08:17:07 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бохти "Истиқлол" дар Кӯлоб боиси барканории Кавазович шуд

Никола Кавазович бо тасмими раҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе аз вазифаи сармураббии даста барканор шуд. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар додааст. Дар он гуфта мешавад, раиси бошгоҳи «Истиқлол Шоҳрух Саидов иллати аз вазифа сабукдӯш кардани мутахассиси сербиягиро ба натиҷаи ғайриқаноатбахши даста марбут медонад, ки ахиран дар бозии муҳим аз «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

bokhti-istiqlol 180613«Мо аллакай ба Кавазович дар бораи тасмими худ хабар додем. Барои ҳамкорӣ аз ӯ миннатдорем ва ба фаъолияти минбаъдаи мураббигиаш ба вай муваффақият мехоҳем. Дар бораи он, ки «Истиқлол»-ро ба давраи дувуми мусобиқот кӣ омода мекунад, дар наздиктарин фурсат иттилоъ дода мешавад», - изҳор кардааст Шоҳрух Саидов.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол», ки то даври 11-уми мусобиқоти лигаи олӣ пешсаф буд, баъди бохт дар Кӯлоб давраи аввали мусобиқоти каҳрамонии Тоҷикистонро бо 24 имтиёз дар мақоми дувум ба анҷом расонд. Рақиби аслиаш – «Равшан» бо 27 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Никола Кавазович моҳи апрели соли гузашта сармураббии дастаи «Истиқлол» таъин шуда буд. Бо раҳбарии ӯ «Истиқлол» Ҷоми раиси АФК-2012-ро ба даст овард ва барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон шуд.

Бозигарону мураббиёни «Истиқлол» ба рухсатӣ баромаданд, ки он то 20-уми июл идома хохад кард. Ҳайати асосии даста пас аз таътил ба давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки 7-уми сентябр шуруъ мешавад, омодагӣ мебинад.

Бояд гуфт, ки ин чаҳорумин истеъфои сармураббӣ дар мавсими имсола дар лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошад. Аз ин пеш Юсуф Абдуллоев («Хайр»-и Ваҳдат), Ҳусейн Шодиев (ССКА «Помир»-и Душанбе) ва Маҳмадҷон Ҳабибуллоев («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода) аз вазифаашон барканор шуда буданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi