08:41:17 01-уми Июли 2025 сол

ПИРӮЗИИ ДАСТАИ ТОҶИКИСТОН БАР ЛУБНОН

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Непал бар тими Лубнон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Ин бозии даври севуми гурӯҳи «В» 9-уми октябр дар варзишгоҳи Дашрати шаҳри Катманду баргузор шуд.

 

Нахуст Дилшод Расулов, капитани дастаи Тоҷикистон, дар дақиқаи 4-ум ҳисобро боз кард. Голи дуввумро Толибҷон Султонов дар дақиқаи 47-ум ба самар расонд. Голи севумро боз Дилшод Расулов ба дарвозаи тими Лубнон зад. Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин бозӣ дастаи Тоҷикистон бар тими Баҳрайн бо ҳисоби 2:0 пирӯз гашта, сипас бозиро бо тими Эрон бо ҳисоби 0:0 анҷом дода буд. Ҳоло бозии дигари ин гурӯҳ байни дастаҳои Эрон ва Непал ҷараён дорад. Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи «В» дастаи Тоҷикистон мисли пешин бо 7 имтиёз дар ҷои аввал аст. Дастаҳои Баҳрайн ва Лубнон бо 3- имтиёзӣ дар ҷойҳои дуввуму севум мебошанд.

 

Эрон бо як имтиёз дар ҷои чаҳорум ва Непал бидуни имтиёз дар ҷои панҷум қарор доранд. Тоҷикистон ва Лубнон 3 бозӣ, Баҳрайн 2 бозӣ, Эрон ва Непал як бозӣ анҷом додаанд. Дар даври чаҳорум 11-уми октябр, нахуст дастаҳои Непал ва Баҳрайн, сипас Лубнон ва Эрон бозӣ хоҳанд кард. Дастаи Тоҷикистон дар даври охирини сабқати гурӯҳи «В» 13-уми октябр бо дастаи мизбон – Непал қувва меозмояд. Қабл аз ин бозӣ дастаҳои Эрон ва Баҳрайн бо ҳам рӯбарӯ хоҳанд шуд.

 

Сабқати интихобӣ аз 8 гурӯҳ иборат аст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ («А» - «G»), инчунин ғолиби гурӯҳи «Н» ва беҳтарин даста аз байни ҷойҳои севум ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

 

Дар айни ҳол ду дастаи беҳтарини гурӯҳи «F» - Чин ва Тимори Шарқӣ (бо 13-имтиёзӣ) ва Ҷопон (аз гурӯҳи «Е») ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтаанд. Бозиҳои гурӯҳи «С» (Бутан, Ироқ, Фаластин, Қатар, Сурия ва Яман) 8-уми октябр шурӯъ шуданд: Сурия – Бутан – 10:0, Яман – Ироқ – 0:1, Қатар – Фаластин – 1:0. Сурия, Ироқ ва Қатар 3-имтиёзӣ доранд.

 

Дар гурӯҳи «D» (Уммон, Урдун, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон) 8-уми октябр 3 бозии дигар бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: Урдун - Туркманистон – 3:2, АМА – Уммон – 2:1, Қирғизистон - Ҳиндустон –– 0:0. Дар ин гурӯҳ Урдун ва АМА бо 7- имтиёзӣ пешсафанд.

 

Дар гурӯҳи «Е» (Ҷопон, Тайван, Индонезия, Бангладеш ва Филиппин) 7-уми октябр боз 2 бозӣ баргузор шуд: Ҷопон – Тайван – 5:0, Филиппин - Индонезия - 0:9. Дар ин гурӯҳ Ҷопон бо 9 имтиёз дар ҷои аввал аст ва сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш ба сабқати ниҳоӣ роҳхат гирифтааст. Индонезия 4 имтиёз дорад.

 

Дар гурӯҳи «Н» се даста – Австралия, Малайзия ва Лаос - дуборӣ бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Дар ин гурӯҳ ҳамагӣ ду бозӣ доир шудааст: Австралия – Лаос - 7:0, Малайзия – Лаос – 0:6. Австралия ва Лаос 3-имтиёзӣ гирифтаанд. Бозиҳои гурӯҳи «А» бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони Афғонистон, Кувайт, Покистон, Арабистони Саудӣ, Шри-Ланка ва Узбакистон 19-уми октябр оғоз меёбанд.

 

Дастаҳои гурӯҳи «G» (Камбоҷа, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Мянмар, Тайланд ва Вйетнам) 9-уми октябр ба қувваозмоӣ шурӯъ мекунанд: Кореяи Ҷанубӣ - Мянмар, Тайланд – Камбоҷа, Вйетнам – Кореяи Шимолӣ.

 

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ