00:07:42 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

РЕЙТИНГИ НАВИ ФИФА. ТОҶИКИСТОН ЯК ЗИНА ПОИН РАФТ

Тоҷикистон дар феҳристи навини Федератсиюни байнулмилалии футбол як зина поин рафта, 140-ум шуд. Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон миёни ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин аз Туркманистону Қирғизистон пеш аст.

Fifa TajikistanМавқеи дастаҳои миллии кишварҳои Шӯравии собиқ дар феҳристи навини FIFA: 13. Русия; 45. Арманистон; 52. Эстония; 54. Украина; 65. Беларус; 67. Узбакистон; 70. Латвия; 76. Гурҷистон; 93. Литва; 111. Озарбойҷон; 135. Молдова; 139. Қазоқистон; 140. Тоҷикистон; 146.Туркманистон; 191. Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания дар феҳристи навини FIFA дар ҷои аввал аст. Ҳолланд дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Уругвай, Инглистон, Бразил, Португол, Хорватия, Итолиё ва Аргентина ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 20-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳристи ҷаҳонӣ 19-ум), Австралия (21), Кореяи Ҷанубӣ (30), Эрон (44), Узбакистон (67), Ироқ (73), Чин (74), Арабистони Саудӣ (87), Умон (90) ва Баҳрайн (95).

Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Вале Тоҷикистон дар ҳоле як зина поин рафта, дар ҷойи 140-ум қароқ гирифт, ки дастаи миллии кишвар дар сабқати интихобии бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ (соли 2011) аз дастаҳои рақибаш шикаст хӯрда, 17 гол сар дод ва дар ҷавоб 1 гол ҳам назад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi