МУШКИЛИ НАШЪАМАНДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Инсон ба ҳар гуна мушкилоте, ки рӯ ба рӯ омад, худашро тасаллӣ медиҳад: «Одам шири хомхӯрда аст, чӣ илоҷ» Аммо бо ин худталқинкунии сунъӣ наметавон худро аз ҷазо, ваҳшоният, дунёбезорӣ халос намуд. Ин гуна баҳонаҷӯйӣ мақоли халқии «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ»-ро ба хотир меорад.
…Ҳавою ҳавас, истифода бурдани боигарӣ ва маблағи муфт бадастомадаро бо чашми худ дидан дили Бунафшаро низ такон дод. Вай, аслан, корҳои ба ақидаи худаш зиштро чашми дидан надошт. Не, ӯ маълумот ҳам надорад, ҳамагӣ синфи нӯҳумро хатм намудаву баъди се соли дигар ба шавҳар баромад.
Шавҳараш Алӣ ҳам дар дил шукрона мекард, ки соҳиби чунин зани зебою оқила ва хушсухан гаштааст. Аммо… аммо вай дар дил хеле барвақт изҳори хурсандӣ намуда буд. Гап сари он ки Алӣ мутахассиси хуби соҳаи сохтмон буд. Аввалҳо чанд сол бо ҷурми надоштани ҷойи кор ба Россия мардикорӣ рафт. Он ҷо ду сол истоду кораш барор нагирифт.
Бо рафиқони беҷогард ҳамроҳ шуд. Алие, ки ҳатто сигорро ба даҳон намебурд, майнӯширо «омӯхт», оҳиста-оҳиста бо «кӯмак»-и дӯстон ба қавли худаш ба «гераҷон» пайваст. Баъди чанд муддат бо ҳамдеҳааш Рустам вохӯрд. Рустам дар ҳайрат афтод.
-Рустамҷон,-гуфт Алӣ, биё ҳардуямон як кайф кунем, -хокаи сафедеро аз киса бароварда истода.
-Э, монед-е, акаҷон, шӯхи мекунед?-дар бадани Рустам ларза афтод. Охир, чӣ шуд ба шумо, ин хел набудед-ку? Рустам ба деҳа баргашту аз ин хусус ба калонҳои деҳа хабар дод.
Мазаматаш карданд.
-Даҳаната дор,-гуфтанд ба ӯ,-дигар гап наёфтӣ? Охир Алӣ бачаи хушахлоқ, соҳиби хонаю дари обод аст. Ҳамсарашро бин, аёли хуб, боре ҳам сухани бадеро дар ҳаққаш нашунидаем.
Вале мӯйсафедони деҳа ҳам зудбовар будаанд. Аз бозе, ки Бунафша аз чунин одат пайдо кардани шавҳарашро дар Россия огаҳ шуд, дар дилаш ба ҷойи оҳу афсӯс, шодию хурсандӣ танинандоз гашт. Зану шавҳар, ки соҳиби ду тифли нозпарвард буданд, мехостанд ояндаи онҳо дурахшон бошад. Аммо аз куҷо? Бунафша чун шавҳарро аз худ дур дид, фарзандонро ба хонаи модараш гузошту бо ҷӯраҳои шавҳараш ба айшу нӯш машғул гардид.
Дар зодрӯзи Бунафша се нафар аз ҷӯраҳои шавҳараш дар ҳаққаш суханони болохонадор гуфтанд. ӯро хуб таърифу тавсиф намуданд. Бунафшаи масти шароб аз чунин суханҳо роҳат мекард, худро чунон хушҳол тасаввур мекард, ки дигар ҳеҷ як кору амали инсонӣ, ки ба нафъи ӯ бошад, ба хаёлаш намеомад. Саҳарӣ аз болин сар бардошта худро дар ҳалқаи ҷавонмардон дарёфт. Кор аз кор гузашта буд. Ҷавонон ки бо маводи мухаддир сару кор доштанд, Бунафшаро низ ба ин кор ҷалб намуданд.
-Ана ҳамин анор, кори моро осон карда метавонад,- аз болои миз анореро бардошта ба дӯстонаш хитоб кард Комил. -Чӣ хел?-ҳайрон шуданд ёронаш.
-Дарунашро холӣ карда, «дору» пур мекунем, вассалом.
Ин «ихтироъ»-и Комил ба ҳама писанд омад. Ба ин хотир, саҳари солеҳон ҳам бошад, қадаҳ бардоштанд.
Ду рӯз пас бо ду кило «анор» Бунафша дастгир шуд. Хабари бо ҷурми аз андоза зиёд истеъмол кардани ин маводу ҷон ба ҷаббор супурдани Алӣ ҳам ба деҳа расид. Фарзандони ноболиғ бепарастор монданд. Кафолати ояндаи «дурахшон»-и фарзандон норавшан монд…
Оре, шоири огоҳдиле фармудааст:
Зулайхо мурд аз он ҳасрат, ки Юсуф гашт зиндонӣ,
Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?Бунафша ҳам дар гирдоби шодию тараби лаҳзаинаю муваққатӣ афтода, аз оламу одам бехабар монд ва акнун пушти панҷра оҳу афсӯс мехӯрад, ки бефоида аст. Воқеан ҳам, ин гуна бунафшаю алиҳо дар ҷомеаи мо, мутаассифона, хеле зиёданд, ки мо танҳо як намунаи онҳоро овардем.
Беҳтарин офаридаи Худованд инсон аст, ки барои тафаккур, ақлу ҳуш ва сурати зебост. Аммо бо ин ҳама дороӣ инсон бо амалҳои ваҳшиёнаи хеш худро ба нобудӣ мерасонад.Нашъа-вабои асри ҳар як ҷомеаи ҷаҳонист.
Решакан кардани он на танҳо вазифаҳои ташкилотҳои қудратӣ, балки бояд вазифаи тамоми ҷомеа бошад. Ҳанӯз 12-уми апрели соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири таҳкими мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар» ба тасвиб расонида буд.
Фармони мазкур бо мақсади решакан намудани чунин зуҳуроти манфур дар қаламрави кишварамон гардид. Вобаста ба ин, Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маводи нашъаовар таъсис ёфт ва нахустин Барномаи давлатии миллӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 1996-1999 қабул гардид. Дар ҳамин раванд ба Конвенсияҳои зидди маводи нашъаовари СММ аз солҳои 1961,1971 ва 1988 пайваст шуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки интиқоли ин маводи марговар тавассути давлати Афғонистон ба Тоҷикистон ворид гардида, минбаъд ба тамоми олам паҳн мегардад. Он ҳамеша ба ҳаёти инсоният таҳдид намуда, ҷони ҳазорҳо ҳазор одамонро аз байн мебарад, тифлонро бесаробон, модаронро олуда ба ғам, занонро бесаробони оила ва ҷомеаро бадахлоқ мегардонад.
Маводи мухаддир беҳтарин дороии зеҳнӣ-ақлу заковат, тафаккурро аз байн мебарад. Генофонди миллат аз байн меравад. Пас бояд ҳамагуна имкониятҳоро истифода бурд, то ки бо ин заҳри ҳалоил муборизаи беамон бурдан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд гардад.
Бинобар он, дар Конфронси байналмилалии «Тоҷикистон-зидди маводи нашъаовар», ки моҳи январи соли 1999 дар шаҳри Душанбе барпо гардида буд, Президенти мамлакатамон бо таваҷҷӯҳ ба таҳдиди хатари маводи мухаддири афғонӣ бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори расонидани кӯмак ба Тоҷикистон дар бораи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шуд.
Ташаббусҳои эшон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Мутобиқи Протоколи байни Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, ки моҳи июни соли 1999 имзо шуда буд, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 муомилоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии ҷумҳурӣ 5270 килограмм маводи нашъаовар мусодира карданд, ки дар муқоиса бо соли 2006 даҳ фоиз зиёд аст. Ҳамчунин дар ҳамин соли охир дар қаламрави ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 57 тоннаву 798 килограмм маводи нашъаовари гурӯҳи афғонӣ, аз ҷумла 27 тоннаю 513 килограмм героин мусодира шудааст.
Бино ба маълумоти расмии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 дар кишварамон 8592 нафар нашъаманд ба қайди диспансерӣ гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 4316, вилояти Суғд 1673, вилояти Хатлон -905, ВМКБ-729 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 851 нафар, ки 69 фоизи онҳо дар синни аз 31 то 59-сола мебошанд.
Албатта, ҳама кор аз шурӯъаш душворӣ дорад. Мақоли халқӣ мегӯяд: «Об, ки аз сар гузашт, чӣ як ваҷаб, чӣ сад ваҷаб». Шахси истифодабарандаи маводи мухаддир низ мисли ҳамин гуна об аст. Як бор барои чашидан, бори дигар ҳис кардани натиҷаи он ва минбьаъд ба нестӣ бурдани ӯ мерасонад.
Агар дар аввал шахс медонист, ки он чӣ фоҷиаеро ба бор меорад, шояд аз истифодааш даст мекашид? Барои ҳамин ҳам, ба назари мо, сатҳи пасти маълумотнокии аҳолӣ оид ба оқибатҳои ногувори ин амал онҳоро ба вартаи нобудӣ тела медиҳад.
Бинобар он, бо назардошти вазъияти бавуқӯъомада, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007 «Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» тасдиқ гардидааст.
Барномаи мазкур аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони босалоҳияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таҳия гардидааст.
Бо ташаббуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар соли 2007 берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ 65 амалиёти муштарак бо хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ, Афғонистон ва Хитой гузаронида шуд. Бино ба маълумоти Агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 467 килограмм маводи нашъаовар, аз ҷумла, 1 тоннаву 400 килограмм маводи нашъаовари гурӯҳи афъюнӣ мусодира гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипар садди роҳи маводи нашъаовари афғонӣ мебошад. Дар соли 2007 саҳми Тоҷикистон дар мусодираи маводи нашъаовари гурӯҳи афъюнӣ дар кишварҳои ИДМ 40 фоиз ва дар Осиёи Марказӣ 60 фоизро ташкил додааст.
Мо беҳуда дар боло оид ба нобоварии мардони деҳае, ки Алӣ он ҷо зиндагӣ мекард, сухан накардем. Гап сари он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дахлдор, бахусус, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баҳри аз байн бурдани чунин зуҳуроти номатлуб мубориза мебаранд, вале афсӯс, ки моҳияти чунин масъала аз тарафи рӯзгордидаҳо бахусус, мӯйсафедон ва намояндагони дин фаҳмонида намешавад.
Ҳоло ҳазорҳо намуди машруботи спиртӣ ва беш аз 500 намуди маводи мухаддир шинохта шудааст. Дар Қуръони Маҷид низ (оятҳои 90 ва 91-уми Сураи Моида) доир ба зарари чунин амали нанговар таъкид гардидааст, ки аз онҳо дурӣ ҷӯед, то дар дунёву охират аз зиёни онҳо эмину растагор бошед. Шукри Худованд, 99 фоизи аҳолии ҷумҳуриамон мусулмон аст, ҳаром будани маводи мухаддирро медонем, вале аз зарари он дар маҳфилу маъракаҳо хеле кам ёдовар мешавем. Ба ақидаи инҷониб, дар ин масъала бештар тақводорон, уламо ва рӯзгордидаҳо саҳми муносиби хешро гузошта метавонанд. Ҳоло ҳам сари вақт аст, вагарна фардо бо ин маводи тиракунандаи ақл наметавон муборизаи ҷиддӣ бурд.
Маслиҳату машварати якдигар низ метавонад ин зуҳуротро аз байн бубарад, зеро қонуни бародарӣ ҳам ҳаминро талаб мекунад.
Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.
Зиндагии бидуни нашъа бояд шиори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад.
Ҳотами ҲОМИД,махсус барои «Рӯзгор»