10:18:13 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Имиҷи байналмилалии Тоҷикистонро чӣ гуна баланд бардорем?

Мушкилоти ташкили имиҷи Тоҷикистон дар ВАО-и байналмилалӣ" чунин ном дошт, мавзӯи баҳсу мунозираи сардабирон ва дигар кормандони васоити ахбори оммаи кишвар, ки он дар Клуби мубоҳисавие дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ахири ҳафтаи гузашта баргузор гардид.

1-jurnalist-145Дар ин ҳамоиши журналистон, ки бо ибтикори нашрияи ҲХДТ "Минбари халқ", ташкилоти ҷамъиятии "Медиа консалтинг" ва кӯмаки моли  Бунёди "Фридрих Эберт" ба вуқуъ пайваст, дар баробари аксари сардабирони нашрияҳои давлативу хусусӣ, журналистони расонаҳои дохиливу хориҷӣ инчунин Муҳаммадшариф Бобошоев, мушовири калони Президенти ҶТ ширкат ва суханронӣ намуд.

Бахтиёр Ҳамдамов, сардабири "Минбари халқ" дар оғози суханронии хеш иброз дошт, ки новобаста аз мухолифатҳои ақидатие, ки дар байни рӯзноманигорони тоҷик вуҷуд доранд, дар масъалаи баланд бардоштани имиҷи кишвар бояд ҳама кормандони матбуоти кишвар аз як гиребон сар бароранд. Зеро рушди давлат, сарозер шудани сармояҳои хориҷӣ, инкишоф ёфтани манбаи дигари даромад-ҷаҳонгардӣ аз ҳамин чигунагии имиҷи Тоҷикистон вобастагии зиёд дорад.

Рустам Ҳайдаров,раҳбари намояндагии Бунёди Фридрих Эберт дар Тоҷикистон, гуфт, ки баланд бардоштани имиҷи кишвар дар расонаҳои хориҷӣ ин вазифаи ҳар як шаҳрванд, аз корманди оддӣ шуруъ карда то Президенти мамлакат ба ҳисоб меравад. Аммо дар ҳамин ҳол мо мебинем, ки бо масъалаи имиҷи кишвар бештар расонаҳои хориҷӣ, он ҳам бошад ҳамсояи мо, сару кор мегиранд ва вазифаи онҳо пеш аз ҳама сиёҳ кардани имиҷи Тоҷикистон дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази таҳлилии "Бозтоб" иброз дошт, ки дар бархе аз кишварҳои олам барои баланд бардоштани имиҷи давлаташон маблағҳои зиёде масраф карда мешавад. Русияро мисол овард, ки бо ин мақсад солона то 100 миллион доллар сарф мекунад. ИМА бошад танҳо барои баланд бардоштани обрӯи Амрико дар назди кишварҳои исломӣ махсус солона як миллиард доллар ҷудо кардааст. Дар Тоҷикистон соли 2008 ба ин мақсад ниҳоди мушаххасеро бо номи "Кумитаи муқобилаи иттилоот" иборат аз 7 нафар таъсис доданд, вале Кумита то ба имрӯз кадом корҳои назаррасеро анҷом дод, маълум нест.

2-jurnalist-145Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо пайваста дар матбуот исрор варзидан, ки Тоҷикистон як кишвари авторитарӣ аст, яке аз марказҳои интиқоли маводи мухаддир ва паҳншавии экстремизму тундгароии мазҳабӣ мебошад, бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бар зарари муҳити зисти кишварҳои ҳамсоя аст ва ғайра, дар роҳи беҳтар кардани имиҷи Тоҷикистон миёни кишварҳои олам мушкилот эҷод мекунад. Ӯ инчунин аз фаъолияти Манижа Давлатова, Мавзуна Чориева, Муҳиддин Кабирӣ барин шахсиятҳои фарҳангиву сиёсии кишвар чандин мисолҳои мушаххасе овард, ки ба боло бурдани имиҷи давлат дар дигар кишварҳо мусоидат кардаанд.

Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи "СССР", иброз дошт, ки "дар мо ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ҷои он, ки нақши матбуотро дар фаъолияти хеш пурқуват созанд, онҳо ба барҳам додани марказҳои матбуотӣ ва ихтисор кардани кормандони бо матбуот сару кор дошта машғул шуданд. Барои мисол дар минтақаи Кӯлоб танҳо як марказӣ матбуотӣ он ҳам дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб амал мекунаду халос.

Муҳаммадшариф Бобошоев, мушовири калони Президенти Тоҷикистон иброз дошт, ки то имрӯз вобаста ба имиҷсозии Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ комиссия ё гуруҳи махсус таъсис дода нашудааст. Дар ин самт нақш ва саҳми васоити ахбори омма ва хабарнигорон ҷолибтар ба назар мерасад, иброз дошт ӯ ва вобаста ба ин хабарнигоронро ба ду гуруҳ ҷудо кард: "гуруҳи аввал онҳое, ки ба миллату кишвари Тоҷикистон ҳусни таваҷҷуҳ дошта ҳаводисро воқеъбинона ба қалам медиҳанд ва симои неки Тоҷикистонро ба ҷаҳониён нишон медиҳанд. Гуруҳи дуввум хабарнигороне мебошанд, ки дидаву дониста факту далелҳор таҳриф менамоянд ва Тоҷикистону мардуми онро аз ҷиҳати манфӣ муаррифӣ менамоянд. Мақолаҳои онҳо муғризона ҳасту барои ин аз хоҷагони худ подош мегиранд. Баъзе расонаҳое, ки чунин матолибро ба табъ мерасонанд, ҳозир намешаванд раддияи ин мақолаҳоро чоп кунанд". Мушовири Президент барои исботи андешаи худ аз сайти "Сентразия.ру" ном гирифт.

Қироншоҳ Шарифзода, Раиси Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон изҳор кард, ки чанд мавзуъ дар имиҷсозии Тоҷикистон нақши мубрам мебозанд. Инҳо пеш аз ҳама мавзӯи мардикорӣ, мавзӯи интиқоли маводи мухаддир, мавзӯи сиёсати дохиливу берунӣ ва мавзӯи варзишу фарҳанг аст. Фазои иттилоотии Тоҷикистонро 446 рӯзномаву маҷалла, 10 марказҳои хабарӣ ва 44 шабакаҳои радио ва телевизионӣ таҳти пӯшиш қарор додаст, ки ин аз назари аввал кам нест.

Агар бар ҳар сари аҳолӣ бигирем, Тоҷикистони мо аз аксари кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ин масъала пешгомтар аст. Ба ғайр аз забони давлатӣ боз бо чор забони дигар: ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ мақолаву мавод ва барномаҳо ба нашр мерасанд. Вале мо на ҳамеша аз имкониятҳои хеш истифода мебарем. Зеро рӯзномаи аз ҳама сертиражи мо "Минбари халқ" 50 ҳазор нусха, "Азия Плюс" 15-20 ҳазор нусха, "Народная газета" 10 ҳазор нусха бароварда мешаванд, ки ин албатта кам аст.

Бо имконияти ин газетаҳо мо имиҷи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ бардошта наметавонем. Бо вуҷуди ин нашрияҳои ҳукуматӣ дар қиёс бо нашрияҳои хусусӣ, ки имкониятҳои камтар доранд, дар имиҷсозии кишвар кореро намекунанд, ки ҳафтаномаҳои хусусӣ карда истодаанд. Яъне, ба гуфтаи Қироншоҳи Шарифзода, дар ин кор ҳафтаномаҳои хусусӣ пешгомтаранд. Васоити электронии кишвар имиҷсозӣ мекунанд, вале барои муштариёни дохили кишвар.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мутаассифона, дар мо мафҳуми давлатро аз ҳукумат фарқ намекунанд ва ё фарқ кардан намехоҳанд. Вақте журналисте ягон ниҳоди ҳукуматиро барои камбудӣ дар фаъолияташ танқид мекунад, даррав ба муқобилаш садо баланд мекунанд, ки фалони зиддӣ давлат гап зад. Ӯро қариб, ки хоини миллат мебароранд. Ҳамин аст, ки ҳангоми таҳти пӯшиш қарор додани чунин мавзуҳои муҳими рӯз на ҳама журналистон аз  худ дилгармиву самимият нишон медиҳанд.

Ва аммо мо ба хонандагони худ муроҷиат мекунем: "Имиҷи байналмилалии Тоҷикистонро чӣ гуна баланд бардорем?" Шумо чӣ фикр доред? Интизори посухҳои шумоем.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi