23:28:48 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Семинар ва давраи омӯзиши чандрасонаӣ барои хабарнигорон-аккосони тоҷик

2 март рӯзи таваллуди Муҳиддини Олимпур, аз барҷастатарин аккосон ва хабарнигорони тоҷик аст, ки дар муаррифии фарҳанги Тоҷикистон ба ҷаҳониён нақши муҳиме бозидааст. Пас аз даргузашти Муҳиддин дар декабри соли 1995 гурӯҳе аз фарҳангиёну рӯзноманигорони тоҷик ва дӯстони вай Конун (Бунёд)-и Байналмилалии Олимпурро бунёд карданд. Конун ҳамакнун машғули омодасозии бойгонии Олимпур аст то дар дастраси дӯстдорон ва пажуҳишгарон қарор гирад.

mohieddin-March-1995--Дар ояндаи наздик вебгоҳ ё сойти интернетии Конуни Байналмилалии Олимпур ба ҳамин манзур фаъол хоҳад шуд. Конун қасд дорад дар ин вебгоҳ дар канори корҳои Олимпур беҳтарин корҳои фотожурналистон ё хабарнигорон-аккосони дигари тоҷикро дар бораи фарҳангу таърихи Тоҷикистон низ ба нашр расонад то манбаъи омузишии хубе барои фотожурналистони тоҷик ва шиносондани Тоҷикистон ба ҷаҳониён шавад.

Ин Бунёд тасмим дорад дар нимаи дуюми моҳи майи соли 2014 як давраи фотожурнализми чандрасонайиро барои 12 хабарнигор-аккоси ҷавони тоҷик дар шаҳри Душанбе баргузор кунад. Дар ин давраи омӯзишии фишурдаи панҷрӯза, ки бештар ба сурати семинор ва баҳс баргузор хоҳад шуд, ширкаткунандагон усули ҳирфайии рӯзноманигориро мурур мекунанд ва бо намунаҳое аз корҳои фотожурнализм дар дунёи имрӯз ошно хоҳанд шуд.

Ва дар баҳсу гуфтугу дар бораи расонаҳои диҷитол ва ояндаи расонаҳои суннатӣ, мисли рӯзнома, родио ва телевизион ширкат хоҳанд кард. Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ ҳар ширкаткунанда ёд мегирад то бар асоси достоне ҷолиб як гузориши чандрасонаӣ бо истифода аз аксу видео ва садо таҳия кунад. Мо беҳтарин корҳои ширкаткунандагони давраи омӯзиширо дар сойти Конуни Байналмилалии Олимпур ба нашр хоҳем расонд ва ҳаққулзаҳмаи он ба муаллифон ва созандагони корҳо пардохт хоҳад шуд.

Хабарнигорони тоҷик, ки аккосӣ низ мекунанд ва алоқаманди ширкат дар ин давраи омӯзишӣ ҳастанд, метавонанд то поёни моҳи апрел даҳ акс аз корҳои худашонро дар бораи як мавзуъ ё достони ҷолиб ба Конуни байналмилалии Олимпур бифиристанд. Аз фиристандагони беҳтарин аксҳо, ки бар асоси мавзӯъе ҷолиб бошад, даъват хоҳад шуд то дар давраи панҷрӯзаи омузишӣ ширкат кунанд.

Дар ин давраи омӯзишӣ чанд тан аз шинохтатарин рӯзноманигорону аккосон ва филмбардорони тоҷик ва коршиносони расонаҳои байналмилалӣ барои роҳнамоӣ ва баҳс дар бораи гузоришҳои чандрасонаӣ ва кумак ба ширкаткунандагон ҳузур доранд. Ин давра барои ҳамаи журналистоне, ки бо расонаҳои савтию тасвирӣ ва интернетӣ кор мекунанд ва бо навишта, садо ва тасвир сару кор доранд, метавонад бисёр муфид бошад.

Лутфан номаи дархост ва шарҳи ҳоли худро ҳамроҳ бо даҳ аксе ки худатон гирифтаед, ба ин нишонӣ бифиристед: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Бунёди байналмилалии Олимпур

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №09, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi