19:44:23 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БА ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ТОШКАНД ДУ МЕДАЛ НАСИБ КАРД

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштии дзюдо 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд. Ин мусобиқа рӯзҳои 27 ва 28-уми апрел дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон, баргузор шуд.

/images/stories/2012/04/29_pahlavoni-tojik_29412.jpgПарвиз Собиров, паҳлавони маъруфи кишвар, дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило бо медали нуқра сарфароз шуд. Ӯ баъд аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш – Қувват Нуриев (Туркманистон) ва Темур Болат (Қазоқистон) ба нимфинал баромад. Парвиз дар ниманиҳоӣ Муҳаммад Ҷамолии эрониро шикаст дод, вале дар қувваозомии ниҳоӣ аз Дилшод Чориеви узбакистонӣ мағлуб гашт ва мақоми дувумро касб кард. Дар ин вазн Юа Йошидаи ҷопонӣ ва Чингиз Мамедови қирғиз ҷойҳои севумро соҳиб шуданд.

Расул Боқиев, барандаи ҷоизаи биринҷии Олимпиадаи Пекин дар ин мусобиқа ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин медал овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Чун Та Ҳёнги тайванӣ пирӯзӣ ба даст овард. Расул дар даври дувум Ринат Иброҳимови қазоқистониро шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби ӯ дар нимфинал Ки Чун Ванг, паҳлавони маъруфӣ Кореяи Ҷанубӣ, буд, ки паҳлавони тоҷикро мағлуб сохт. Расул барои ҷои севум бар Озод Кубакаеви қирғиз ғолиб омад.

Дар ин вазн инчунин Наврӯз Ҷӯрақобилови узбакистонӣ бар Алӣ Маломатии эронӣ дастболо шуд ва мақоми севумро касб намуд. Барои унвони қаҳрамони Осиё дар ин вазн Ки Чун Ванг (Кореяи Ҷанубӣ) ва Шоҳеи Оно (Ҷопон) талош карданд. Паҳлавони маъруфи кореягӣ медали тилло ва рақибаш медали нуқра ба даст оварданд. Ба ин тартиб, Расул Боқиев, ки барои ҷои севум боз имтиёзҳои олимпӣ ба даст овард, дар рейтинги ҷаҳонии дзюдо дар вазни 73 кило дар байни 22 нафар беҳтаринҳо ҷойгир шудааст ва аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти солҳои 2011-2012, бе шак, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон – 2012 мушарраф мешавад.

Парвиз Собиров низ барои ҷои дувум имтиёзҳои олимпӣ ба даст овард ва барои роҳхати олимпӣ талош дорад. Боз ду варзишгари дигари тоҷик – Фарҳод Раҳимов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов низ холҳои олимпияшонро афзун карданд. Фарҳод дар вазни то 81 кило нахуст бар Вен Чун Ву (Тайван) дастболо шуд, вале баъдан аз Ҷаи Бум Ким (Кореяи Ҷанубӣ) мағлуб гашт. Сипас ӯ бар Риҷигава Си (Чин) ғолиб омад. Фарҳод барои ҷои севум аз Амир Ҷасими Наҷоди эронӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард. Дар ин вазн Ҷаи Бум Ким (Кореяи Ҷанубӣ) бо медали тило, Кеита Нагасима (Ҷопон) бо медали нуқра, Амир Ҷасими Наҷод (Эрон) ва Яҳё Имомов (Узбакистон) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бошад, дар вазни то 100 кило баъд аз ғалбааш дар даври аввал бар Болот Токтогонови қирғиз, дар даврҳои баъдӣ аз Дайсуке Кобаяшӣ (Ҷопон) ва Кванг Сун Йо (Кореяи Ҷанубӣ) мағлуб гашт ва дар ҷои ҳафтум қарор гирифт. Дар ин вазн Рамзиддин Саидови узбакистонӣ ғолиб шуд.

Ҷавод Маҳҷуб (Эрон) ҷои дувум, Виктор Демяненко (Қазоқистон) ва Темуулен Баттугла (Муғулистон) ҷойҳои севумро аз они худ карданд. Вале се паҳлавони тоҷик Ҷамшед Халилов, Сӯҳроб Раҳимов ва Абӯбакр Раҳмонов аз медалҳои мусобиқа ва холҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Ҷамшед Халилов (60 кг) дар даври аввал Даврон Маразикови қирғизро шикаст дод, вале дар даври баъдӣ аз Еркебулан Косаеви қазоқ мағлуб гашт. Дар ин вазн Гванг Ҳён Чой (Кореяи Ҷанубӣ) медали тило, Ҳирофуми Ямамото (Ҷопон) медали нуқра, А.Ламуси (Чин) ва Минг Йен Тсай (Тайван) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Сӯҳроб Раҳимов (66 кг), ки дар даври муқаддамотӣ аз рақибаш Томофуми Таказои ҷопонӣ шикаст хӯрд, аз идомаи мубориза маҳрум шуд. Дар ин вазн Сергей Лим (Қзодқистон) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Мин Ҳо Чой (Кореяи Ҷанубӣ) дувум, Томофуми Таказо (Ҷопон) ва Миярагчаа (Муғулистон) севум шуданд.

Абубакр Раҳмонов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал қувваозмоишяро ба Сунг Мин Ким (Кореяи Ҷанубӣ) бохт. Дар ин вазн Муҳаммад Рӯдакӣ (Эрон) ҷои аввал, Патеши Оҷитанӣ (Ҷопон) ҷои дувум, Сунг Мин Ким (Кореяи Ҷанубӣ) ва Батсуури Намсрайҷав (Муғулистон) ҷойҳои севумро гирифтанд.

Дар мусобиқаи қарҳрамонии Осиё миёни мардону занон дар пойтахти Узбакистон варзишгарони 26 кишвар иштирок доштанд. Намояндагони 11 кишвар соҳиби медалҳо шуданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ (бо дар назардошти медалҳо, ҷойҳои панҷум ва ҳафтум) мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 12 медал (4 тило, 1 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҷои аввал, Ҷопон бо касби 13 медал (3+5+5) дар ҷои дувум ва Муғулуситон бо касби 9 медал (2+2+5) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Узбакистон (2+0+2) чаҳорум, Чин (1+2+3) панҷум, Қазоқистон (1+1+1) шашум, Эрон (1+1+1) ҳафтум шуданд. Тоҷикистон ва Тайван бо натиҷаҳои якхела, яъне як медали нуқра ва як биринҷӣ, мақоми ҳаштумро касб карданд. Боз варзишгарони ду кишвар – Қирғизистон ва Кореяи Шимолӣ ҳар кадом як медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi