12:27:11 27-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/24_--01-a-aaaaaaabdulazim_225.jpg'

ДАР ДАСТБӮСИИ ХУДОИ ҶОПОНИҲО - Дар китобхона

Дар китобхона

Тоҷикон китобдор, китобхон, китобнавис ва монанди ин суханҳоро зиёд шунида будам. Бовар ҳам доштам, ки чунин аст. Аммо он чи, ки дар ин кишвар дидам, ботилии ин андешаамро комилан исбот кард. На дар тайёра, на дар поезд, на дар метро на камтар аз нисфи ин мардум мехонданд. Аз рӯзнома, маҷалла, лап-топ, телефонии мобилӣ, вале аз хама бештар китоб мехонданд, ин мардум. Хамаи инро дида, аз ҳич кас не, пештар аз ҳама, аз худам шарм доштам, зеро чӣ дар мактаби миёна, чӣ дар деҳа  ва чӣ дар донишгоҳ ман «бачаи китобхон» будам.

 

Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, ҷамъи китобҳои хондаи ману ҳамсинфу ҳамкурсон ва устодони мактабу донишгоҳамон ба китобҳои хондаву сарчашмаҳои хабарии рӯ овардаи як ҷопунӣ намебарояд! Вақте, ахирон китоби хондаамро ба ёд оварда натавонистаму даҳ ҳамсӯҳбати ҳамватанам дар «М-Агент» тасдиқ карданд, ки асарҳои барандаҳои панҷ-шаш соли ахири Ҷоизаи Нобелро дар бахши адабиёт нахондаанд-чӣ, нашунидаанд, боз аз шарм сурх шудам. Он шаб хобам набурд, вале бедориамро низ лаънат хондам.

 

Бинобар ин, аз ҳамаи онҳое, ки виҷдон доранд, хоҳиш мекунам, илтиҷо дорам, дигар дар бораи зиёигариву рӯшанфикрони ин миллат нагӯеду нанависед.  Рӯзи дигар, вақте ба китобхонаи шаҳри Киото (ин шаҳр мисли Самарқанду Бухорои пойтахти фарҳангӣ будааст) даромадем, тоқии помириамро аз сар гирифта, назди кӯдаке, ки дар даст китоб дошт,  нимтаъзим кардам. ӯ 5 сол доштааст. Инҷо боз муйсафеди  74-соларо низ дидам, ки росто истода, китоб мехонд ва ҳам  кӯдакони хурдсолро миёни китобҳои аксдор дар ҷойи  махсус барои онҳо ҷудошуда. Агар, илм ва маориф шарти рушди ҷомеаҳо бошанд, пас бо ин хондане, ки мо дорем, бо вазорату вазири маорифе, ки мо дорем,  пешравӣӣ, зинда монданамон ҳамчун миллату давлат баъди 20 сол дар гумон аст.

 

Дар ҳифзи кимоно

Кимоно либоси миллии ҷопуниҳо мебошад. Барои нигоҳ доштани ин фарҳанг масъулин чораҳои гуногунро андешидаанд. Дар шаҳри Киото текстиле бо номи «Нисидзин» машҳур будааст, ки таърихи беш аз 500 сола доштааст. Ҳамарӯза дар маркази ин корхона 6 маротиба намоиши муди кимоно доир мегардад. Инҷо фаҳмидам, ки ҳукумати Ҷопон ба хотири ҳифзи фарҳангу мероси миллӣ ба духтароне, ки либоси миллиашонро дар бар мекунанд, имтиёзҳо медодаанд. Аз ҷумла, ворид шудан ба театру синамо ва барномаҳои фарҳангӣ ройгон будааст. Дар мо чӣ? «Галстуку юбка пӯш, ки аз дарс пешат мекунем, бемаданият!».

 

Дигар мероси қадимӣ дар ин шаҳр кулолгарӣ будааст, ки ба ҳамон усули бобоияшон фаъолият мекунад. Қимати маҳсулоти он дар осмон! (Биёед. нагӯям, ки хатмкунандаи мактабҳои Тоҷикистон бошед, ҳақорат медиҳед.) Шояд дар Тоҷикистони мо низ чунин марказҳо бошад, аммо ёдоварии маро сабаб дигар аст.

 

Тоҷикҳои тангчашм

Пеш аз сафар ба Ҷопун ба мағозаҳои армуғонфурӯшии пойтахт даромада будам, то чанд армуғон (сувенир) барои мизбонони ҷопуниам  барам. Бовар кунед, миёни зочаҳое гилину шишагие, ки бо номи миллӣ пешниҳодам мешуданд, ҳадди аққал яктояш чеҳраи тоҷикӣ надошт. Ҳамааш тангчашм буданд. Шубҳа кардам, ки наход ягон устои тоҷик надошта бошем. Пурсидам. Маълум шуд, ки аксари намудҳои ин зочаҳоро аз ӯзбекистон меоварданд.

 

Мардуми Ҷопон бо ин қадар пешравӣ, аз мероси қадимиаш дифоъ мекунад ва ҳунарҳои мардумиашро ба таври хоса  пос медорад. Дар ҳаминҷо агар аз пой афтед, ҳам ки нархи маҳсулоти кулолиро қоил мешавам: Ин мардуми шарафманд  ин қадар аз кашмакашҳои зиндагӣ дур рафтаанд, ки дар ин макон кӯзаи навсохтеро бо қиммати 10 млн. 500 ҳазор  йен  ё 105 000 доллар харидорӣ мекунанд.  

 

Дар зиёрати худои ҷопониҳо

Мо мусулмонем. Вале фарҳангу одоби исломиро метавонӣ дар ин давлати буддоӣ мушоҳида кард. Дар инҷо махлуқи Худо Инсон дорои болотарин эҳтиром аст. Ҳама мардум ба ҳамдигар бо табассум менигарад, садои баландеро дар ҷое намешунавӣ. Нимтаъзими зебое аз мардону занон сари қадам туро интизор аст. Дар ҷое сумро аз дастат касе намегирад. Барои сум лаъличае махсусе ба пешат мегузоранд, бақияро низ ҳамин тавр бармегардонанд. Дар мағоза, дар тарабхонаву кафе хоҳиши мизоҷ барои савдогарону пешхидматон чун қонуни нонавишта риоя мешавад. То меҳмон ранҷише набинад.

 

Шароити зиндагие, ки ҳукумат ва давлати Ҷопон барои зиндагии шаҳрвандонашон муҳайё кардааст, бешубҳа биҳишти рӯи замин аст. Агар шакокӣ ҳам шавад, вақте дӯстонам таассуротамро аз ин сафар пурсон мешуданд, як ҷумла зиёд намегуфтам: «Худованд, ба воситаи ҳукуматҳояшон барои ҷопуниҳо дар ин дунё биҳишт офардааст ва бо ин зиндагии сагонае, ки мо дорем, дар он дунё Худованд биҳиштро ба миллати ман арзонӣ медорад, зеро азоби онро дар ин дунё кашида истодааст».

 

Шаҳри Киото то нимаи асри 19 маркази Ҷопун будааст ва ҳамчун шаҳри динӣ ва фарҳангии ин кишвар шинохта мешавад. Зеро дар ин шаҳр ҳисоби маъбадҳо аз 2000 бештар мебошад. Беш аз 98% - ин мардум дар дини буддоӣ ва синтоизм мебошанд. Дар бештари ҷойҳо маъбадҳои синтоӣ ва буддоӣ паҳлӯи ҳам бино ёфтаанд ва мардум аз ҳардӯяш зиёрат мекунанд.

 

Бо худои ҷопуниҳо

Рӯзи истироҳат буд. Ба зиёрати худои ҷопуниҳо рафтем. Дар маъбади синтоӣ, ресмони ғафсе овезон буд, бо алвонҷ додан оҳан ба оҳан бархӯрда садо медиҳад. Бояд дар ин ҷо пеш аз зангӯла задан хоҳишатро дар варақе навишта монӣ. Ман хоҳишамро ба варақе нонавишта ресмонро алвонҷ додам ва ба ҳамроҳонам бо шӯхӣ гуфтам, «мебахшеду худои ҷопуниҳо хати маро хонда наметавонад. Баъди фармони № 622-и президент Эмомалӣ Раҳмон, ки тобеони даст пеши бараш хати маро хонда наметавонанд, ин бут аз куҷо метавонад». Чунон банди се мушт ғафсидоштаро алвонҷ додам, ки гӯи тамоми ҷазира ҷунбид! (Як телевизиони тоҷик барин воҳима кардам-да!).

 

Дарунтар рафтам ва мисли дигарон дар навбат истодам, то ба назди буддо бирасам. Дар назди буддо сигарет кашидан, яхмос хӯрдан ва бо телефон сӯҳбат кардан манъ будааст. Чун навбат ба ман расид, дастамро ба сару рӯи оҳани одамсурат бурда, каме телааш додам ва ба ҳамроҳон гуфтам: «Инро акс бигиред то ҳама бубинанд, ки ин мардум дар ҳақиқат пешрафтаанд, вале худояшон дар назди як банда оҷиз аст, вале ба Худои оламиён, ки  подшоҳашон Ақл аст! Ақл!!! Чун подшоҳашон ақл шудааст, Худои якто низ ба онҳо меҳрубон аст!».  

   

Дар бозгашт ё «кӣ нос дора?»

Дар фурӯдгоҳи Токио вақти бозгашт аз ман пурсон шуданд, ки «Чун ба Русия меравед, чаро раводид надоред? Онҷо мушкилӣ пеш намеояд шуморо?» Гуфтам, «Ба мо раводид зарурат надорад» ва зери лаб илова кардам: «Моро ба ҳамин бераводидиашон мутаҳҳам кардаанду ба халосгар зорем!».  Воқеъан, ин суолро аз ман тавре пурсиданд, ки омода будам, боз ним соат сӯҳбат кунам. То Маскав 10 соат парвоз буд. Заррае ҳис накардам, ки дар осмон ҳастам. Хизматрасонӣ дар сатҳи олӣ. Бо стюардессаҳои ҷопуни агар бо забони тоҷикӣ дархосте кунӣ, муҳайё менамояд. Чун ӯ барои хизматрасондан масъулият ҳис мекунад.

 

Тайёра дар фурӯдгоҳи «Домодедово» фуруд омад. «Мистер Абдуазим» буданам зуд фаромӯш мешуд. Муносибати хизматчиёни фурӯдгоҳ чунин буд, ки гӯё мо тоҷикон қарздори дари хонаи ҳар як рус бошем. Аз онҷо ба фурӯдгоҳи «Внуково» барои ба Душанбе парвоз кардан омадам. Ҳамватанони зиёди ман инҷо ҳақиру залил баробари милисаеро дидан ба қавли худашон ба чаҳор сӯ «хит мешуданд». То ворид шудан ба дохили тайёра садои ҳаммиллатонам тақрибан шунида намешуд.  Ба тайёраи ширкати ҳавопаймоии Русия «Атлант-Союз» ворид шудам. Дуо кардам, ки Худованд ҳамаи ҳамватанонро дар ин «колимага» соқу саломат ба Ватан расонад.

 

Баъди 10-15 дақиқаи ҷобаҷо шудан, аксари мокиёнсуратҳои фурудгоҳ  садои хурус мебаровардагӣ шуданд. Ҳар яке мехост баландовозиву қудрати лаҳчаи худро нишон диҳад. Дертар хулоса кардам, ки  ин тайёраро маҳз барои мо тоҷикон ҷудо кардаанд: Стюардессаҳо бо мусофирон чунон муомила мекарданд,ки онҳо ба ҳамдигар. Баъди ғизо хӯрдан, овозҳо боз ҳам ғафстару фачтар шуданд: «А, бача нос, надор-е-э-э!»  

 

Ҳар кас, ки надонад ва надонад, ки надонад,

ӯ дар чаҳли муараккаб абадуддаҳр бимонад.

Он кас, ки надонад ва бидонад, ки надонад,

ӯ лошахари хеш ба манзил бирасонад.

 

Лошахари худ бирасонем

Ин ҳамаро дида, чунин хулосае аз ин сафар бардоштаам ба зеҳнам омад. То он рӯзе, ки тоҷик сер шудан замон дар ҷӯстуҷӯи нос мешаваду тоҷики пулдор сериашро баҳонаи ташкилкунии рақсу бозӣ медонад, то он рӯзе, ки ҳукумат рост намегӯяд, мо пеш намеравем. Ба ин қолабҳои кӯҳнаву фарсудаи  имрӯзи мо ба ҳич куҷое намерасем.

 

19 сол мешавад, ки ин ҷомеа бо роҳбари ҳамин ҳукумат мехоҳанд бо масолеҳи кӯҳна бинои нав созанд. Не, ҳамватанони гиромии ман, дар асри ХХI  ин вазифа иҷро ношуданист.  Биёед ин қолабҳоро дар  осорхонаҳо ва марказҳои алоҳида ҷой диҳем, мисли ҷопуниҳо. Мисли онҳо аҳли сунат ва ҷамоат бошем, аҳли анъана гардем, вале бо донишҳои нав бо тафаккури озод ва … Барои расидан ба ин ҳадаф қолабу масолеҳи басанда ҳам дорем. Синни миёнаи аҳолии кишварро 24-26-сола медонанд, пас чаро нашавад, қолабу масолеҳро дигар кардан?   

 

Абдуазими АБДУВАҲҲОБ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ