02:50:28 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«РЕГАР» БО «ЛОКОМОТИВ» БОЗӢ КАРДАНИСТ

 

Дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо тими «Локомотив»-и Маскав бозии рафиқона анҷом доданист. 

Дар ин бора ба Радиои «Озодӣ» Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими «Регар» ТадАЗ хабар дод. Ба иттилоъи ӯ баргузории ин бозии дӯстона 27-ум ё 28-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар назар аст. Вай афзуд, «рӯзҳои наздик президенти бошгоҳи футболи «Регар» ТадАЗ Шариф Назаров ба Маскав сафар карда, дар ин бора бо Юрий Сёмин, сармураббии тими «Локомотив», гуфтушунид хоҳад кард». 

Бояд тозаккур дод, ки солҳои 80-уми асри гузашта Юрий Сёмин ва Шариф Назаров дар дастаи «Помир»-и Душанбе ҳамроҳ кор кардаанд. Дастпарварони футболи тоҷик Мӯҳсин Муҳаммадиев, Рашид Раҳимов, Ҳаким Фузайлов, Юрий Батуренко, Игор Черевченко ва дигарон солҳои навадуми садаи бистум дар тими «Локомотив»-и Маскав таҳти раҳбарии Юрий Сёмин бомуваффақият ҳунарнамоӣ кардаанд. Феълан дар ҳайати дуввуми «Локомотив» футболбозони ҷавони тоҷик Нуриддин Давронов, Манучеҳр Ҷалилов ва Наим Шарифӣ бозӣ мекунанд. 

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, инчунин, иттилоъ дод, дастаи «Регар» ТадАЗ, ки марҳилаи омодагиро ба давраи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода шурӯъ кард, ҳамзамон ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё тайёрӣ мебинад. 

Дар доираи ин омодагиҳо тими «Регар» ТадАЗ авохири моҳи июл ё авоили моҳи август ба шаҳри Қазони Русия сафар хоҳад кард. Дар пойтахти Тотористон қаҳрамони футболи Тоҷикистон бо тимҳои лигаи аввали футболи Русия якчанд бозии санҷишӣ анҷом хоҳад дод.

Ба гуфтаи Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба ҳайати «Регар» ТадАЗ боз ду бозигар – ҳамлагар Мансурҷон Ҳакимов, аз дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва нимҳимоятгар Беҳрӯз Ҳабибуллоев, аз тими «Гвардия»-и Душанбе, - дохил шуданд.

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi