22:55:12 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АЗ СУРУДХОНИИ САРИ РАҲ ТО САҲНАҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Алишер Ҷунайдов. «Рӯзгор», Хоруғ

Замоне буд, ки вай бо аккордион суруд мехонд. Сари пайроҳаҳои бозори шаҳр ҳар як савдогару харидор ӯро ҳатман вомехӯрд. Бо асбоби мусиқии  кӯҳна, косаи то нисф пур аз тин дар хотираи манн ҳанӯз аз хӯрдиам нақш бастааст. Сурудҳои  маҳзуну ғарибонааш  ба дили ҳар як кас  менишаст. Дурхон Зайдуллохонов модарзод нобиност. Вале истеъдод сурудхонии хуб дорад. Сурудҳои хондааш бештар аз ғарибӣ, зиндагии сахт ва гоҳ-гоҳ аз ҷавониву ишқ қисса мекунанд.

/images/stories/2011/12/06_khorugh_61211.jpgДурхон Зайдуллохонов сокини деҳаи Шуувҷефи ноҳияи Роштқалъаи  ВМКБ 4 июли соли 1980 таваллуд шудааст. Аз он, ки нобино буд, аз таҳсил дар мактаб дар канор монд. Солҳои барои зиндагӣ душвор ӯ дар бозори шаҳри Хоруғ сари пайроҳаҳо суруд мехонд ва ба ӯ каме пул медододанд. Ӯ ҳамеша дар дил як орзу дошт, орзуи деринааш он буд, ки рӯзе сурудҳояшро на ба хотири дираме сари кӯча бихонад, балки аз саҳнаи баланд барои мухлисонаш бисарояд. Чанде пеш  орзӯи деринааш амалӣ гашт. Имрӯз Дурхон аз саҳнаҳои баланди толорҳои шаҳри Хоруғ, ҷумҳурӣ ва шаҳри Маскав баромад мекунад.

Дар шӯъбаи фарҳанги вилоят ду бор баромад намудам-, мегӯяд ӯ. Чанд барномаи консертиро дар шаҳри Душанбе нишон додам. Аз ҷумла дар филармонияи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барномаи консертӣ доштам. Аз ҳисоби маблағи пасандохта аз барномаҳои консертии дар Душанбе нишон додашуда ман як Yamaha-ро харидам ва дар якҷоягӣ бо як ҳофизи дигар ба тӯйҳо даъват мешудему музди хубтар дарёфт мекардем.

Моҳи ноябри соли 2010 ман ҳам нони муҳоҷирати меҳнатиро чашидам. Он вақт ба шаҳри Маскав рафтам. Бо талоши ҳамватанон чанд маротиба дар толори консертӣ воқеъ дар наздикии истгоҳи метрои Кузминка барои тамошобинони тоҷик барномаи консертиамро нишон додам. Ҳангоми баргашт аз шаҳри Маскав соҳиби аппарати танзими навою садо шудам. Ҳоло бошад гурӯҳи худамро бо се нафари дигар ташкил додам. Инак ҳамеша моро ба тӯю маросимҳои хурсандӣ даъват мекунанд…

Аммо аз таронахонӣ дар саҳнаҳои баланд хушам меояд. Кафкӯбии мухлисон ва ҳаёҳуяшон маро хело ҳам хурсанд мегардонанд. Аз ин ман худамро бисёр болида ҳис мекунам. Ниҳоят шод мешавам. Аз зиндагиам хело ҳам розиям ва пайваста шукри онро мекунам…»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi