ИСПАНИЯ ДАР ФИНАЛИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО!
Дар яке аз бозиҳои нимфиналии Лигаи чемпионҳо дастаи «Барселона» бо ҳарифи сарсахти худ аз футболи Испания «Реал»-и Мадрид қувваозмоӣ мекунад. Дастаи «Манчестер Юнайтед»-и Англия бошад бо дастаи «Шальке»-и Олмон бозӣ хоҳад кард.
Дар бозии дишаба дастаи «Реал»-и Мадрид дастаи «Тотенхем»-и Англияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Дастаи «Шальке» бошад бори дигар исбот кард, ки бо тайёрии ҷиддӣ ба ин мусобиқот омада, дастаи «Интер»-и Италияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт.
Ҳамин тариқ хоҳу нохоҳ яке аз командаҳои Испания ба финали Лигаи чемпионҳо роҳхат гирифта барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳад бурд? Савол ин аст: Ин кадом даста хоҳад буд? «Барселона» ё «Реал»?
Субҳон Озодаев – барои «Рӯзгор»