17:27:09 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«ЗАРАФШОН»-И ПАНҶАКЕНТ ШИКАСТ ХУРД…

Бозиҳои аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расида, бозиҳои ҷавобии чорякниҳоӣ дар ин сабқат оғоз хоҳанд ёфт.

/images/stories/2012/08/26_footboll-260812.jpgФардо, 26-уми август бозиҳои ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, дастаҳои «Энергетик»-«Хайр» дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и шаҳри Душанбе қувваозмоӣ менамоянд. «Истиқлол»-ССКА «Помир» бошад дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт вориди сабқат мешаванд.

«Регар-ТадАз -«Ҳосилот» дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода рақобат хоҳанд кард. Манбаъ мегӯяд, рӯзи 27-уми август дастаҳои «Зарафшон» - «Гвардия» дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент бозӣ мекунанд. Оғози ҳамаи бозиҳо соати 16:30 муайян шудааст.

Бояд зикр намуд дар бозиҳои аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012, ки то 23-юми ҳамин моҳ шуда гузаштанд, дастаи «Гвардия»-и Душанбе  бо тими «Зарафшон»-и Панҷакент дар варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон вориди сабқат шуда бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Се бозии дигари ¼ ниҳоӣ рӯзи 22-юми август доир гардида буд-: Тими «Хайр»-и Ваҳдат аз дастаи «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. «Регар-ТадАз»-и Турсунзода бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 3:2 дастболо шуд.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi