20:45:23 29-уми Майи 2025 сол

БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХОРУҒ

Дар шаҳри Хоруғ бозиҳои варзишӣ байни ҷавонони Тоҷикистон хотима ёфтанд. Дар марҳилаи охирини бозиҳо, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ баргузор гашт, зиёда аз 700 варзишгар аз рӯи шаш намуди мусобиқаи варзишӣ қувваозмоӣ карданд.

varzish5122255.jpgБа қавли сардовари мусобиқа Собир Абдурраҳмонов дар мусобиқаи варзишии марҳилаи ниҳоӣ ҳамчунин зиёда аз 300 варзишгар ва тамошогарон аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд, ки асосан зодагони Бадахшон буда, дар он ҷо кору истиқомат мекунанд. Тафовути ин бозиҳо аз бозиҳои пешина дар он буд, ки бо ин бозиҳо нахустин шуда, тенниси калон ба Бадахшон омад. Ин намуди бозӣ дар фароғатгоҳи «Гармчашма» баргузор гардида, сокинону меҳмонони он ҷо тамошобини ин намуди бозӣ шуданд. Дар бозии варзишии намуди тенниси калон бозингарони тими вилояти Суғд ғолиб омаданд. Тими Помир дар мусобиқаи мардона ҷои дуввумро ишғол кард.

Ҷои зикр аст, ки ин мусобиқаҳо бо ибтикори кумитаи тадорукотӣ ва дастгирии маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ва соҳибкорони инфиродӣ баргузор гардид. Ҳадафи баргузории бозиҳо тарғиби тарзи  ҳаёти солим ва ҷалби ҳар чи бештари ҷавонон ба варзиш арзёбӣ мешавад.

Нахустин бор дар доираи ин бозиҳо тимҳои духтаронаи  футбол таъсис ёфтанд ва ба машқ оғоз карданд. Қарор аст, мусобиқаи футбол байни ҷавонон, ки дар он тимҳои духтарона низ маҳортаи тӯброниашонро ба намоиш мегузоранд, дар арафаи Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон баргузор шаванд.

Алишер Ҷунайдов, Рӯзгор», Хоруғ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854