12:39:01 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НИГАРОНӢ АЗ АФЗОИШИ НАШЪАМАНДОН

 

«Барои ман ва дӯстонам, ки дар ягон ҷо кор намекунем, дуд кардани афъюн шавқовар менамуд. Баьд ба кашидани моддаи сахтаъсир - героин пардохтем». Ин суханони як ҷавони нашъамандест, ки дар сӯҳбат бо Ояндасоз дар бораи гаравидани худ ба маводи нашъаовар нақл кард. Ин ҷавон, ки нахост худро муаррифӣ кунад, афзуд, ки ҳоло аз таьсири маводи нашъавор ранҷ мебарад. 

Вай мегӯяд, аз дарди нашъамандӣ ранҷи бисёр мекашад ва як аз дӯстонаш аз дарди ҷонкоҳи нашьамандӣ ба ҳалокат расидааст. Фирдавс Турахонов, сардори маркази наркологии вилояти Суғд, аз ҳолати даст ба нашьамандӣ задани сокинон мегӯяд, ҳарчанд шумори нашьамандон дар қиёс ба ин давраи соли гузашта 367 ҳодиса кам шудааст, вале теъдоди нашьамандоне, ки ба истеьоли моддаи сахтаьсири «героин» даст задаанд, нигаронкунандааст. Ва бештари ин афродро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Вай гуфт, «аз 1273 нафар нашъамандон 84 нафар ба истеьмоли афьюн, боқимонда ба истеъмоли моддаи сахттаьсири героин машғуланд. Аз ин шумор 12 нафар бо воситаи сӯзандор, 1261 нафар бо роҳи бӯйкаши ё дудкунӣ маводи нашъаовар истеъмол мекунанд».

Ба қавли Фирдавс Турахонов, дар аксар ҳуҷраҳои наркологӣ норасоии мутахассисон эҳсос мешавад, ки мушкилоти нашьамандонро дучанд мекунад. 

Коршиносон сабабҳои даст ба нашьаҷаллобӣ задании сокинон, ки акнун ин ҳодисаҳо дар миёни ҷавонон шиддат гирифтааст, ба чанд сабаб марбут медонанд. Шариф Раҳматов, коршиноси масоили ҷавонон, мегӯяд, масъалаи бекорӣ шумори бештари ҷавононро ба мушкилӣ дучор намудааст, ки бархе аз онҳо, мегӯяд ин коршинос, раҳоӣ аз ин вартаро дар истеьмоли ҳар гуна моддаҳои нашъаовар дониста, билохира аз таьсири ҷонкоҳи он ба ҳалокат мерасанд. 

Ҳамчунин иддае аз соҳибназарон сабабҳои даст ба нашьамандӣ задани ҷавононро ба сустиродагии онҳо рабт медиҳанд.

Қамари Аҳрор, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi