири кориро надоштанд. Хелеҳо ҷавонҳои наврасмонанд буданд, ки худро ӯҳда намекарданд. Ба худ мегуфтам, агар давлату ҳукумати мардумӣ медоштем, шояд аксарияти инҳо инҷо намеомаданд ё агар меомаданд, ҳар гурӯҳи онҳоро намояндаҳои Хадамоти муҳоҷират пешвоз мегирифт ва то ҷо ба ҷо шуданашон масъули онҳо мешуд. Сад, афсӯс, ки худро бо дасту бедастии худ хор кардаем…
Вақти ба қайд гузаштани ман шуд, ба назди нуқтаи ба қайдгирии хатсайри сафарам рафтам. Инҷо орому сокиттар буд. Касе ба ман аққалан бо нимнигоҳе наменигарист, ҳама бо табассум сӯҳбат мекарданд. Шигифтиам боло шуд, ки соате чанд муомила бо ман тамоман дигар буд. Аз ҳайронӣ намедонистам, чи бигӯяму чӣ фикре кунам. Бо бону ва марде, ки паҳлӯи ҳам истода мусофиронро ба қайд мегирифтанд, бо забонитоҷикӣ салом дода, ба чеҳраҳояшон нигаристам.
Мижгони касе аз эшон хам нахӯрд. Баъди лаҳзае бонуи баландқомат паспортамро ба дастам дода, бо лаҳни зебои инглисӣ «парвози хуш» гуфт ва бо даст самти толореро ишора кард. Бо тоҷикӣ бурротар «раҳмат» гуфтам. Боз табассум кард ва ман рафтам ба сӯи толоре, ки дар варақаи дастам ишорааш буд. Дақиқае чанд пеш аз парвоз бо баландгӯяк номи маро гирифтанд. Бонуи хушсадое бо забони инглисӣ мегуфт: «Mr. Abduazim Dhzuraev (Мистер Абдуазим Ҷӯраев) шуморо ба назди толори 33 даъват мекунем!
Ҳайрон шудам: чаро маро даъват мекунанд? Аз ҷой хестам, ки боз такрор кард. Ба нуқтаи таъиншуда равон шудам. Расида баробар, ҳис кардам, ки дар чанд дақиқа «Мистер» шудаам. Духтари зебое «Mr. Abduazim шумо нусхаи билети электрониатонро рӯи миз фаромӯш кардаед, марҳамат намуда, онро бигиред», гуфта ба дастам дод. Ман бо нигоҳи самимӣ бо инглисӣ ба ӯ ташаккур гуфтаму бону бо табассум ба ман. Ана ҳамин тавр, ман дар пойтахти шарики стротежии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар чанд дақиқа аз «черный таджик» ба «мистер Абдуазим» табдил шудам ва хуб ҳам фаҳмидам, ки ҳамаи ин ба он хотир буд, ки мусофири тоҷик ба кишвари Ҷопон парвоз дорад.
Nippon(Нипон)-кишвари тулӯъи офтоб
Ҷопонро «кишвари тулӯъи Офтоб» ном мебаранд ва воқеъан ҳамин тавр ҳам ҳаст. Маҳаллиҳо ватанашонро Ниппон меноманд. Масоҳати Ҷопун 377,9 ҳазор км2-ро ташкил дода, дар он беш аз 127 млн. нафар аҳолӣ ба сар мебурдаанд. Иқтисоди ин кишвар дуввумин дар ҷаҳон, пас аз иқтисоди ИМА мебошад. Раисии ҳукумати Ҷопунро парлумон аз миёни Ҳизби либерал-демократии Ҷопун ва Ҳизби демократии Ҷопун интихоб мекунанд. Парлумони Ҷопун аз ду палата иборат аст. Палатаи болоии он аз 252 намоянда иборат мебошад, ки барои 6 сол интихобот мешаванд. Палатаи поёнии он дорои 480 намоянда мебошад, ки барои 4 сол интихоб карда мешаванд.
Ҳизбе, ки барномаашро дар давоми сари ҳокимият будан, иҷро карда наметавонад, масъул аст, ки дар назди интихобкунандагон узр пурсад. Бештари корхонаҳои кишвар, ки даромади ҳангуфт меоранд, шахсӣ мебошанд. Аз ҷумла ширкати номдори «Тойота», ки дар истеҳсоли мошин дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад. Ҷопун яке аз давлатҳоест, ки андозҳои пастаринро дар дунё аз мардумонаш меситонад. Аз рӯи нишондиҳандаи даромади моҳонаи ба сари як нафар аҳолӣ, ки ба камаш 4 000 доллари ИМА мебошад, дар соли 2008 дар ҷаҳон дар ҷои 8-ум қарор доштааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон аз рӯи даромади аҳолӣ ба сари як нафар дар чаҳон яке аз ҷойи ахиртаринро ишғол мекунаду бо рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, ки дорад баъди 450 сол ба Ҷопун қариб, ки наздик мешавад. Дар Япония маъракаи даъват ба сафи қушунҳо вуҷуд надорад, зеро ин давлат армия надорад.
Ду чархболи як нашрия
Тибқи барномаи қаблан тарҳрезишуда ба мо беҳтарин журналистони собиқадори Ҷопун аз таърих, дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз ВАО-и дирӯзу имрӯзи Ҷопун лексия мехонданд ва амалан дар бораи чигунагии жанрҳои журналистии ин кишвар маводҳо омода мекарданд. Гарчанде профессорони номӣ аз журналистика дарс мегуфтанд, аммо барои ман навгоние надошт, хомӯширо авло медонистам. Мавзӯъҳое, ки матраҳ мекарданд дар маҳфилҳои алоҳида ё аз пешоҳангони матбуоти мустақили кишвар шунида будам. Ба мо ҳар рӯз мегуфтанд. Аммо вақте ба дастовардҳояшон мерафтанд, боз хомӯширо ихтиёр мекардам, чун чунин неъмат дар мо нест.
Олимони ин кишвар дар сари андешаи онанд, ки интернет ҷои расонаиҳои классикиро дар Ҷопон танг карда истодааст. Ё фикри онро доранд, ки ҷавонони то 25 -сола ба рӯзномаҳо кам таваҷҷӯҳ доранд. Ман бошам дар ин амр андеша намекардам. Интернет чӣ? Дар хонаи мо ҳоло қувваи барқ нест! Рӯзномаи электронии ҳаррӯза? Напурсед, рӯзномаи чопӣ ҳам надорему зиёиёнамон ҳатто моҳномаро намехонанд, боз рӯзнома. Ҷопуниҳо, гӯё тамоми ноқисиҳои рушди ҷомеа ва беҳунарии масъулони ҳукумати Тоҷикистонро масхара мекарданд, ки мегуфтанд, «5 рӯзномаи сертиражтарини олам дар Ҷопун нашр мешаванд». Аз ҳама калонтарини онҳо рӯзномаи «Ёмиури» будааст, ки бо теъдоди 10 млн. 200 ҳазор нусха рӯзе ду бор нашр мешавад. Айб ҳам бошад, ногуфта наметавонам, ки солона дар Тоҷикистон камтар аз 5 млн. нусха газетаҳо чоп мешаванд. Дар «Ёмиури» беш аз 2700 хабарнигор фаъолият мекардаанд. Бале-бале, аз ҷамъи журналистони тоҷик зиёдтар!
Дар меҳмонии нашрия рӯи саҳфаи аввал акси дарахти бузурги чаппашударо дида, ҳамту гуфтам, ки «бо аз баландӣ гирифтан, акс хеле диданӣ омадааст». Дар ҷавоб маро куштанӣ шуданд: «Акси ин дарахтро аз чархбол бардоштаанд. Мо дар ихтиёр ду чархбол дорем, онҳо шабонарӯзӣ дар хидмати воқеъанигорон ҳастанд». Ин лаҳза ба ёдам, марги фоҷиавии ҷавони 18-солаи ваҳдатӣ омад, ки беш аз 1,5 соат дар шоҳидии 1200-1300 одаму раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин дар 70-метрии пули Кофарниҳон барои зинда мондан мубориза бурд, вале чархбол-чӣ, раиси ҳукумату Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи як кишвар 100 метр банде наёфтанд, ки насли истиқлолро наҷот диҳанд. Раиси ҳукумат инро нодида гирифт. Ҷавоне ки ҳамсоли Истиқлол буд, ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд, аммо даҳҳо сабти телефонии марги ӯ ва он масъулони ҳукуматӣ ҳоло ҳам зиндаанд. Ё ҳар сол хабари вафти чандин нафарро дар мавзеъи Майхӯра мефаҳмем, ки зери тарма мондаанду кормандони ҳолатҳои фавқулода, баъди чандин соат ҳозир шудаанд.
Формулаи вирус ё тараққиёт
Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон Ҷопун бо суръати бовар накарданӣ ба пеш ҳаракат кард. Дар давоми 20-25 сол ҳукуматҳои Ҷопун тавонистанд, ки кишварашонро ба қатори давлатҳои пешсафтарини дунё ворид созанд ва зиндагии шоистаеро барои мардумаш муҳайё гардонанд. Акнун садҳо институ донишгоҳҳо ва даҳҳо ҳазор муҳаққиқон «мӯъҷизаи Ҷопон»-ро меомӯзанд, вале ҳамсӯҳбати мо журналист-иқтисодчӣ О. Это ба саволҳои ман боифтихор мегӯяд, «ҳукуматҳои мо (ҷопуниҳо, баръакси мову шумо мутмаинанд, ки ҳар як ҳукумат омада меравад ва ҳич кас ягон хел «сварка-пварка» кардагӣ нест! ) авлавиятро ба маориф ва илм доданд ва дар қолаби ҷопунӣ тамаддуни мудерни Ғарбро ҷо карда тавонистанд. Ин ҳама ва меҳнатқаринии бемисли ҷопунӣ моро миллати муваффақ кард». ӯ нақл мекунад, ки он солҳои мудҳиши баъдиҷангӣ даҳҳо ҳазор ҷавонони ҷопунӣ барои таҳсил ба Аврупо мерафтанд. Барои ин ҳукумат шароит фароҳам меовард.
-Медонед, -мегӯяд ӯ-ҳар дуюм марде, ки чакаи сараш дар ин кишвар сафед шудааст, ҳич не барои таҷриба ба Аврупо сафар кардааст. Ҳукуматҳо ба халқ такя карда, вазифаашонро иҷро намуданд ва натиҷа ин аст, ки ҳама олам мебинад. Устоде пеш аз оғози лексияаш дар тахтаи синф «5W1H» навишт. Фикр кардам, наход ягон вируси нав оламро зер карда бошад. Аммо ин тахмини ман кӯдакона баромад. Навиштаи «5W1H» маънии 5 маротиба why? (Барои чӣ?) ва 1 маротиба how? (Чӣ тавр?)-ро доштааст. Профессор гуфт: «Агар ҳангоми кор ҷопуние бо нофаҳмӣ рӯ ба рӯ гардад, бояд 5 маротиба аз худ «Барои чӣ?» чунин шудааст, гуфта бипурсад ва аз пайи паси ислоҳаш бишавад. Агар дарки масъала пайдо нашуду мушкил ҳал нагардид, ӯ ҳақ дорад 1 маротиба аз нафари медониста, «Чӣ тавр?» мешавад, гуфта пурсон бошад». Аммо, мо… .
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>