13:32:40 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧАРО ТАБИБОН БА РУСТО НАМЕРАВАНД?

Табибон ҷавон кор дар марказро ба табобати мардум дар навоҳии дурдаст бартарӣ медиҳанд.

Ҳар сол муассисоти олӣ ва касбии соҳаи тибби Тоҷикистонро даҳҳо табибони ҷавон хатм мекунанд, аммо сарфи назар аз он ки талабот дар минтақаҳои дурдасти кишвар ба мутахассисини ин соҳа зиёд ст, аксарияти табибони ҷавон кор дар ин минтақаҳоро рад мекунанд. Табибони ҷавон пойин будани маош, камбуди шароити моди хизматрасони дар беморхонаҳо ва набудани ҳавасмандиро далел меоранд. Саломат, як табиби ҷавон мегӯяд, бар хилофи дастури Вазорати беҳдошт ӯ намехоҳад дар яке аз деҳаҳои дурдасти кишвар кор кунад. 

Ба гуфти Саломат, сабаби аслии худдорӣ аз кор дар деҳа шароити моддии соҳаи беҳдошт мебошад: "Он маоше ки ман дар деҳот ба ивази як моҳи кор мегирам, ҳамагӣ 150- 160 сомонӣ аст, ин хеле кам аст. Дигар ин ки маълум аст, ки дар деҳот дигар табибони таҷрибадор намондааст, таҷҳизоти тибби муосир нест, ки мо, ҷавонҳо, тахассуси касбии худро қавӣ гардонем, шароити беморхонаҳо ба талабот ҷавобгӯ нест, ҳамаи ин боиси он шудааст, ки табибони ҷавонон чандон хоҳиши ба минтақаҳо барои кор рафтан надоранд. Дар шаҳр вазъият беҳтар аст".

Ба монанди ин табиби ҷавон, даҳҳо нафар табибони дигари ҷавон хоҳиши кор дар минтақаҳоро надоранд. Ин ҳам дар ҳолест ки ҳафтаи гузашта вазорати беҳдошти кишвар дар ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи хеш сабабҳои барои кор ба рустоҳо нарафтани хамкунандагони муассисаҳои олӣ ва касбиро низ ба пойин будани маоши ҳадди ақал, ҳавасманд нагардонидани табибони ҷавон аз тарафи мақомоти маҳалӣ бастагӣ доданд. Бино ба иттилоъи вазорати беҳдошти Тоҷикистон, дар соли 2008 аз хатмкунандагони соли таҳсили 2007-2008 ҳудуди 62 дарсад бо роҳхати вазорати беҳдошт ба кор рафтанд. Яъне аз 595 нафар табиби ҷавоне, ки муассисаҳои олӣ ва касбиро хатм кардаанд, ҳамагӣ 370 нафар тариқи рохҳат ба минтақаҳо фиристода шуданд. 

Ба гуфти Саломиддин Юсуфов, сардори раёсати илм ва тибби фармасевтии вазорати беҳдошти Тоҷикистон, имсол нисбат ба соли гузашта, теъдоди табибони ҷавоне, ки барои кор ба минтақаҳои дурдаст фиристода шуданд, 26 дарсад зиёд шудааст. Ҷаноби Юсуфов меафзояд, ки солҳои қаблӣ табибони ҷавон бо иллати он ки маош дар навоҳии дурдаст кам аст, ба кор дар минтақаҳо майл нишон намедоданд, вале акнун вазъ ба тадриҷ илоҳ мешавад: “Дар қатори он ки ҳар сол беш аз 500 нафар донишгоҳи тиббиро хатм мекунад, тақрибан 3 ҳазори дигар колеҷҷҳои тиббиро хатм мекунанд, ба кор роҳхат дода мешаванд, мераванд”.

Имрӯз маоши ҳадди ақали кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон ҳудуди 163 сомониро ташкил медиҳад, ки ин баробар аст ба нархи 1 халта орд ва 4 кило гӯшт. Таҳлилгари маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳур Шодӣ Саид мегӯяд, ки як омиле, ки боиси коҳиш ёфтани таваҷӯҳи табибони ҷавон барои ба кор рафтан ба навоҳии дурдаст шудааст, ҳамин маоши пойин ва системаи корбарии соҳа мебошад. 

Таҳлилгари ҷавон мӯътақид аст, ки дар сурати баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи тиб, беҳтар гардонидани шароити моддӣ ва ба системаи наву ҷавобгӯи замони муосир гузаштани соҳаи тиб ва аз байн бурдани фасод дар ин система мушкилоти камчинии мутахассисин дар деҳот коҳиш ёфта, ҳамзамон теъдоди табибони хоҳишманди кор ба рустоҳо зиёд мешавад.

Зайнаби Муҳиддин, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi