ТАЪКИД БА ОМӮЗИШИ ҶАВОНОН ДАР ХУТБАИ НАМОЗИ ИДИ ҚУРБОН
Ин бор тарбият ва омӯзиши ҷавонон мавзӯъи аслӣ дар хутбаи намози иди Қурбон дар Тоҷикистон буд. Саидмукаррам Абдулқодиров, муфтии ҷадиди Тоҷикистон, ки барои бори нахуст дар ҳузури намозгузорон дар масҷиди Имом Тирмизии шаҳри Душанбе суханронӣ кард, гуфт, ки дар ҷаласаи Шӯрои уламои дини Маркази исломии Тоҷикистон тасмим шудааст, ки ба ин мавзӯъ аҳаммияти вижа дода шавад.
Вай таъкид кард, ки танҳо омӯзиши дунявии ҷавонон имкон медиҳад, ки дар оянда Тоҷикистон ба пешрафтҳое даст ёбад. Президент Раҳмон низ рӯзи гузашта зимни шодбоши мардуми Тоҷикистон ба муносибати иди Қурбон ба мавзӯъи таълиму тарбияти ҷавонон таъкид дошт. Вай гуфт: "Ҳадафи асосии давлат тарбияти наврасону ҷавонони соҳиби илму ҳунари муъосир, донандаи техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва мутахассисону кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи рӯз мебошад."
Аз сӯйи дигар, раиси ҷумҳур афзуд, ки давлат "омўзиши илмҳои диниву мазҳабиро инкор накарда, тибқи ниёзи ҷомеъа ва ба тариқи расмӣ танзиму ташкили онро аз вазифаҳои муҳимми хеш медонад."
Дар як моҳи ахир бо даъвати Президент Раҳмон раванди бозгардондани донишҷӯёни тоҷик аз мадориси кишварҳои исломӣ оғоз шудааст. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон иддаъо дорад, ки фарзандони тоҷик дар ин мадорис "терурист ва экстремист мешаванд." Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини давлати Тоҷикистон низ зимни суханронии худ дар ҳузури мусалмонон дар масҷиди Имом Тирмизӣ ба мавзӯъи омӯзиши ҷавонон таъкид кард.
Мушоҳидаҳо ҳокист, ки дар чанд намози иди солҳои ахир мақомот ва масъулони Шӯрои уламои дини Тоҷикистон танҳо дар мавзӯъоте сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд, ки аз онҳо дар табрикоти Президент Раҳмон ишора мешавад. Саидмукаррам Абдулқодиров, ки батозагӣ ба симати раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон интихоб шуд ва дар гузашта дар дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст, ин равандро тағйир надод.
Вай мусалмононро ба "шукргузорӣ аз давлат ва истиқлоли Тоҷикистон ва сарвари кишвар" даъват кард. Ба гуфтаи оқои Абдулқодиров, агар дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон танҳо ҳашт масҷиди ҷомеъ фаъол бошад, ҳоло ин рақам ҳудуди 300 адад аст ва миқдори умумии масоҷиди кишвар беш аз 3700 мебошад. Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, агар дар замони шӯравӣ ҳамасола аз Тоҷикистон танҳо ҳудуди сӣ нафар сафари ҳаҷҷро анҷом медоданд, ҳоло теъдоди зойирони тоҷик ҳар сол беш аз 5,5 ҳазор нафар аст.
Дар ҳамин ҳол, дар намози иди рӯзи сешанбе дар масҷиди Имом Тирмизӣ дар муқоиса бо намози иди Рамазон теъдоди камтаре аз намозгузорон мушоҳида мешуд. Ба гуфтаи масъулони ин масҷид, имрӯз ҳудуди панҷ ҳазор нафар аз намозгузорон дар ин масҷид гирдиҳам омадаанд. Мулло Адашхон, як масъули Маркази исломии Тоҷикистон, гуфт, ки маъмулан дар намози иди Қурбон дар муқоиса бо иди Рамазон то сӣ дарсад камтар намозгузорон ҷамъ мешаванд.
Вале тозагие, ки мушоҳида мешуд, ин буд, ки имрӯз барои бори нахуст ба намозгузороне, ки вориди масҷид мешуданд, покетҳои плостикӣ тавзеъ мешуд, то аз онҳо зимни намозгузорӣ барои нигаҳ доштани пойафзолҳои худ истифода кунанд. Дар гузашта намозгузорон пойафзолҳои худро берун аз масҷид мегузоштанд ва мавориди зиёди иваз шудани пойафзолҳояшон ё ба сирқат рафтани онҳо мушоҳида мешуд. Ба гуфтаи бархе аз намозгузорон, то кунун ин амр танҳо "навовариест", ки баъд аз интихоби муфтии ҷадид, ки аз ӯ расман ба унвони раиси Шӯрои уламои дин ном мебаранд, мушоҳида шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3586-2010-11-16-16-04-56.html