18:55:30 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АФЗАЛОВ: “ҶАВОН НАБОЯД РИШ ДОШТА БОШАД”

Раиси вилояти Хатлон аз афзоиши мавориди ифротгароӣ дар ин минтақа ибрози нигаронӣ кардааст. Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, ки рӯзи шанбеи 22 декабр, бо сокинони ноҳияи Ёвони ин вилоят дидор мекард, аз фаъолияти имом-хатиб ва рӯҳониёни ин ноҳия интиқод карда ва гуфт, ки баъзе муллоҳо таҷлил аз Соли Навро “гуноҳ” хондаанд.

/images/stories/2012/12/24_avzalov-241212.jpgОқои Афзалов ба масъулони ниҳодҳои зирабти ноҳияи Ёвон дастур дод, то дар майдони маркази ноҳия арчаи солинавӣ насб кунанд. Ҳамчунин, ӯ мухолифати худро ба риш гузоштани ҷавонон иброз карда ва гуфт: “Ман ҷиддӣ мегӯям ҷавон набояд риш дошта бошад.”

Қаблан низ аз вилояти Хатлон дар мавриди эҷоди маҳдудиятҳо дар пӯшиши ҳиҷоб барои бонувон ва доштани риш барои мардон гузоришҳо пахш шуда буд.

Ин гуна маҳдудият ва мамнӯъ шудани фаъолияти занҳои ҳиҷобдор ва мардони ришдор дар бозорҳои вилояти Хатлон аз ҷониби созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ба унвони нақзи ҳуқуқи динии сокинон интиқод шуда буд.

Дар ин ҳамоиш ба фаъолияти ғайриқонунии 11 масҷид ва ду таълимгоҳи динии бачаҳо дар ноҳияи Ёвон ишора шуда ва ба имом-хатибҳо дастур шудааст, то дар масоҷид дурбинҳо насб кунанд.

Дар ҳоле, ки раиси вилояти Хатлон ҳодисаи ронда шудани як фарди машрубхӯрда аз масҷидро ғайри қобили қабул хонда ва аз сатҳи пасти мавъизаҳо дар намози ҷумъа интиқод кардааст, Муҳаммаднабӣ Бобиев, яке аз рӯҳониёни ноҳия гуфт:

“Дар масоҷид мавъизаҳоямонро ба сулҳу ва истиқлоли кишварамон мебахшем. Доштани риш бошад барои мо, мусалмонҳо суннати паёмбар аст, аммо агар дастур ё қонуне тасвиб шавад, мо дигар маҷбур ҳастем, ки итоат кунем.”

Дар ҳамин ҳол, коршиносҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки мақомот ба хотири ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҷунбишҳои фаъолияташон мамнӯъ талош мекунанд, дар масоҷид аз сулҳ ҳарф зада вa аз тариқи дурбинҳо рафти намозгузориро назорат кунанд.

Ба эътиқоди ин коршиносон, мақомоти вилояти Хатлон аз ҷавонони мазҳабӣ, ки бо доштани риш зоҳир мешаванд, бим дошта, мехоҳанд рафтор ва пӯшиши онҳоро тавассути мавъизаҳои имом-хатибон дар масоҷид ислоҳ созанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi