06:16:38 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ФУТБОЛ ДАР «РӮЗГОР»-И МО

 

 

 ПЕШСАФ МАВҚЕЪАШРО МУСТАҲКАМ КАРД


Даври 8-уми чемпионати 18-уми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 23 ва 24-уми май шуда гузашт. Дар ин давр дастаи «Вахш» дар майдони худ дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Б. Ғафуровро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳар ду тӯбро ба дарвозаи ҳариф Нӯъмонҷон Ҳакимов зад, ки соле қабл узви дастаи «Парвоз» будааст.

Бозии байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Спитамен»-и н. Спитамен дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 4:1 ба нафъи соҳибони майдон анҷом пазируфт.

Хуҷанд дар майдони худ ЦСКА-Помири шаҳри Душанберо бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

24-уми май дар варзишгоҳи марказии пойтахт бозии марказии ин давр байни тимҳои «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Регар ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода баргузор гардид, ки мусовӣ 1:1 анҷом ёфт.

Инчунин дар ин давр тимҳои «Энергетик» ва «Гвардия»-и шаҳри Душанбе бо ҳам вохӯрданд. Барқчиён бо ҳисоби калон 4:0 ғалаба ба даст оварданд.

Ҳамин тавр баъди ҳашт даври мусобиқа дастаи «Вахш»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо 22 хол дар зинаи аввали ҷадвал мавқеи худро мустаҳкам кард. Зинаи дуюмро бо 19 хол футболбозони тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд ишғол мекунанд. Дастаи «Парвоз» бо 17-хол дар зимаи 3-юми ҷадвал қарор дорад. Дастаи «Регар-ТадАЗ», ки 1 бозӣ кам гузаронидааст, бо 16-хол дар ҷои 4-ум қарор дорад.

Байни нишонзанҳо Нӯъмонҷон Ҳакимов аз дастаи «Вахш» бо 7 голи задааш дар зинаи аввал қарор дорад.

Даври навбатии чемпионати 18-уми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 30-31-уми май байни дастаҳои зерин баргузор мегардад:

1. «Парвоз» – «Хуҷанд»
2. «Регар-ТадАЗ» – «Вахш»
3. «ЦСКА-Помир» – «Энергетик»
4. «Спитамен» – «Истиқлол»
5. «Гвардия» – «Равшан»  

 

Шореҳ Тоҷиддин Пираков 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi