08:08:18 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НИГАРОНӢ АЗ ТАҲСИЛИ ҶАВОНОН ДАР ПОКИСТОН

Мақомоти Вазорати маъорифи Тоҷикистон аз падарону модарон дархост кардааст, аз таҳсили фарзандони худ дар мадрасаҳои исломии бархе аз кишварҳои исломӣ, ба хусус Покистон ҷилавгирӣ кунанд.

Фарҳод Раҳимов, муъовини вазири маъорифи Тоҷикистон дар ин бора рӯзи ҷумъаи 21 август, дар мулоқоташ бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд, сӯҳбат кард. Ахиран Зубайдуллоҳ Зубайдуллоев, сафири Тоҷикистон дар Покистон низ чунин дархостеро дар мусоҳибааш бо хабаргузории расмии кишвар ба амал оварда буд. Дар мулоқоти мақомҳои вазорати маъориф ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва турисми Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои хориҷӣ гуфта шуд, ҳоло ҳудуди 7000 донишҷӯи тоҷик дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон таҳсил мекунанд.

Нигаронӣ аз таъсири мазоҳиби 
ғайриҳанафӣ ба ҷавонони тоҷик

Аммо оқои Раҳимов аз ин ки аксари донишӯёни тоҷик, "дар кишварҳои Шарқ" вақти худро дар мадрасаҳо “бар ҳадар” медиҳанд изҳори норизоятӣ кард. Вай гуфт: “Дар Покистон аксари донишҷӯёни мо дар мадрасаҳои ғайридавлатӣ дар шароити хеле бад солҳои дароз зиндагӣ мекунанд. Дар кишварҳои дигари шарқӣ низ ҳастанд. Онҳо фикр мекунанд, “мо баъд дар Тоҷикистон рафта мегӯем, ки мо мадраса хондем, моро эҳтиром мекунанд. Аммо онҳоро касе эҳтиром намекунад. Мо ҳама маълумотҳоро дар бораи онҳо дорем. Ғайр аз шарманда кардани худ ва авлоди худ онҳо дар онҷо коре намекунанд.”

Оқои Раҳимов ибрози тааљҷуб кард, ки "чи тавр падарону модарони ин ҷавонон мегузоранд, фарзандонашон дар он гуна шароит зиндагӣ кунанд. Вай афзуд: “Ба мо он ихтисосе лозим аст, ки созанда бошанд, на ин ки сӯзанда!”

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи давлатӣ дар умури ҷавонон, варзиш ва турисм низ дар идомаи ин суханон гуфт: “Масалан дар Бритониё давлат тасмим гирифтааст, ки танҳо нафароне дар он кишвар метавонанд мақомҳои рўҳонӣ бигиранд, ки дар Бритониё таҳсили динӣ дидаанд, то ки аз берун ҳар равияро наоранд. Мо ҳам имрӯз Донишкадаи исломӣ дорем, ки метавонад муттахассисонро хуб тарбият кунад.”

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон таи солҳои ахир мукарраран нигарониҳои худро аз афзоиши суфуфи тарафдонори мазоҳиби ғайриҳанафӣ, ба хусус салафӣ дар ин кишвар иброз медорад. 

Бархе аз коршиносон ин амрро талош барои пешгирӣ аз бурузи эҳтимолии мухолифатҳои мазҳабӣ дар кишвар талаққӣ мекунанд, чун аксарияти мусалмонони Тоҷикистон пайравони фирқаи Ҳанафия ҳастанд.

Ниёз ба кодрҳои муосир дар Тоҷикистон

Муъовини вазири маъорифи Тоҷикистон хитоб ба ин донишҷӯён гуфт, ки кишвар ба онҳо, ки кодрҳои муосир ҳастанд, ниёзи мубрам дорад ва аз онҳо даъват кард, ки пас аз хатми таҳсил сарфи назар аз мушкилоти мавҷуд ба кишвари худ баргарданд. Вай гуфт, дар ҳоле ки кишвар дар 450 ришта муттахассис ниёз дорад, дар донишгоҳҳои кишвар танҳо 256 тахассус омӯхта мешавад.

Ба ин хотир оқои Раҳимов аз афзоиши донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ, ба хусус ғарбӣ истиқбол кард. Аммо бархе донишҷўён аз мушкилоти марбут ба раванди дохилшавӣ ва таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои ғарбӣ ва Амрико ибрози нигаронӣ карданд.

Онҳо аз вазорати маъориф дархост карданд, то аз фаъолияти бархе аз ширкатҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон, ки барои интиқоли ҷавонони тоҷик ба муассисаҳои омӯзишии Амрико маболиғи “ҳангуфт” (500 то 1000 дулор) гирифта, аммо хадамоти ваъдашударо ироа намекунанд ҷилавгирӣ кунанд. Зимнан гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик алайҳи яке аз чунин ширкатҳо ба яке аз додгоҳҳои шаҳри Душанбе шикоят бурдааст ва таҳқиқи ин парванда идома дорад.

Бо ин ки мақомоти Вазорати маъорифи Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонони кишвар ҳамчунин аз муҳассилони тоҷик дар хориҷ аз кишвар даъват карданд, ки пас аз поёни таҳсили худ барои кор ба Тоҷикистон баргарданд, бархе аз ҷавонон гуфтанд, ки моиланд дар хориҷи кишвар мондагор шаванд.

Сабина, ки дар Кипри Туркия дар риштаи мудирият таҳсил мекунад, мегӯяд, ки танҳо дар сурати фароҳам будани шароити хуби кор метавонад ба Тоҷикистон барои кор ояд. Вай мегӯяд: “Натанҳо шароити кор, балки фарҳанги муносибати бештари мардони тоҷик бо зан боис мешавад, ки ман алоқаманд нестам барои зиндагӣ инҷо биоям.”

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi