07:26:56 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Гулнора Амиршоева: "Мардҳо аз дин ба манфиати худ истифода мекунанд"

Гулнора Амиршоева, сардабири ҳафтаномаи “Вечёрка”, ки иштироки саросарии кормандони давлатиро дар намози ҷумъа танқид карда, ҳадафи ситезаҳо қарор гирифтааст, мавзеъгирии худро дар ин бобат шарҳ дод.

gulnora-amirshoeva-8545621Гулнора Амиршоева, сардабири ҳафтаномаи “Вечёрка”, ки 3 декабр дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони Андеша” дар мавзӯи озодии баён ва худшиносии занон дар ҷомеаи динмеҳвар ва мардсолор сӯҳбат мекард, гуфт пас ибрози назараш дар бораи иштироки саросарӣ дар намози ҷумъа мавриди фишору таҳдидҳои зиёд қарор гирифт ва ҳатто аксари дӯстони собиқаш аз ӯ рӯй гардондаанд. Ӯ аз намояндагони маҳфили "Ҷаҳони андеша" ташккур кард, ки дар чунин марҳилаи барояш хеле мушкил ва аз нигоҳи равонӣ вазнин ӯро танҳо нагузоштанд ва дастгирӣ карданд.

Гулнора Амиршоева дар ин маҳфил гуфт: “Ман ҳақ дорам, ки барои бемасъулиятии афроде, ки раҳбарии ин ё он соҳаро доранд, назари худро баён ва барои бемасъулиятӣ онҳоро интиқод кунам. Моҳи октябр, рӯзи ҷумъа кори зиёде доштем, бояд барои 90-солагии пойтахт омодагӣ медидем ва масъулини зиёде бояд барои ин кор бо дастури шаҳрдорӣ ба мо кӯмак мекарданд. Вале касеро наёфтам ва рӯзи ҷумъа як рӯзи мурда буд. Ҳаминро дар Фейсбук навиштам, гуфтам беҳтар мебуд, ки ҳамин тавр кори худро анҷом медоданд ва бисёриҳо маро таҳқиру интиқод карданд, ки ман ба эҳсоси эътиқодмандон нохун мезанам. Касе намехост, бифаҳмад, ки ин эҳсос бояд дар қалби онҳо бошад на дар хизмати давлатӣ, ки бояд манофеи миллат ва давлат аз манофеи шахсии онҳо бояд боло бошад”

Гулнора Амиршоева бо муроҷиат ба онҳое, ки аз худотарсӣҳарф мезананд ва ба занон тарзи зиндагӣ, либоспӯшиву намозхониро меомӯзанд, гуфт, беҳтар мебуд агар аз пайи кору иқдоми муфидтаре мешуданд.

Хонум Амиршоева гуфт, воқеан ӯ аркони дини ислом, мисли намозро ба ҷо намеорад ва ҳоло барои анҷом додани ин пурра омода нест, аммо “сари ин кор хоҳад кард”.

Ба андешаи ӯ, маҳз Ислом вазъи занонро беҳтар карда, ба онҳо ҳаққи бештар додааст. Аммо дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон Ислом нодуруст пешниҳод ва қабул мешавад. “Даҳҳо мисолҳое дорам, ки дар зери ниқоби қонунҳои шариат мардон на танҳо ҳаққи асосии занонро ба зиндагӣ нақз мекарданд, балки онҳоро мавриди тамасхур қарор медоданд. Як ҳамсояи худро мисол меорам, ки 18 сол дошту шавҳараш қариб 50 сола буд ва ҳар вақте мард ба назди ҳамсари дигараш ё ҷои дигаре мерафт, ин занро дар хона то 3 -4 рӯз маҳкам мекард. Як рӯз аз тиреза зан доду фарёд кард, ки барояш кумак кунем, кӯдакаш бемор шудааст ва мо дарро шикаста ба ӯ ёрӣ кардему беморхона бурдем. Баъдан шавҳараш омаду бо мо ҷангу ҷанҷол кард, ки чаро ба зиндагии ӯ дахолат мекунем.”

Дар маҳфили “Ҷаҳони андеша” аксарият бо Гулнора Амиршоева, ки аз фанатизми исломӣ ва хушунат алайҳи занону нақши онҳо дар ҷомеаи имрӯз сӯҳбат мекард ҳамфикр буданд ва аз ӯ барои ҷасораташ ситоиш карданд. Аммо онҳое ҳам буданд, ки гуфтанд мушкили хушунат ва нақзи ҳуқуқи занон танҳо ба ислом ва мазҳабӣ будани ҷомеа марбут нест. Аз ҷумла Саодат Олимова, корманди Маркази назарсанҷии “Шарқ” дар робита ба интиқоди Гулнора Амиршоева аз намозгузории мансабдорон гуфт, ки ин ҳаққи онҳо аст.

“Аз нигоҳи ман онҳо ҳақ доранд, ки дар баробари фаъолияти ҷамъиятии худ ниёзҳои мазабии худро бароварда созанд ва намефаҳмам чӣ мушкил дорад, ки ҳафтае як маротиба як хизматчии давлатӣ барои адои намоз вақт ҷудо кунад. Муҳим ба фикри ман ин аст, ки вай бояд муттахассиси хуб бошад ва ҳамзамон фаъолияташро хуб анҷом диҳад. Шахс метавонад як курсии давлатиро банд кунад соатҳо сари кор бошад, аммо кораш маҳсуле надошта бошад,” - гуфт Саодат Олимова.

Аммо, Гулнора гуфт, ӯ зани озоду мустақил ва хушбахт аст, ки тавонистааст дар як ҷомеаи суннатӣ , ки зани муваффақ ва мустаъқилро таҳаммул надорад, мавқеи худро пайдо кунад. Ӯ гуфт, вобаста ба имконоташ ба ҷомеа саҳми худро гузошта, дар айни замон аз ибрози андешаҳояш тарсе надорад. Ӯ таъкид бар ин кард, ки занҳои тоҷик бояд тарзе зиндагӣ ва рафтор кунанд, ки барояшон писанд аст.

“Ман дусола будам, ки волидонам аз ҳам ҷудо шуданд. Модарам, ки барвақт дар синни 17 оиладор шуда буд бо айби падарам натавонист соҳиби маълумоти олӣ шавад, чун барояш ин иҷозаро надодааст вай дар пешбурди зиндагӣ танҳо монд. Ман аз кӯдакӣ ба модарам кӯмак кардаам. Аз 10 солагӣ ба бофтани ҷуробу кулоҳу гарданбанд шурӯъ кардам, то ба модарам ёрӣ диҳам, дар донишгоҳҳам маҷбур шудам ба шӯъбаи ғоибона гузарам, то кор кунам. Ва дар синни ҷавонӣ ман ман барои дарёфти ҷое зери офтоб мубориза барам. Барои он, ки бидуни шиносу маблағ соҳиби ҷойи кори хубу даромад бошӣ, бояд ба худ бовар кунӣ ва характери хос дошта бошӣ.”

Ин хонуми рӯзноманигор дар ҳоле дар ин маҳфил сӯҳбат мекард, ки як пости кӯтоҳи ӯ дар шабакаи иҷтимоии фейсбук баҳси зиёдеро миёни диндорон барангехт, ки ӯро аксари диндорон “роҳгумзадаи бедин” хонданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi