00:52:20 03-уми Июни 2025 сол

ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН ШУД

Далер Сайфиддинов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар риштаи таэквон-до ИТФ дар шаҳри Санкт-Петербург медали тилло ба даст овард.

 

Далер Сайфиддинов, дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни 78 килограмм дар даврҳои муқаддамотӣ бар Дашдаваа Эрденебаатар (Муғулистон), Назир Аҳмад (Афғонистон), Луки Вакели (Бритониёи Кабир) ва Николас Коконезис ( Юнон) дастболо шуда, дар даври ниманиҳоӣ Александр Вернери русиягиро мағлуб кард. Далер Сайфиддинов дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Ян Мрачек, намояндаи Ҷумҳурии Чех, пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

 

Дар мусобиқаи XVI қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Санкт-Петербург варзишгарони беш аз 80 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.

 

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854