19:34:08 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Иди матбуот: Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд

Иди касбии рӯзноманигорон, Рӯзи матбуоти тоҷик 11-уми март дар толори Театри Лоҳутӣ бо ҷамъи аҳли адабу фарҳанг баргузор шуд. Саҳни биноро чун ҳамасола намоиши китобу рӯзномаҳо оро медод.

1_guzorishi-zulola-2015.jpg

Тавре бо пешниҳоди китобҳои гуногунмазмуну рангин ҳангоми истиқболи гарми муштариёни фарҳангӣ фурӯшандаи Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» акои Асомиддин изҳори назар кард, ин гуна ҷашнвораҳо имкон медиҳанд, то китобҳои тозатаълифу ҷолибро манзур гардонанд ва сафи хонандаҳои худро афзоянд, зеро ба чорабиниҳое чун рӯзи матбуотчиён бештар онҳое меоянд, ки аҳли қаламу фарҳанганд ва ба китоб таваҷҷӯҳи хоса доранд.

Бо ишора ба вазъи матбуоти кишвар коршиноси соҳаи ВАО Мӯсо Асозода пеш аз оғози ҷашнвора изҳори назар карда, вазъи озодии баён ва рӯйи кор омадани рӯзномаҳои фаровонро дар Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуд. Устоди ДМТ Саъдулло Ҳайдарӣ бошад, аз баланд шудани касбияти рӯзноманигорон, хоса рӯзноманигорони ҷавон изҳори хушнудӣ кард.

Ҷашнвораро ровиён - ҷавондухтару ҷавонписари хушбаён ҳусни оғоз бахшида, эълом доштанд, ки чун ҳамасола Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аҳли қаламро ба истиқболи таҷлили ҷашни касбии Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, дар роҳи эҷод килки сабзи онҳоро рӯйи суфраи сафед созандаву арзанда орзу менамоянд. Сипас, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзодаро барои сухани табрикотӣ руйи саҳна даъват намуданд.

2_guzorishi-zulola-2015.jpg

Вазири фарҳанг бо изҳори эҳтироми хоса ба аҳли нишаст сухан оғоз кард:

- Қаламкашони азиз, собиқадорони соҳа. Ман дида истодаам, ки дар ин толори мо қариб се насли рӯзноманигорон ширкат доранд ва ин воқеан боиси ифтихори мост. Аслан табрикоти расмии Вазорати фарҳанг дар рӯзномаи «Баҳори аҷам» ва сомона интишор гардиду иловатан мехоҳам аҳли қаламро ба ин иди касбияшон аз номи тамоми аҳли фарҳанг шодбош гуфта, барояшон комёбиҳои нави эҷодиро таманно намоям.

Ӯ афзуд, ки «бояд гуфт, инсоният аз тамоми махлуқоти дунё маҳз бо фаросату забон, аниқтараш сухан ва истеъдоди навиштан афзалият дорад. Ва истифодаи табиии ин хиради наҷиб маҳз ба шумо - аҳли қалам, намояндагони беҳтарини аҳли зиё насиб гардидааст. Байте хеле маъмул аст, ки:

Сухан бишканад минбару дорро,

Зи сурох берун кунад морро.

Шумо воқеан он намояндагони зиёиёне ҳастед, ки мафҳуми мантиқии ин байтро чуқур дарк менамоед ва бо тамоми ҳастӣ. Вазифаҳои касбӣ, рисолат ва масъулияти шумо дар назди миллат ва ватан на танҳо дар гузаштаҳои дур, балки барои ояндаи он созгор аст. Қобили қайд аст, ки рӯзноманигорони мӯҳтарам, дар маҷмӯъ намояндагони тамоми ВАО таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баҳри фаъолияти самарабахш, барои аҳли сухан дар Тоҷикистони мо шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

3_guzorishi-zulola-2015.jpg

Агар дар даврони шӯравӣ дар ҷумҳурӣқариб 100 рӯзномаву маҷалла фаъолият мекард, имрӯз то январи соли равон теъдоди рӯзномаҳо дар ҷумҳурӣ ба 329 адад расидааст, ки 210-тояшон рӯзномаҳои хусусӣ мебошанд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ тедоди зиёди воситаҳои электронии ахбор фаъолият доранд, ташкилоту зиёд муассисаҳову вазорате нест, ки сомонаи интернетӣ надошта бошанд. Маводҳои рӯзноманигорон мунтазам дар сомонаҳои интернетӣ пешниҳод мегарданд.

Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки рӯзноманигорони мо дар тамоми бахшҳои иқтисоду сиёсату фарҳанги кишвар саҳми муносиб доранд ва дар инъикоси масоили рӯзмарра бетараф нестанд. Масъулияташонро дар шароити демократия, баланд бардоштани сатҳи демократия, беҳдошти ҷомеа ва ташаккул додани афкори солими ҷомеа софдилона адо намуда истодаанд. Проблемаҳои зиёди рӯзгори имрӯза, баланд гардидани фазои ҷаҳонишавӣ, барқосо паҳн гардидани ахбор дар тамоми ҷанбаҳо аз ҳамаи мо тақозо дорад, ки нисбати ҳар як андешаву афкори хеш хеле эҳтиёткор ва масъулиятшинос бошем.

Сухан, к-он аз сари андеша н-ояд,

Навиштанрову гуфтанро нашояд.

Ҳанӯз соли гузашта дар як вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буд, ки аҳли зиё бояд тамоми нерӯву имконияти худро барои баланд бардоштани сатҳи маърифтанокӣ, одобу ахлоқ, таҳкими забони ноби тоҷикӣ, тақвияти фарҳанги сиёсии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот ва рушди минбаъдаи кишвар равона намоянд ва ман аминам, ки аҳли матбуот байрақбардорони асосии қонеъгардонии илм дар ҷомеа мебошанд».

4_guzorishi-zulola-2015.jpg

Ба изҳори вазир, чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, аз қабили таҷлили 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 700-солагии аллома Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, пойтахти фарҳангии кишварҳои муштаракулманофеъ эълон гардидани шаҳри Кӯлоб моро интизор аст: «Ман боварии комил дорам, ки аҳли қалам, тамоми рӯзноманигорону кормандони ВАО дар инъикоси ин ҳодисаҳои муҳим барои баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа саҳми муносиб мегузоранд. Иди касбӣ муборак ва парвозҳои нави эҷодӣ дар рушди минбаъдаи ВАО-и кишвар насибатон бод, ҳамкасбони гиромӣ!».

Ин замон бо фармони вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз 4-уми марти соли 2015 таҳти №9 барои сазовор гардонидани мукофоти соҳавӣ барои хизматҳои арзанда дар рушду нумӯи соҳаи фарҳанг, матбуот, табъу нашр, саҳми муносиб ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ин кормандони соҳаҳои матбуот бо мукофоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - нишони Аълочии матбуоти Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд:

5_guzorishi-zulola-2015.jpg

Рустамов Музаффар - хабарнигори Агентии миллии иттиллотии Тоҷикистон «Ховар», Темиров Тошмат - сармуҳаррири рӯзномаи «Дустлик»-и ноҳияи Қӯрғонтеппа, Ҳалимова Ирина - муаллимаи забон ва адабиёти руси Академияи таҳсилоти олии Тоҷикистон, Аминов Парвиз - муҳаррири идораи иттилотии муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо», Холназаров Имом - мудири шӯъбаи табъу нашр ва китобхонаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Бахтиёр Ҳамдамов - сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ» ва Мирбозхонова Ҷамила - хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж». Воқеан, фаъолнокии ҳамкори азизамон Ҷамилаи Мирбозхон ва ин мукофот маро сари он боваре овард, ки беҳтаринҳо қадрдонӣ мешаванду бояд шаванд.

Орумбекзода ба ҳозирин рӯ оварда, изҳор кард, ки «теъдоди зиёди ходимони матбуот бо мукофотҳо сарфароз гардиданд, вале на ҳамаи онҳоро мо дар инҷо месупорем. Теъдоди муайяни онҳоро мо дастрас мекунем ва минбаъд аз тарафи кормандони вазорат он ба ҳама дастрас гардонида мешавад. Ба ҳама мукофотҳоро табрик мегӯям, ба ҳама барору комёбиҳо таманно дорам».

Сухан ба муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Б. Одинаев дода шуд. Номбурда ба саҳна барои сухани табрикотӣ ва супурдани ҷоизаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид.

6_guzorishi-zulola-2015.jpg

- Табрикоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Нуриддин Саидовичро ба шумо расонида, мехостам лаҳзае барои матбуотчиёни тоҷик сухани табрикотӣ бигӯям. Ман ёди даврони шӯравӣ кардам ва гуфтам, ки ин дар моҳи май буд-ку! Лек, шукрона, бо шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳақиқати таърих барпо карда шуд ва он нашрияи аввалине, ки бо забони тоҷикӣ дар Бухоро бо номи «Бухорои Шариф» соли 1912 ба чоп расид, ҳамин рӯз, 11-уми март будааст. Идҳое дорем дар 1-уму 3-юми май, лек, ба ҳар ҳол, 11-уми март, пеш аз Наврӯзи Аҷам рӯзноманигоронро ба ёд овардан ва аҳсант гуфтану табрик кардан фоли неки табиат ва пешаи азизи мову шумо мебошад,- гуфт дар табрикоти худ Одинаев.

Ӯҳамзамон афзуд: «Дӯстони азиз, имрӯз рӯзноманигорону кормандони ВАО, собиқадорони соҳаи матбуот иди касбиву фарҳангии худро таҷлил карда истодаанд. Аз ин фурсат истифода бурда, аҳли матбуоти кишварро табрик гуфта, барояшон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти эҷодияшон барору комёбӣ орзу менамоям. Ба ҳар яки шумо маълум аст, ки нақши ВАО дар ҳаёти ҷомеаи муосир хеле бузург аст. Аз ҷумла, вобаста ба нақшу мавқеи матбуот яке аз беҳтарин рӯзноманигорон ва саромадони матбуоти тоҷик устод Садриддин Айнӣҳанӯз дар ибтидои асри гузашта гуфта буд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надошта бошад, гӯё забон надорад».

7_guzorishi-zulola-2015.jpg

Дар ҳақиқат матбуот ва ВАО дар ташаккули афкори ҷомеа таъсири муассир мерасонад. Аз ин нигоҳ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа ва ҳалли мушкилоти ниҳодҳое, ки дар ҷомеа фаъолият доранд, фаъолона мусоидат менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар ин самт Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳама гуна ВАО ҳамкории густурда дорад. Ҳар ахбору маълумоте, ки марбут ба соҳаи маориф ба чоп мерасад, бетарафӣ зоҳир накарда, мушкилоти оид ба соҳаро мавриди баррасиву пайгирӣқарор медиҳад, ҷиҳати бартараф кардани онҳо чораҳои амалӣ меандешад.

Бинобар ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои ҳамкории пурсамар бо бахшҳои соҳаи маориф, инъикоси масоили мубрами соҳа дар матбуот, радио ва телевизион, тақвият, чоп ва пахши барномаҳо, холисона ошкор намудани мушкилоти мавҷуди соҳа, пешгирии ҳолатҳои номатлуб ва мусоидат баҳри бартарофсозии монеаҳои пешорӯ, ки журналистон дар ВАО бо мақолаҳо бамаврид баромад мекунанд, онҳоро қадрдонӣ намояд».

8_guzorishi-zulola-2015.jpg

Муовини вазир ҳамзамон афзуд: «Пеш аз он, ки ба қадрдонӣ мегузарем, боз як бори дигар шуморо ба муносибати иди матбуоти тоҷик аз номи вазири маориф ва илми Тоҷикистон, аз номи ҳайати мушовараи вазорат бо самимият муборакбод гуфта, бароятон сиҳатӣ, рӯзгори обод ва қалами бурову нерӯи нави эҷодӣ таманно мекунам».

Бо нишони Аълочии фахрии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсупов Насрулло аз шабакаи якуми телевизион, Ҳарамгули Қодир аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм мукофотонида шуданд ва Юсупова Мадина аз радиои «Садои Душанбе». Бо сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо», муассисаи давлатии телевизиони «Баҳористон», Радиои Тоҷикистон, радиои «Садои Душанбе», рӯзномаи «Ҷумҳурият», ҳафтаномаи «Тоҷикистон», ҳафтаномаи «Нигоҳ», ҳафтаномаи «Фараж», Агентии миллии итилотии Тоҷикистон «Ховар» сарфароз гардиданд.

Ҳозирбудагон мукофотҳои худро бо қаноатмандӣқабул намуданд ва касе ҳам садо дардод, ки «ана, боз беҳтаринҳоро шинохта, мукофот додаанд»-у муовини вазир иловатан гуфт, ки ҳатман онҳое ҳузур надоранд, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барояшон дастрас мешавад.

9_guzorishi-zulola-2015.jpg

Аз ҷониби ровиён ин дам огоҳ гардонида шуд, ки «дар ин рӯзи мубораки аҳли матбуот, аҳли қалами кишвар, ба хотири болидарӯҳии мову шумо дӯстони азиз, ҳунарпешаҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев хидматгузорони маҳфили ин шоми моянд». Ва баъд аз садо додани як навои дилангез ҳамоно бо садои нотакрораш Афзалшоҳ Шодӣ ба саҳна омаду хонд:

… Баски коми тоҷиконро бо сухан бардоштанд, бардоштанд,

Боз ояд шоиру шеъру пасованди дигар…

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбар Саттор ба саҳна хонда шуд, ки гуфт:

- Ман 9 сол аст, ки ҳамчун раиси Иттифоқи журналистон ба ҳамин минбар мебароям. Аз як ҷониб камтар ҳарос дорам, аз ҷониби дигар, камтар ифтихор. Зеро озмунҳое, ки мо аз тарафи Иттифоқи журналистон эълон мекунем, ҳамасола боиси гапу суханҳои зиёд мешаванд. Озмун озмун аст, шартҳои худро дорад. Аминам, ки ҳар касе дар инҷо нишастааст, ба ҳамон чизҳое, ки мо эълон мекунем, сазовор аст.

Раиси журналистон хушгӯӣҳам кард, ки «баъзан мехоҳам яку якбора ба ҳама ҷоиза диҳаму ҷонам халос шавад». Сипас афзуд: «Ман пеш аз ҳама ба журналистоне, ки дар инҷо ҳастанд ва дар инъикоси рухдодҳои сиёсиву фарҳангӣ саҳм доранд, хоса барои инъикоси интихоботи гузашта, изҳори сипос мекунам».

Акбар Саттор бо ваҷоҳати нимшӯхиву нимҷиддӣ далели аҷиби дигаре овард, ки «дар телефони ман, ки як телефони бисёр оддӣ аст, чандто паёмак омада буд. Азбаски ҳ-ву ғ нест, як чизи аҷоиб омад. Аз ҳамин сар мекунам…».

Касе буд, ки шояд таҳдидҳо ба рӯзноманигори тоҷик Аҳмади Иброҳимро ба хотир оварда, гуфт: «Аз Сурия наомада бошад?».

Акбар Саттор ҳамаро гӯшу ҳуш карду хандонд:

- Қалам гуфто, ки ман шохи ҷаҳонам.

Яке ҳам садо кард, ки «sms-и Раҷаби Мирзост!».

Акбар Саттор афзуд: «Журналистон мешавад, ки қаламро ҳамчун силоҳ, ҳамчун шох истифода мебаранд. Қалами матбуоту иттилоот, журналистони мо бигузор шоҳи ҷаҳон бошанд. Барои созандагии ҷомеа, барои созандагии миллати мо, барои созандагии ин Ватане, ки мову шумо обод карда истодаем, шуҷоат нишон диҳем. Ҳамин чизро мо агар дошта бошем, сазовори ҳама гуна ҷоизаҳо буда метавонем. Пеш аз ҳама барои хизматҳои арзишманд ва пурсамари журналистӣ дар соҳаи матбуоти тоҷик бо мукофоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ду нафар аз собиқадорон қадрдонӣ шуданд, ки яке Ҷамоли Абдулҳай, ба қавле, аз соли 1967 узви Иттифоқҳастанд».

Акбари Саттор ҳамзамон эълом дошт, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамсола бо факултаи журналистикаи ДМТ ҳамкорӣ мекунад ва ҷоизаи журналистони ҷавон ба номи Воҳид Асрориро тӯҳфа менамояд. Дар ин бахш ба Рухшона Ҳакимова, барои чопи матолибаш дар ҳафтаномаи «Фараж» (соли 2014) ва ба Одил Нозимов барои силсиламаводҳо дар нашрияҳои «Тоҷикистон»-у «Ҷумҳурият» (соли 2014) дипломҳо дода шуду раиси Иттифоқи журналистон хушҳолона гуфт: «Боистеъдодҳо ҳастанд ва мо ҷавононро ҳамеша дастгирӣ мекунем».

Раиси журналистон ҳамзамон қайд кард: «Пеш аз он, ки ҷоизаи Лоҳутиро эълон кунам, эълон медорам, ки як қатор вазорату муассисаҳо озмунҳои соҳавиро барои журналистон пешбинӣ намудаанд ва ҳар касе аз озмунҳои пешинаи мо бенасиб мондаанд, омада аз Иттифоқи журналистон ва сайти он шартҳои озмунро гиранду ширкат варзанд».

Ҳамин тавр, дар бахши телевизион Нигинаи Мумин - корманди телевизиони «Сафина», дар бахши радио Абдулғаффор Убайдуллоев, дар бахши илм ва таълими журналистика Масрури Абдулло ва Сироҷиддин Икромӣ, дар бахши матбуот Абдувоҳиди Зевар ва Эркин Шукур барандагони ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2014 шуданд.

Воқеан ҳам, дар пайи баҳсҳое, ки баъд аз додани ҷоизаи Лоҳутӣҳамасола ба миён меомад, ин дафъа нидоҳои рӯзноманигорон гувоҳи ҳол буд, ки «хеле арзандаанд, ҳалолашон бод!». Хоса ин гуфтаҳо дар нисбати Нигинаи Мумин, ки ба қавле соли гузашта пешниҳодаш нагузаштаву имсол бе пешниҳод, «бо қолабшиканӣ» арзандааш донистанд ва Масрури Абдуллоҳу хосатан Абдувоҳиди Зевар зиёд садо медод. Бале, Абдувоҳиди Зеваре, ки бо «Зангӯла»-ву «Чашма» ва осори кӯдакона пешгом ҳастанду дар як сӯҳбат аз бепарвоии Иттифоқи журналистон нисбати матбуоти бачагона ҳарф ҳам зада буданд. Инак, ҳарфашон ба гӯши масъулон расид, ки қадрдонӣ шуданду нишоташонро пинҳон дошта натавониста, дар саҳна дастфишонӣ мекарданд.

Ба гуфтаи Акбари Саттор, ҳар озмуну ҳар ҷоиза қадаме ба пеш  аст: «Албатта, аъзои Иттифоқ баъзан бо ман баҳс мекунанд барои тасмиме гирифтан. Мегӯям, ки 80 фоизаш шаффоф аст, 20 фоизаш ҳаққи шумо. Саломат бошеду муваффақ!».

Инак, навбат ба ҳунармандон дода шуд ва баъд аз лаҳзаи мусиқӣ аз ҷониби ровиён зикр ҳам шуд, ки:

Сухан ба назди сухандон бузургвор бувад,

Зи осмон сухан омад, на хок бувад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки дар ҷашни мубораки имсола Вазорати фарҳанг дар бахши рӯзноманигорӣ чандин нафаронро қадрдонӣ намуд. Барои супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳои таъсиснамудаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳна муовини вазир Бунафша Одинаеваро даъват намуданд.

Эълом гардид, ки бо фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Асоев Қурбонмурод - сармуҳаррири нашрияи «Ҳисори Шодмон», Адолат Умарова - сармуҳаррири ҳафтаномаи «Миллат», Одилбекова Гулнисо - хабарнигори нашрияи «Набзи Хуҷанд», Назири Нусрат - сармуҳаррири рӯзномаи «Имрӯз-нюс», Сафарова Асалмоҳ - сармуҳаррири нашрияи «Хатлон», Алиев Муҳаммадназар - муҳаррири нашриёти «Ирфон», Саидов Шавкат - котиби матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Шаҳлои Насриддин - сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», Ёқубҷонов Ҳомидҷон - сармуҳандиси корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷанд», Абдуллоев Садриддин - хабарнигори нашрияи «Паёми Ҷиргатол» бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шаванд.

Бо дипломҳои Вазорати фарҳанг рӯзномаи «Ҷумҳурият», муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», ҳафтаномаи «Фараж», Агентии «Ховар», нашрияи «Марзбон», рӯзномаи «Согдийская правда» аз вилояти Суғд ва чандин расонаву рӯзномаҳои дигар сарфароз гардонида шуданд. Бо тӯҳфаҳои хотиравии китобҳои тозанашр Кенҷаева Латофат - собиқадори соҳаи рӯзноманигорӣ ва Ҷумаев Гулбег - собиқадори соҳаи матбуоти вилояти кӯҳистони Бадахшон сарфароз гардиданд.

Тавре мебинед, бо вуҷуди гуфтугӯҳои солҳои ахир, ки гӯё ҷоизаҳо бештар ба расонаҳои давлатӣ дода мешаванд, баръакс, ин ид иди МТЖТ будааст. Аълочии матбуот гирифтани хабарнигори «Фараж» Ҷамила Мирбозхонова, Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрории Рухшона Ҳакимова, ду мукофоту дипломи «Фараж» ва беҳтарин ҷоиза - ҷоизаи Лоҳутӣ ба ҳамкори МТЖТ Абдувоҳиди Зевар.

Хонум Бунафша Одинаева ҳам, ки дар байни ҷомеа чун шахсияти масъули давлативу фарҳангӣ обрӯ дорад, шодишарикиашро ниҳон дошта натавониста, арз кард:

- Гарчанде ба ман сухан надоданд, миннатдор ҳастам аз тамоми ширкаткунандагони чорабинии имрӯза. Мехоҳам боз як бори дигар табрику таҳният гуфта, бо супурдани ин тӯҳфаҳои хотиравӣ бароятон муваффақият хоҳам. Саломат бошед!

Дар фарҷом бо супурдани тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ровиён таманно доштанд, ки «дастони шумо ҳаргиз дардро набинанд, қаламкашони сарбаланд. Бигузор дастони шумо хома ба каф ҳамеша мазраи эҷод, мазраи меҳру муҳаббат ва садоқату хизмат ба халқу диёри азиз, Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр бошанд!».

Зулолаи НУР, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi