22:34:41 09-уми Майи 2025 сол

ҲАЖДАҲ ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ РУШДИ ВАРЗИШ ДАР НОҲИЯИ ҶИРГАТОЛ

Бо ташаббуси бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиргатол дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷиргатол Умедхоҷаи Зоир бо ҷавонони ноҳия баргузор гардид.

Варзиш - СпортДар вохӯрӣ намояндагони ҷавонони ҳамаи деҳаҳои ноҳия, донишҷӯёни омӯзишгоҳҳо, варзишгарон, фаъолҷавонон, хонандагони мактабҳои миёна, омӯзгорону волидайн ва инчунин шахсони масъули идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Инчунин дар вохӯрӣ гирандагони стипендияҳои президентӣ, раиси ноҳия ва он хонандагоне, ки дар олимпиада ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён шуданд, ширкат варзиданд.

Дар ҳузури иштирокчиёни вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия ба ҷавонони фаъол шаҳодатномаҳои гирандагони стипендияи президентӣ ва медалу ифтихорномаҳо супорида ба онҳо барору комёбиҳои навро таманно намуд.

Дар назди ҳозирин қарори раиси ноҳия оид ба ҷудо намудани 18 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои озоди буҷет баҳри харидорӣ намудани ҷиҳозҳои варзишӣ барои варзишгарони ноҳия қироат карда шуд, ки аз ин иқдоми мақомоти маҳаллӣ ҷавонон ибрози қаноатмандӣ намуданд.

Ҷавонон ба саволҳои худ оид ба проблемаҳои ҷойдошта аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир ба тамоми идораҳои дахлдор ва шахсони масъул супоршҳои қатъӣ баҳри дастгирӣ ва кӯмаки ҳамаҷонибаи ҷавонон дода шуд.

Далер Сафаров, ноҳияи Ҷиргатол барои «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ